«Наврўзнома»-и Абурайҳони Берунӣ (Наврўз, пайдоиши он ва масъалаи соли қабиса дар «ал-Осор ал-боқия»)
- Чоршанбе, Ян 25 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме дар баробари усулу воситаҳои дигари таъсиррасон ба ҷаҳонбинии ҷавонони имрўза аст, ки онҳоро аз роҳи талқин аз тақлид ба ҳаракатҳои ифротиву тундрави сиёсиву динӣ берун мекашад ва барои ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад. Падидаҳои бузурги фарҳангӣ ва илмӣ ҳамонанд, ки оламшумул бошанд, онҳо сарҳадҳои сохтаро убур кунанд ва барои тамоми ҷаҳониён бе тафовут аз ирқу нажод ва забону тамоили сиёсӣ хидмат намоянд. Падидаи миллӣ ва дар айни замон ҷаҳоншумул будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳир, ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуби мазҳабиву минтақавӣ дар таблиғу интишори илм кўшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Осори ҷовидонаи илмии онон дар Шарқу Ғарб баҳои сазовор гирифта, дар донишгоҳҳои онҷо таълим дода шуда ба ҳамин васила дар тўли асрҳои зиёд барои пешрафт ва шукуфоии инсоният хидмати босазо расонидааст. Абурайҳон Муҳаммад ибн Аҳме́д ал-Берунӣ дар шаҳри Киёти Хоразм 4 октябри соли 973 таваллуд шуда баъди умри бобаракат ва пур аз фарозу нишеб 9 декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнии (Афғонистоин ҳозира) ин олами фониро падруд гуфтааст. Беруни мутафаккири бузурги тоҷику форс, ки асли решаи эронии хоразмӣ дорад, ў чандин асарҳои илмӣ оид ба таърих, ҷуғрофӣ, илми адаб (филология), нуҷум, илми ҳисоб, илми механика, геология ва минералогия, ва инчунин минералогия, фармакология (дорушиносӣ), илми омўзишҳои куҳӣ (геология) ва ғ. Офаридааст. Соли 2022-2023 тибқи қарори ЮНЕСКО дунёи мутамаддин ҷашни бузургдошти 1050 солагии Абурайҳони Беруниро ботантана қайд мекунад.
Дар ин мақола тасвири пайдоиш, бузургдошти ҷашни Наврўз дар Эрони бостон ва даврони ислом, инчунин, аҳамияти масъалаи соли қабиса (високосный год) аз нигоҳи Берунӣ ба таври мухтасар баррасӣ карда мешавад. Абурайҳони Берунӣ аз ин мавқеъ осори илмии худро бо истифодаи фаровон аз тамоми манбаъҳои дастраси замони худ, ки аз юнониву сириёнӣ ва баъдан ҳиндӣ ба арабӣ гардонида шудаанд, таълиф кардааст. Дар «ал-Осор ал-боқия»-яке аз асарҳои беназири Абурайҳони Берунӣ, ки аз ифтихороти беназири фарҳангии мардумони тоҷику эронӣ ба шумор меравад, дар кулл ба илми гоҳшиносӣ (хронология) ихтисос дорад, дар бораи тақвиму иду айёми мардумони олам аз даврони қадим то замони муаллиф сухан меравад. Тарзе, ки муҳаққиқи ин асари Берунӣ Акбари Доносиришт қайд мекунад: «Пеш аз Берунӣ ин масоил (ки мавриди баҳси «ал-Осор ал-боқия» аст – А.Ҳ.) ба таври пароканда дар кутуби таворих ва дафотири нуҷумӣ навиштаҳои мазҳабии милал мавҷуд буда ва ҷамъоварии ин иттилоот ва диққату иҷтиҳод дар онҳо ва санҷидани ин ақвол бо миқёсҳои таърихӣ ва аҳёнан бо мизонҳои илмӣ ва сурати ваҳдонӣ бахшидан ба ин баҳсхо кори мардест, ки ҷаҳони фартут монанди ўро дар кўшишу ҳуши худодод ва эътиқод ба ҳақиқат камтар дидааст»[1]
Маълумоте, ки муҳаққиқон аз «ал-Осор ал-боқия» ба даст меоранд, воқеан назирашон дар навиштаҳои дигарон нест ва қисме аз манбаъҳо, ки мавриди истифодаи Абурайҳон буда имрўз аз миён рафтааст. Барои таъкиди аҳамияти китоби мазкури Абурайҳон Берунӣ муҳаққиқи эронӣ чунин менигорад: «…мо эрониён (тоҷикон) аз Берунӣ сипосгузорем, ки нагузошт маълумоти бисёр арзанда дар бораи аъёду айём ва таворихи марбут ба Эрон фаромуш шавад ва агар кори ў набуд ин қисматҳо низ аз хотирҳо мерафт».[2]
Дар интихоби манбаъҳо эҳтиёткории зиёд намудани Абурайҳони Берунӣ ва сараро аз носара ҷудо кардани ў аз ин навиштаҳои ў ошкор мегардад. Ба таври мисол, дар тасвири гоҳшиносии тоҷикону эрониён Берунӣ ба худи сарчашмаҳои зардўштиён муроҷиа мекунад: «Яксара он чиро, ки дар зичҳо нигоштаанд, канор мегузорем, зеро нависандагони ин дафотирро таваҷҷуҳ ва инояте ба ин айём набуда ва дар аксари ин кутуб ба нақл аз нусхаҳои фосид, ки бештари онҳо сохтагӣ аст, кифоят шуда. Ва ман он чиро, ки аз ноҳияи худи зардуштиён ба даст овардаам, ки барои эътиқоди динӣ таваҷҷуҳи хос ва инояти махсус ба ин рўзҳо доштаанд, дар ин ҷо нақл мекунам. Дар кутуби Родвайҳ ибни Шоҳвайҳ ва Хуршед ибни Зиёр – мубади Исфаҳон ва Муҳаммад ибни Баҳром матолибе дар ин баҳс ёфтам, ки маро аз дигар мароҷеъ бениёз карда ва онҳоро дар ин ҷо бозгў мекунам».[3]
Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ба ҷашни Наврўз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди эрониён, суғдиён ва хоразмиён ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзўи Наврўз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор асоснок мекунад. Аз ҷумла: «Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва фарвардинмоҳ аввали тобистон ва тирмоҳ аввали поиз ва меҳрмоҳ аввали зимистон ва даймоҳ аввали баҳор буд.
Бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури динӣ. Аммо умури дунявӣ идҳои муқаддасе аст ва рўзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони дин онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дўстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме қарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рўзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рўзии фуқароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми диниро диноварон ва шоирони онон аз пешвоёни мазҳабӣ ва фақеҳону диндорон вазъ карданд ва мақсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди мақсуд ва ғоят аз вазъи рўзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рўзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».[4]
Дар ҷавоб ба андешаи муғризонаи баъзе аз ҳамватанони мо, ки ҷашни Наврўзро бо тамаддуни ислом муқобил мегузоранд, инҷо чанд мисол мезанем. Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд. Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврўз сухан оғоз мекунад. Ба андешаи Берунӣ ҷашни Наврўз ҳам дар назди яҳудиён ва ҳам дар назди мусулмонон азиз буд.
Абурайҳон Берунӣ қиссаҳои зиёдро, ки ба пайдоиши Наврўз дар замони Ҷамшед ва оинҳои наврўзӣ алоқамандӣ доранд, баён менамояд. Аз ҷумла, оид ба пайдоиши суннати сабзондани гандум, ки имрўз дар байни мардуми мо ривоҷи тамом дорад, Абурайҳони Берунӣ дар ин робита ривояти зеринро меорад: «…Иблиси лаин баракатро аз мардум бурда буд, ба андозае, ки ҳар чи аз хўрданиву ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки сабаби рўидани набототу дарахтон шавад ва наздик буд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷамшед ба амри Худованд ва роҳнамоии Ў ба қасди манзили иблис ва пайравони ў ба сўи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин мушкилро бартараф намуд. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ҷамшед дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рўзе монанди офтоби тобон шуд ва нур аз ў метофт. Ва мардум аз тулуи ду офтоб дар як рўз шигифт намуданд. Ва дар ин рўз ҳар чўбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд: «Рўзи нав». Ва ҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рўз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рўзи Наврўз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла дар ҳафт табақ бикоранд ва аз рўидани ин ғаллаҳо хубиву бадии зироат ва ҳосил дар ин солро муайян кунанд».[5] Бояд зикр намуд, ки ин расми хуби сабзонидани ҳафт навъ аз ғалла пеш аз фарорасидани Наврўз то ҳанўз ҳам дар минтақаҳои кўҳистони тоҷик зинда аст.
Чун дар ин мақола мо имкони гунҷондани тамоми он чиро, ки Берунӣ дар бораи Наврўз менависад, надорем, бо овардани масъалаи марбут ба мавзўи хироҷи наврўзӣ, ки дар қадим подшоҳон аз раият меситондаанд, баррасии Наврўзро дар «ал-Осору-л-боқия» хулоса мекунем. Ин мисол аз ҷамъоварии хироҷи наврўзӣ дар замони Аббосиён аст. Дар он замон ҳокимони мусулмон аз гоҳшиносии эронӣ дур шуда буданд, шумори рўзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабисаро[6] дуруст тасаввур намекарданд, дар вақти мувофиқ ҷашн нагирифтани он ва ҷамъоварии нодурусти хироҷ мухолифати мардумро ба вуҷуд меовард. Нақл аз забони Берунӣ чунин аст:
Мутаваккили Аббосӣ дар шикоргоҳи худ машғули гардиш буд, ногоҳ ба киштзоре расид, ки ҳанўз хўшаҳои он нарасида буд ва мавқеи дарав нашуда буд. Ва гуфт: Убайдулло ибни Яҳё (вазири халифа А.Ҳ.) аз ман иҷоза хост, ки аз мардум молиёт ва хироҷ биситонад, бо он ки ҳанўз ҳосил ба даст наёмада ва ғалла сабз аст ва мардум аз куҷо биёваранд, ки то ба мо хироҷ диҳанд. Дар посух арза доштанд, ки ин кор зиёнҳои фаровон ба мардум ворид сохта ва раоё матои дастранҷи худро пешфурўш менамоянд, то хироҷи девонро бипардозанд. Ва дастае ҳам чун аз пардохти молиёт нотавон ҳастанд, аз ватани модарзоди худ кўч мекунанд ва мардум аз ин кор бисёр шикоятҳо доранд.
Мутаваккил гуфт: Оё ин кор дар аҳди ман шуд, ё пеш аз ман ҳам буд? Гуфтанд, ки ин кор аз одатҳои подшоҳони Эрон аст, ки дар аввалҳои Наврўз аз раоёи худ хироҷ меситонанд ва подшоҳони Эрон дар ин кор пешрав ва сармашқи мулуки араб шуданд.
Мутаваккил чун ин посухро шунид, бифармуд, то мубадро ҳозир карданд ва ба мубад гуфт, ки дар ин масъала бисёр гуфтугў шудааст, ман ҳам наметавонам аз русуму одоти подшоҳони Эрон по берун ниҳам. Ва бо он ки подшоҳони Эрон мардуми боотифа ва раиятпарвар буданд ва ба адл машҳури ҷаҳониён ва ҳамвора дар кори мардум назар доштанд, чаро дар аввали Наврўз, ки ҳанўз хирман ба даст наёмада, аз раияти худ хироҷ мегирифтанд?
Мубад арза дошт: Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми Наврўз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврўз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст омада буд.
Мубад арза дошт: Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми Наврўз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврўз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст омада буд.
Мутаваккил гуфт: Чи тавр чунин чизе нишон дорад? Мубад чигунагии солҳо ва шумори рўзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабиса барои Мутаваккил баён кард. Ва гуфт: Эрониҳо ҳамвора солро кабиса мекарданд ва чун дини ислом омад ва салтанати моро аз миён бурд, кабиса аз байн рафт. Ва ин аҳамият надодан ба кабиса аст, ки сабаби зиёни мардум шудааст.
Ва деҳқонон дар аҳди Ҳишом ибни Абдулмалик дар назди Холиди Қасрӣ ҷамъ шуданд ва барои ў шарҳ доданд, ки саҳлангорӣ дар амри кабиса боиси зиёнҳои бисёр шуда ва аз ў дархост карданд, ки як моҳ Наврўзро ба таъхир андозад. Холиди Қасрӣ аз баровардани ҳоҷати деҳқонон шона тиҳӣ кард ва ин хабарро ба Ҳишом ибни Абдулмалики Умавӣ навишт.
Ҳишом посух дод, ки ман метарсам ин кор дар шумори насӣ бошад, ки Худованди таоло фармуда : «Насӣ – зиёдат дар куфр аст».[7]
Ва чун рўзгори Ҳорунаррашид расид, низ мардум ба даргоҳи Яҳё ибни Холид ибни Бармак ҷамъ шуданд ва аз ў дархост карданд, ки ду моҳ Наврўзро ақиб биандозад. Ва Яҳё тасмим гирифт, ки ҳоҷати эшонро бароварад, вале душманони Бармакӣ суиқасде ташкил доданд ва гуфтанд, ки «Яҳё барои маҷусият, ки кеши падаронаш буда, таассуб харҷ медиҳад». Ин буд, ки Яҳё низ аз ин кор сарфи назар кард ва ҳамин тавр амри кабиса бимонд.
Пас аз он, ки суханони мубад тамом шуд, Мутаваккид Иброҳим ибни Аббоси Сулиро ба дарбор даъват кард ва ўро амр намуд бо мубад дар бораи Наврўз ҳамроҳӣ кунад ва рўзҳоро бишуморад ва қонуни тағйирнопазире вазъ намояд. Ва аз тарафи Мутаваккил ба ҳамаи шаҳрҳо бинависад, ки Наврўзро таъхир биандозанд.
Ва чун Иброҳим ибни Аббоси Сулӣ бо мубад нишастанд ва ҳисоб намуданд ва бар ин азм шуданд, ки Наврўзро ба ҳафдаҳум биандозанд. Ва Мутаваккил низ ин раъйро писандид ва ба офоқу атрофи кишвар номаҳо навиштанд, ки ҳокимон низ чунин кунанд. Ва ин воқеа дар муҳаррами дусаду чилу сеи ҳиҷрӣ буд.[8]
Абурайҳони Берунӣ дар баёни чигунагии кабиса кардан, мавзўи насӣ ва баёни маънои он назди арабҳои даврони ҷоҳилият маълумоти фаровони илмии таърихии муфид, чунон, ки ба навиштаҳои ин мутафаккири бузург хос аст, тақдим медорад.
Муайян кардани соли қубиса ва ба низом овардани тақвим аз вазифаҳои муҳими илми гоҳшиносӣ (календар) ба ҳисоб меравад. Барои муайян намудани аҳамияти чунин гузориши Абурайҳони Берунӣ ва муқоиса бо замони нав чунин маълумот меорем. 1 январи соли 45 пеш аз милод диктатори Рум Гай Юлий Сезар тақвимеро, ки дар Рум астрономҳои Искандария бо роҳбарии Сосигенес таҳия карда буданд, ҷорӣ намуд, ки ба он асос ёфтааст, ки соли астрономӣ тақрибан ба 365,25 рӯз (365 рӯзу 6 соат) баробар аст. Ин тақвими Ҷулианӣ номида шуд. Он бо мақсади баробар кардани муҳлати шашсоата соли кабиса чорй карда шуд. Се сол ҳамчун 365 рӯз ҳисоб карда мешуд ва дар ҳар сол дар моҳи феврал як рӯзи иловагӣ (29 феврал) ба чор маротиба илова карда мешуд. Қайсар пас аз ду соли ҷорӣ шудани тақвими нав кушта шуд, соли дуюми кабиса пас аз марги ӯ оғоз ёфт. Шояд ин далелро мефаҳмонад, ки коҳинон, ки барои кори тақвим масъул буданд, принсипи ҷорӣ кардани як рӯзи иловагӣ дар ҳар соли чорумро нафаҳмиданд ва ба ҷои он ҳар се сол як рӯзи иловагӣ дар моҳи феврал ҷорӣ карданд (фарз карда мешавад, ки онҳо аз соли пеш аз соли кабиса чорум хисоб карда шуд). Дар тӯли 36 сол пас аз қайсар, ҳар як соли сеюм як соли кабиса буд ва танҳо пас аз он император Август пайдарпайии дурусти солҳои кабисаро барқарор кард (ва инчунин чанд соли кабисаи минбаъдаро барои бартараф кардани тағироти ҷамъшуда бекор кард).
Барои ҷуброни хатои ҷамъшуда ва пешгирӣ кардани чунин тағирот дар оянда, дар соли 1582, Папа Григорий XIII тақвимро ислоҳ кард. Барои он ки соли миёнаи тақвимӣ ба соли офтобӣ беҳтар мутобиқ карда шавад, қарор дода шуд, ки қоидаи соли кабиса тағйир дода шавад. Мисли пештара, соли кабиса вуҷуд дошт, ки шумораи он чанд ба чор аст, аммо барои онҳое, ки ба 100 баробар буданд, истисно карда шуд. Чунин солҳо танҳо вақте ки онҳо ба 400 тақсим мешаванд, солҳои кабиса буданд. Ба ин ҳисоб солҳои охири асрҳое, ки бо ду сифр ба охир мерасанд, дар се маврид аз чор маврид солҳои кабиса нестанд. Ҳамин тавр, солҳои 1700, 1800 ва 1900 солҳои кабиса нестанд, зеро онҳо чандкаратаи 100 мебошанд ва на ба 400. Солҳои 1600 ва 2000 солҳои кабиса мебошанд, зеро онҳо ба 400 баробар мебошанд. Солҳои 2100, 2200 ва 2300 соли кабиса нест. Дар солҳои кабиса як рӯзи иловагӣ ҷорӣ карда мешавад – 29 феврал. Соли кабиса 2020 буд, соли қабисаи оянда 2024 хоҳад буд.[9]
Хонандагони тоҷику тоҷикистонӣ, албатта, бо чопи русӣ дар Тошканд ва чопи тоҷикӣ дар Душанбе анҷом додашудаи «Осор-ул-боқия» ошноӣ доранд,[10] вале ба андешаи ин ҷониб бисёр кори шоиста аст, ки ҳар чи Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ва дигар асарҳои тақвимиву ситорашиносӣ дар бораи Наврўз нигоштааст, аз ин асарҳо берун оварда шаванд ва дар шакли китоби алоҳида бо номи «Наврўзномаи Берунӣ» интишор ёбад.
Мероси фарҳангиву илмии замони гузашта дар бойгонии халқи тоҷик ва дигар мардуми эронасли замони ҳозира хеле ғанӣ аст ва зарур аст, ки ҳарчи тезтар ин мерос мавриди омўзиши амиқ ва ҳаматарафа қарор гирифта шавад то насли имрўза аз ин осор огоҳии бештар дошта бошад ва бо ин осор ифтихори миллӣ дошта бошад. Бояд иқрор кард, ки пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме аст, ки дар баробари усулу воситаҳои дигари таъсиррасон ҷаҳонбинии ҷавонони имрўзаро васеъ намуда онҳоро аз тақлид ба ҳаракатҳои тунрави динӣ берун мекашад ва барои ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад.
Аҳмад Ҳоҷиев – н.и.ф., ходими пешбари илмии Маркази синошиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
[1] «Осору-л-боќия» таълифи Абурайњон Берунї, тарљумаи Акбари Доносиришт, Тењрон, 1377, муќаддима, сањифаи бисту панљ.
[2] «Осору-л-боќия», муќаддима, сањифаи бисту шаш.
[3] Осору-л-боќия» таълифи Абурайњон Берунї, тарљумаи Акбари Доносиришт, Тењрон, 1377, с. 323.
[4] Осору-л-боќия» таълифи Абурайњон Берунї, тарљумаи Акбари Доносиришт, Тењрон, 1377, с.324.
[5] «ал-Осору-л-боќия» таълифи Абурайњон Берунї, тарљумаи Акбари Доносиришт, Тењрон, 1377, с. 330.
[6] Соли кабиса (форсї سال کبیسه) — соле ки тибқи қоидаи нуҷумӣ як рӯз ба моҳи охири он изофа шавад, ки ҳар чаҳор сол як бор иттифоқ меуфтад ва дар он фузунии 365 рӯзро, ки 5 соату 49 дақиқа аст ҷамъ карда ва як солро 366 рӯз мегиранд.Фарњанги Амид.
[7] Ќуръони карим. Сураи Тавба, ояти 37. Матни асл ва тарљумаи маъноњои он ба забони тољикї. Матни тарљумаи тољикї ва тавзењоти Муњаммадљон Умаров. Муњаррирони масъул: Саиднуриддин Шањобуддинов ва Файзулло Бобоев. – Душанбе, «Ирфон», 2007.
[8] Осору-л-боќия» таълифи Абурайњон Берунї, тарљумаи Акбари Доносиришт, Тењрон, 1377, с.51-52.
[9] Високосный год// Великий князь — Восходящий узел орбиты. — М. : Большая российская энциклопедия, 2006. — С. 387. —гл. ред. Ю.С.Осипов; 2004—2017, т. 5)
[10] Абурайњон Берунї. Осор-ул-боќия. Ба чоп тайёркунандагон: Алиќул Девонаќулов, Муњаммадрањими Исо, Одина Њамид, Мењримоњ Баќо. Душанбе. Ирфон, 1990, 432с.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции