casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Ислоҳоти хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон: масоил ва дурнамо 

  Ҷомеаи Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии таъсиси Артиши Миллӣ қарор дорад. Барҳақ, таъсиси артиш яке аз омилҳои ҷавҳарии ба даст овардани оташбас, бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, воқеан қадам ниҳодан ба дарёфти Истиқлоли миллӣ ва рушду ободии кишвар гардид. Аз ин сабаб, кулли хонандагонро ба ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, тани сиҳат, хонаи обод ва амали шудани ҳама орзуҳояшонро таманно дорам.
Артиш дар ҳаёти кишварҳои ҷаҳон нақши ниҳоят муҳим дошт ва дорад. Давлатҳои аввалине, ки дар ҷаҳон ва ҳудуди Тоҷикистони муосир ба вуҷуд омадаанд, ҳамеша ба артиш ниёз доштанд ва аз нерўи артиш вобаста буданд. Чӣ Шоҳнома ва чи дигар асарҳои таърихӣ аз ин ҳикоят доранд. Артиш якбора вазифаи танзими тартибот, пулис, ҳифзи  сарҳад, ҷанг бо дигар кишварҳоро ба зимма дошт. Муфассал ...
Хондан 314 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ватандорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеаи маданӣ

   Абуалӣ ибни Сино яке аз рисолаҳои илмиву фалсафии худро- «Зинда писари Бедор» (Ҳай ибни Яқзон») номидааст, ки маънои он ин аст, ки маҳз ақли зинда роҳнамои инсон ва инсоният аст, ки ниёзҳои инсони воқеиро бо арзишҳои абадият пайванд медиҳанд. Тамоми зиндагӣ ва осори энсиклопедии Шайхурраис ба рушд ва ташвиқу тарғиби илм ва ҷаҳонбинии илмӣ бахшида шуда буд. Воқеан шахсият ва осори Ибни Сино имрўз ҳам барои миллати мо чун улгу (модели) пешрафт хизмат мекунад. Вижагии замони мо иборат аз он аст, ки ҷомеаҳои муосири рў ба тараққӣ ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) оварда дар татбиқи ақл ва ақлоният, истифодаи оқилона аз имкониятҳои илм то андозае ба мушкилот мувоҷеҳ мешаванд. Ҳоло бояд ин нуктаро пазируфт, ки вожаи бархурди «оқилона» дар ҳаёт дар айни замон иртиботи мустақим бо ахлоқ дорад. Яъне инсони оқилу донишманд бояст, ки дорои ахлоқи ҳамида бошад. Агар илму ақл кафили пешрафт ва шукуфоии фардиву иҷтимоӣ бошанд, ахлоқ кафили суботи иҷтимоиву сиёсист, яъне додаҳои донишҳо бояд дар бистари ахлоқ парвариш ёбанд. Муфассал ...
Хондан 365 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Артиши миллӣ - муҳофизи Ватан ва гарави ҳаёти осоишта

Бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Мафҳум ё вожаи «артиш» ҳаммаънои мафҳуми «армия» мебошад, ки аз забонии лотинӣ ба маънои «мусаллаҳ кардан» ва «яроқнок гардонидан» мебошад. Пеш аз он ки мо ба моҳияти артиш, яъне артиши як давлат сухан ронем, бевосита бояд мафҳуми «давлат»-ро дарк намуд. Давлат аз ҷониби илмҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз он ҷумла таърих, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба таври мухталиф маънидод карда мешавад. Барои мисол давлат аз нигоҳи илми таърих – «ин ташкилоти сиёсиест, ки ҷамъиятро ба воситаи сохторҳои махсуси маъмурӣ ва низомӣ идора мекунад»; аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Инчунин давлат ин ташкилоти ҳокимияти ҷамъият буда, дастгоҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дошта, салоҳияити худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ҳар як давлат аз нигоҳи сиёсӣ, ки низоми сиёсӣ ва ҳокимияти сиёсии худро идора мекунад ва барои ҳифзи тартиботи дохилӣ ва ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, манфиатҳои миллӣ дар дохил ва берун ниёз ба як мақомоти низомӣ ва қудратӣ дорад. Ба чунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ аз нигоҳи илми сиёсии муосир - артиш, суд ва полисия дохил мешавад. Муфассал ...
Хондан 391 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду нумуъ қарор дошта, марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони низомӣ имрўз Артиши миллии Тоҷикистон аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи пиёдагарди минтақа ба ҳисоб меравад, ки сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шудааст. Муфассал ...
Хондан 269 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia