Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷумъа, Фев 17 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду нумуъ қарор дошта, марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони низомӣ имрўз Артиши миллии Тоҷикистон аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи пиёдагарди минтақа ба ҳисоб меравад, ки сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шудааст.
Баъди фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ — сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун бунёдгузори артиши миллӣ ва дигар сохтору воҳидҳои низомии кишварамон муаррифӣ карда тавонист. Зеро Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати вазнину ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишвар қариб ки набуданд. Дар баробари ин, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ гардида буд. Нахустин кўшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври расмӣ амалан сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ дар он таҷассум меёбанд, ки ҳамчун Сарвари сиёсӣ тавонистанд дар як муддати кўтоҳ стратегияи мушаххасеро ба кор баранд, ки тибқи он, аз як тараф, мубориза бо қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурўҳҳои муташакили ҷиноӣ аз ҷониби дигар , созмон додани Артиши миллӣ муайяну мушаххас карда шуд.
Ҳамин тавр, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Инчунин, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву ҷиноӣ рисолати ватандорию шаҳрвандии худро ба таври шоиста иҷро намуда тавонистанд. Мавриди қайд аст, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буданд.
Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамуданд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро дар самти ҳифзи ватани азизамон амалӣ менамуданд.
Мавриди қайд аст, ки Президенти кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ корҳоеро ба анҷом расонида тавонистанд, ки шоистаи таҳсину офарин мебошад. Мо худ шоҳиди он будем, ки якчанд гурўҳҳои бегона бо ҳамроҳии мухолифини тоҷик дар баъзе минтақаҳои кишвари мо амалиётҳои мухталифи ҷангӣ мебурданд. Онҳо мехостанд, ки аз минтақаи мо ба баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳамла намоянд. Аммо Президенти мамакат ҳама ҷавобгарию вазниниро ба души худ гирифта, нагузоштанд, ки алангаи ҷанг ба ҳамсоякишварҳои мо паҳн гардад.
Пешвои миллат ҳамчун Сарфамондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ва кафили сулҳу салоҳ баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии низомиёни кишвар ҳамеша ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки имрўз Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдидаву ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни асосии давлатдории миллӣ шинохта шудааст.
Хусусан, таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло, мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста буда, дар ҳама ҳолат қудрати кофӣ доранд, ки Тоҷикистони азизамонро аз хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намоянд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, мардуми шарафманди кишварамонро ба рўзи Артиши миллӣ таҳният гуфта ба ҳомиёни Ватан интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, рўҳияи баланди ватандўстӣ ҷиҳати ҳифзи зиндагии амну осоиштаи мардуми кишвар , ҳамчунин пирўзиҳои нав ба навро таманно дорам.
Муҳаммад А.Н.
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции