casino malaysia
casino malaysia
Ислоҳоти хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон: масоил ва дурнамо 

wrapper

  Ҷомеаи Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии таъсиси Артиши Миллӣ қарор дорад. Барҳақ, таъсиси артиш яке аз омилҳои ҷавҳарии ба даст овардани оташбас, бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, воқеан қадам ниҳодан ба дарёфти Истиқлоли миллӣ ва рушду ободии кишвар гардид. Аз ин сабаб, кулли хонандагонро ба ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, тани сиҳат, хонаи обод ва амали шудани ҳама орзуҳояшонро таманно дорам.
Артиш дар ҳаёти кишварҳои ҷаҳон нақши ниҳоят муҳим дошт ва дорад. Давлатҳои аввалине, ки дар ҷаҳон ва ҳудуди Тоҷикистони муосир ба вуҷуд омадаанд, ҳамеша ба артиш ниёз доштанд ва аз нерўи артиш вобаста буданд. Чӣ Шоҳнома ва чи дигар асарҳои таърихӣ аз ин ҳикоят доранд. Артиш якбора вазифаи танзими тартибот, пулис, ҳифзи  сарҳад, ҷанг бо дигар кишварҳоро ба зимма дошт.
  Бояд қайд намуд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар табақаи ҳарбиён нақши калидӣ доштанд ва аксарияти мансабҳои давлатиро онҳо ишғол мекарданд.
  Артиши миллии тоҷик агар имрўз сисола шуда бошад, ин маъноеро надорад, ки умуман артиш ҳамчун нерўи ҳарбии кишвар танҳо дар асри ХХ ба вуҷуд омадааст.
Таърихи тоҷикон аз қаҳрамониҳои на танҳо ашхоси мулки мисли Коваи Оҳангару Шерак, Муқаннаву Маҳмуди Торобӣ, Восеъю Ҷура Зокиров, балки аз каҳрамониҳои артиши Бохтару Суғд, артиши Исмоили Сомониву Хоразмшоҳ, Яқўббеку артиши шўравӣ ҳикоят дорад, ки дар он намояндагони миллати тоҷик зиёда аз 67 нафар қаҳрамони Иттиҳоди Шўрави шудаанд.
Мавзуи масоили институти артиш, идоракунӣ, фаъолият, вазифаву фнукчияҳои он, шаклу намуд, усулу равиши корбарӣ, тактикаи ҳарбӣ, ислоҳотҳо, нақши ҳарбиён дар ҳаёти кишвар масоили доғи илмӣ буда, то имрўз масоили мубрамми на танҳо илмӣ балки амалӣ низ мебошанд.
Таърихи тоҷикон як лабораторияи ҳарбиро мемонад, ки тамоми усулу равишҳои таъсиси артиш, тактикаи ҷангӣ, масоили ташкилу фаъолият, омодабоши ҳарбӣ ва ғайра борҳо дар он санҷида шудаанд
Тоҷикон ҳам артиши мунтазам, доимӣ, артиши кироя, зархарид, артиш аз ғуломон, дастаҳои маҳаллӣ доштанд. Навъи махсуси уҳдадории ҳарбӣ, ки аз қадим мушаххас буда, танҳо дар давраи муғулҳо бо ислоҳоти маъмурӣ расмӣ гардид, тақсими кишвар ба даҳа, сада, ҳазора ва даҳҳахор буд, ки маконе меноиданд, ки адади муайяншудаи артишро дода метавонист.
Минбаъд як падидаи муҳими дар давраи Салҷукиён  - «хизмати бадал»,  ки ба эҳтимоли зиёд пештар низ вуҷуд доштааст, ба таври расмӣ ҷорӣ гардид. Салҷукиён ки солиёни дароз ба ҷанг машғул буда, ҳудуди Осиёи марказиро тасхир ва ба суи Туркияи муосир ҳаракат мекарданд, кушиш доштанд, ки артиши доимӣ дошта бошанд. Албатта баъзе истисноҳо аз хизмати ҳарбӣ вуҷуд дошт ва инчунин хизмати бадал ҷорӣ карда шуд. Бадал ҳолатеро меномиданд, ки шахс агар бевосита хизмати артиш карда натавонад, шахсеро ба ҷои худаш киро мекард ва ба бадали хизматаш ба ў маблағи муайян мепардохт. Падидае, ки имрўз бо ислоҳоти хизмати ҳарбӣ ба қонунгузории ҳарбӣ ворид карда шуд.
Албатта, хизмати артиш таърихи куҳан дорад ва ҳар як саҳифаи он бояд омухта шавад.
Ман мехостам, асосан оид ба баъзе масоили муосири хизмати ҳарбӣ баъзе андешаҳои худро баён намоям.
Пеш аз ҳама, вазъияте, ки имрўз ба вуҷуд омадааст, хатарҳои зиёди геополитикиро барои Тоҷикистон эҷод намуда, роҳбарият ва кулли қишри андешамандони кишварро ба андеша водор кардааст. Аз як ҷониб, толибони ба сари қудратомада дар Афғонистон, ки Тоҷикистон ба таври принсипиалӣ онҳоро эътироф намекунад. Тамоми давлатҳои ҳамосияи дуру наздики мо Тоҷикистонро ҳамчун давлате, ки аз он эътирофи толибон вобаста аст, нишон дода, мавқеи кишвари моро баҳона мекунанд. Дуюм, муносибат бо қирғизистон, ки сол то сол хислати ҳарбӣ гирифта, муборизаҳо торафт тезутунд мегарданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти ба амаломадаро таҳлил намуда, дар самти хизмати ҳарбӣ ва вобаста аз он дар қонунгузории хизмати давлатӣ тағйирот ворид намуд. Пеш аз ҳама, муайян карда шуд, ки дар як қатор вазифаҳои хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар суд, прокуратура, мақомоти қудратӣ танҳо онҳое вазифа ишғол карда метавонанд, ки хизмати ҳақиқии ҳарбиро адо карда бошанд.
Минбаъд, хизмати яксолаи ҳақиқии ҳарбӣ барои онҳое, ки маълумоти олӣ доранд, муқаррар карда шуд. Инчунин, муқаррар гардиааст, ки ашхосе, ки дар давоми таҳсил ба рухсатии академӣ рафтаанд, таҳсилро идома надоданд ва ё бо қарзҳои академӣ аз макотиби олӣ рафтаанд, ба хизмати ҳарбӣ бояд гирифта шаванд.
Тағйироти дигаре, ки ворид гардид, ин эҳёи хизмати бадал мебошад, ки ба ивази пул озод шудан аз хизмати ҳақиқии ҳарбӣ мебошад. Албатта, аз қадим, ба шахсоне, ки ба вазифаҳои буҷавӣ ва ба вазифаи амалдорони давлатӣ интихоб мешуданд, талаботҳои махсус вуҷуд доштанд. Пардохти андоз, аз табақаи муайян будан ва ғайра. Вале имрўз бо муайян кардани хизмати бадал бояд як қатор чорабиниҳои мушаххас таҳлил ва ҳал гардад, то ин ислоҳотҳо дар амал ҷорӣ шаванд.
Пеш аз ҳама, ҳисоби комил ва дурнамои демографии аҳолӣ, инчунин нерўи иқтисодии кишвар бояд таҳлил гардад. Бо муайян шудани ин нишондиҳандаҳо маълум карда шавад, ки мо ба кадом роҳ рафтан мехоҳем. Артиши доимии касбӣ, қисман артиши касбӣ ва бо нигоҳ доштани артиши даъватӣ, ва ё пурра артиши даъватӣ. Бояд ҷанбаҳои ҳар яки он омухта шавад ва танҳо дар заминаи иқтисодии кишвар, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ роҳи рушди хизмати ҳарбӣ муушаххас карда шавад. Агар мо дар оянда мақсади таъсиси артиши доимии касбиро дошта бошем, пас, масъала ба ин равиш бояд тобеъ карда шавад. Агар роҳи дуюм интихоб карда шавад, пас, аз имрўз бояд ба он тайёрӣ дид. Агар кишвар танҳо бо доштани артиши даъватӣ қаноат намояд, ин мақсад низ бояд бо ислоҳоти ҷиддии хизмати ҳарбӣ ру ба рў гардад. Имрўз ба мо маълум аст, ки ворид намудани хизмати бадал – яъне ивази хизмат ба маблағи муайян яке аз роҳҳои гузариш ба хизмати доимии касбӣ аст. Ҳангоме, ки ашхос намехоҳанд хизмати ҳарбӣ намоянд, маблағи артиши касбиро мепардозанд. Аз ин сабаб, маблағи пешниҳодшаванда бояд реалӣ бошад ва ба мақсади муайян сарф шавад. Ҳангоми муқаррар кардани он бояд хароҷоти аслии давлат барои як нафар сарбози касбӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Вобаста ба шумораи онҳое, ки хизмати бадал мекунанд, он ба як нафар ва ё якчанд нафар он тақсим карда мешавад.
Давлат дар симои мақомоти марбута бояд механизми ҷалби ҷавононро ба чунин намуди хизмати ҳарбӣ дошта бошад. Яъне чорабиниҳои пешбинишуда, ба қадри кофӣ ҷавононро барои химзати касбӣ ҳавасманд намоянд. Барои ба ин ҳолат даст ёфтан, пешбинии кафолат ва ҳавасмандкуниҳои гуногун зарур аст. Имрўз танҳо як намуди ҳавасмандкунӣ – роҳ ёфтан ба озмуни ишғоли мансабҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд дорад.
Дар амал Ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад, як қатор роҳу равишҳои ҳавасмандсозиро истифода барад. Дар оғози кор ин ҳавасмандиҳо метавонад хеле зиёд бошанд ва бо ба даст омадани таҷрибаи корӣ онҳоро метавонем танзим намоем, яъне кам ва бештар созем, вобаста ба вазъи ба амаломада.
Ғайр аз ин як парадокс ба вуҷуд омадааст. Ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар ба кишвар аксари аҳолӣ бо ихтиёри худ ба ҷанг омодаанд, вале дар шароити оромӣ баъзеъ нафарон аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд. Сабаб дар чист? Яке аз сабабҳои ин вазъият ва умуман вазъи ба вуҷуд омада ин ба пуррагӣ риоя нашудани устави ҳарбӣ дар қисму томҳои артиш, беҳавсалагии афсарон, зарарҳои ҷисмонӣ ва ғайра буда метавонад. Албатта, роҳҳои гуногуни аз вазъият баромадан вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, барои таҳсил дар омўзишгоҳу мактабҳои ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ равон кардани сарбозон, ташкили кумитаи водилони сарбозон, навбатдории онҳо дар қисмҳои ҳарбӣ ва ғ. мебошад.
Пеш аз ҳама, идоракунии ҳарбӣ аз ҷаҳонбинии афсарон вобастагии зиёд дорад. Афсари донишманд метавонад аз наврас як шаҳрванди болиғро тарбия кунад, ки барояш мафҳуми Ватан, Модар, манфиатҳои миллӣ, ҳифзи кишвар, оила муҳим аст.
Аз ҷониби дигар барои рушди артиш омилҳои гуногун таъсиррасон ҳастанд: омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра.
Дар Тоҷикистон бояд ислоҳоти васеи ҳарбӣ гузаронида шавад. Пеш аз ҳама, Консепсияи хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти ҳарбӣ таҳия гардад. Дар он мақад, дурнамои рушд, роҳу восита, вазифа, мазмун ва давраҳои ислоҳот мушаххас карда шавад. Дуюм, дар асоси Консепсия, бояд барномаҳои давлатии мушаххаси амалисозии самтҳои ислоҳоти ҳарбӣ таҳия карда шавад. Ин барномаҳо бояд самтҳои омўзиши захираҳои ҳарбӣ, тайёр кардани афсарон, рушд додани инфраструктураи ҳарбӣ, таъсиси намудҳои нави артиш, зарурати таъсиси заводу корхонаҳои истеҳсоли яроқу аслиҳа, таъмири яроқу аслиҳа ва нақлиёти ҳарбӣ, таъсиси академияҳои ҳарбӣ, полигон ва марказҳои омўзишӣ ва ғайра ба назар гирифта шавад. Бо амалӣ шудани мақсаду вазифаҳои ин марҳила, бояд қабули қонунҳо ва ё тағйирот ба онҳо барои такмили соҳаи ҳарбӣ ба назар гирифта шавад. Инчунин, имтиёзу ҳавасмансозиҳо бояд доимо бозбинӣ карда шаванд.
Мақсади ислоҳоти хизмати ҳарбӣ бояд чунин муайян карда шавад: ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд вазифаи муқаддаси худ хизмати Ватан – Модарро иҷро кунад, новобаста аз он ки хизмати ҳарбӣ бо кадом роҳи қонун муайянкарда мегузарад: бевосита, хизмати алтернативӣ ва ё бадал.

Буриев Э. Б. 
д.и.х., профессор, мудири шуъбаи
таърихи давлат ва хукуки ИФСХ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia