casino malaysia
casino malaysia
Артиши миллӣ - кафили ҳифзи ҷону моли шаҳрвандони кишвар

wrapper

  Имрӯзҳо, яъне рӯзи 23 – юми феврал аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ин Артиш таърихи пур аз фарозу нишеб дорад, ки аз он дар инҷо сухан хоҳад рафт. Ташкили Артиши миллӣ – ин падидаи амалии ватандӯстӣ аст. Ба андешаи инҷониб ватандӯстӣ аз иштироки фаъол дар ҳифз, ҳимояи фардии ватан ва ободсозии он оѓоз меёбад. Ватан, ба иборае, мояи сарпаноҳӣ ва ҷои суҷуди ҳамаи шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Инсони беватан дар ҳар шароит хору зор аст. Ба ибораи дигар ҳар як шаҳрванди кишвар аскари ватан ба шумор меравад ва махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳар як шаҳрванди кишвар ба масобаи сарҳадбон шинохта шудааст. Барои ҳамин давлат ва Артиши он ба аҳолии ин ноҳияҳо эътиром ва эътимоди комил дорад, зеро онҳо посбони ин хоку обу ҳаво мебошанд. Мо ватани худро беҳад дӯст медорем, бесабаб намегӯянд, ки хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар!
  Вале дар кулл дифоъ аз муқаддасоти ватан дар дасти ниҳодҳои артиши миллӣ қарор дорад ва касе ки дар Артиш хизмат карда бошад ба маънои пурраи ин суханҳо мерасад. Зеро Артиши миллӣ ҳамарӯза дар ҳифзи ҷону моли мардум аст. Бояд эътироф намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон баъди эълони истиқлолият аз нуктаи сифр оѓоз ёфта буд ва он таърихи пур аз фарозу нишебе дорад. Зарурияти ташкили артиши миллиро ба таври барҷаста ҷанги таҳмилии Тоҷикистон нишон дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, вазифаи оромию осудагӣ ва амнияти кишварро ба даст гирифт ва онро дар ниҳоят фароҳам овард. Ҳамин тариқ  рӯзи 23 – юми феврал аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ин Артиш бо ибтикор ва ташаббуси сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҳоло Пешвои миллат, Президенти кишвар  тибқи Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 18 – уми декабри соли 1992 ба тасвиб расид, ташкил шуд ва ҳамин қарор заминае гардид то дар давраҳои минбаъда дар кишвари мо Артиши миллии қудратманде ба вуҷуд ояд ва ба хатару чолишҳои гуногуни амнияти мардум ва сарҳадшиканӣ аз тарафи душманон ҷавоби дандоншикан бидиҳад.
      Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят мураккаб буд. Дар ҷомеа ҳангоми сар задани муноқишаҳои байни ҷонибҳои даргир, ташкили майдонҳову гурӯҳҳои яроқнок дар ҳар қадам қонуншиканӣ вуҷуд дошт, одамони яроқнок ба оромии ҷомеа ва ҳатто ба ҷони мардум таҳдид мекарданд. Дар сарҳадҳо ҳар лаҳза ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ба назар мерасиданд. Давлат бо хеле мушкилиҳо қисмҳои ҳарбии харобгаштаи давраи шӯравиро аз нав барқарор мекард. Мутаассифона, аз мероси давраи шӯравӣ дар самти ҳарбӣ ва дифоъи кишвар ба Тоҷикистон нарасид. Вале дар қисмҳои ҳарбӣ шароит ба қадри кофӣ хуб ба чашм намерасиданд. Давлат ба кӯмаки давлатҳои хайрхоҳи ҳамсоя, ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои абарқудрат ниёз дошт. Замоне, ки мардуми кишвар худ ба дифоъ ниёз дошт, бо вуҷуди ин ба кӯмаки давлат шитофт. Бо гузашти вақт оҳиста-оҳиста давлат қувват ва артиш ҳам ҷон гирифт. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилотро паси сар намуда, ба сӯйи пешрафт ҳаракат карда истодааст.
   Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо - сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
      Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд донад, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон менамояд. Мутобиқи муқаррароти моддаи 43. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амнияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян менамояд”.
Бояд эътироф намуд, ки вуҷуд доштани қонун дар давлату ҷомеаҳое чун Тоҷикистон кафили таъмини пурраи озодӣ ва осоишии ҳар шаҳрванд ба шумор меравад.  Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем қабл аз ҳама пеши назар ҳифзи Ватан, ҳимояи якпорчагии марзу буми онро дар назар дорем.  Ин масъаларо бо эҳсоси баланд шоир чунин баён намудааст:
 
Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.
Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
 
   Ҳадаф аз овардани ин мисраъҳои шеърӣ дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Маълум аст, ки ватандӯстӣ ин баёни амалии муҳаббат ба Ватан мебошад. Дар маҷмӯъ ҳамин дустдорӣ ва муҳаббат ба кишвар ба Ватан як маҷмуи тасаввуротҳо, ақидаҳое мебошад, ки дар худ номи “шуури ватандустиро” гирифтааст. Шуури ватандӯстӣ аз хусусиятҳои гуногун иборат аст, ки асоситарини онҳо муҳаббат ба Ватан, муносибати шахс ба таърихи кишвар ва хотираи таърихӣ, муносибат ба фарҳанг, расму оинҳои мардуми худ, дӯст доштани марзу буми диёр ва тайёр будан ба ҳифзи он мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони бадхоҳ муҳофизат намоем.
    Ҳамчун як узви ҷавони кишвар ва корманди Маркази синошиносӣ  чунин мешуморам, ки дар тарбияи ватанпарваронаи ҷавонон бояд осори ватандӯстонаи шоирони шаҳири форсу тоҷик, алалхусус, Абулқосим Фирдавӣ ва Носири Хусрав истифодаи бештар ба амал биёяд. Пешниҳод мекунам, ки ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ китоби “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, махсусан, барои навхонадорон (ҳангоми ақди никоҳ) чун тӯҳфа тақдим карда шавад! Чунонки шоир дар ҳамосаи ҷаҳонии худ нигоштааст:
 
“Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
 Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад!”
 
Бояд гуфт, ки байту достонҳои алоҳидаи “Шоҳнома” дар тарбияи равониву касбии худи аскарон ва афсарони артиш аз аҳамият холӣ нест. Ҳаким Фирдавсӣ махсусан дар тарбияи касбии лашкар назарияи муҳим ва зарифи ҷангиро пешниҳод кардааст. Масалан:
 
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор!
 
Дар чунин байтҳо даъвати бевосита ба ташкили дуруст ва ҳирфаии лашкар ва лашкардорӣ вуҷуд дорад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, чи зану чи мард афзун намудани дастовардҳои истиқлолият, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, аз ҷумла неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, онҳоро мо бояд ҳифз намоем ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос намоянд, ки Артиши миллӣ ҳаёти осоиштаи онҳоро бе қайду шарт муҳофизат карда метавонад.
Пешниҳод менамоям, ки бо назардошти вазъияти мураккаби мавҷудаи геосиёсиву  сарҳадӣ ва ҳолати пешбининашавандаи ҷангии ҷаҳони муосир дар пайравӣ ба таҷрибаи халқи ҷафодидаи курдҳои эрониасл (пешмарга-яъне ҷонфидо) дар таркиби ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар баробари ҷавонони мард боз чанде аз ҷузъу томҳои ҷавонон довталабона аз ҳисоби занону духтарони ҷассуру диловари кишвар низ ташкил карда шаванд.
Чун намояндаи қишри ҷавонон чунин мешуморам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонон бояд ин нуқтаро ба дурустӣ дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат мебошад. Мо  бояд ҳатман ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем, ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда, талош варзем.
  Дар ин росто нақши роҳбари кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҷаста ва беназир аст. Чунонки зикр шуд, он кас бидуни ягон таҳкурсӣ ва заминаи моддӣ-техникӣ ба ташкили артиши бонизом ва пурқудрат даст ёфт, ки ин ба ҳар кас муяссар намешавад. Ягона силоҳи ӯ барои пирӯзӣ ва ба мувафаққият ноил гаштанаш - ин умед ба мардуми тоҷик, ба ҷавонон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, сабру таҳаммулпазирӣ, ботамкинӣ ва истеъдодҳои фавқулодаи худододияш буд, ки охируламр вайро ба мақсад расонид. Бо ташаббус ва ғамхориҳои эшон аст, ки имрӯз Қувваҳҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи Нерӯҳои мусаллаҳи пурзури минтақа истода, марзу буми аҷдодиро ҳимоя месозад.
  Бунёди давлат ва артиши он кори осон набуд ва нест. Миллат, давлати Тоҷикистон, Пешвои ин миллат барои ташкил намудани Артиши миллӣ камари ҳиммат барбастанд ва тавре ки шоири бузургвор низ мефармояд.:
      Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,
      Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
 
 Айни замон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сипари боэътимоди кишвар шинохта шуда, аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ҷузъу томҳои он бо силоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин, барои беҳтар хизмат намудан ва муайян намудани кору вазифаи сарбозон чандин қарору қонунҳо қабул карда шуда, сохтори артиш такмил ва дигаргун карда шуд.
 Бояд қайд намуд, ки бо хизматҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз такягоҳи боэҳтимоди давлат ва ҳимояткунандаи сулҳу суботи кишвар ба шумор мераванд. Айни замон ҷавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд бо меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуда, бо садоқати бепоён ба ин Меҳан хизмат мекунанд. Ҳоло давлат барои софдилона хизмат намудани ҷавонон тамоми шароит ва имконҳоро фароҳам оварда, рӯз то рӯз сатҳу сифати зиндагиро беҳтар гардонида истодааст. Ҳамзамон, хизматчиёни ҷавони ҳарбиеро, ки аз худ далериву мардонагӣ нишон дода, содиқона адои вазифа мекунанд, дастгирӣ намуда, онҳоро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад.
  Тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташакулли онҳо ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои давлатдории миллиамон рост омадааст». Хулоса, бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби модиву маънавӣ фароҳам оварда шудааст, ки барои таҳкими ҳисси ватандӯстиву садоқатмандии онҳо мусоидат менамояд. Воқеан ҳам имрӯз бояд ҷавонон аз фурсати муносиб истифода намуда дар пайрави бо сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намоянд, дар ҳифзи асолати миллӣ ва ҷону моли шаҳрвандони кишвар ҷоннисорӣ намоянд.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia