casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Паём. Барномаи стратегӣ ва гарави рушди неруи зеҳнӣ

  Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарвоқеъ, барномаи стратегии мақсадноки давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамаи  ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таҳлилу таҳқиқ ёфта, дурнамои самтҳои  афзалиятноки  рушди  Тоҷикистон  муайян шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти онро иброз намуда, зикр кардаанд: «Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо  давраи  саъю кӯшишҳои  ватандӯстона ва заҳмату талошҳои  созанда ба хотири  ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад». Воқеан, бо вуҷуди ин гуна ифтихору  навгонӣ ва муваффақиятҳои назаррасе, ки дар Паём омадааст, боз имкониятҳои дигари  истифоданашуда ҳанӯз зиёданд ва  бесабаб нест, ки Президенти кишвар дар Паём  моҳияти  неруи зеҳнӣ  ва зеҳни сунъиро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакатро муваззаф намуданд, ки «ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани  технологияҳои муосир  ва соҳаҳои гуногуни  иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро  қабул ва татбиқ намояд». Аз ин бармеояд, ки рушди неруи зеҳнӣ ва  зеҳни сунъӣ дар оянда гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад. Муфассал ...
Хондан 699 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Умре ҳама дар хидмати илму маориф

(Ба истиқболи ҷашни 80 солагии доктори илмҳои фалсафа, профессор Неъматулло Сайфуллоев)
  
  Илму маориф аз самтҳои афзалиятдошта ва муҳими ҷомеаи мо ба шумор рафта, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари он қарор доранд. Дар марҳилаи ҳозираи пешрафти Тоҷикистон ба ин соҳаҳо диққати хосса дода мешавад, зеро ин ду соҳа пояҳои асосии давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро ташкил медиҳанд.    Муфассал ...
Хондан 673 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Сайфуллоев Н. М. – олими нуктасанҷ ва омӯзгори ғамхор

Ба ифтихори 80 солагии д.и.ф.,
профессор Сайфуллоев Н.М.
 
  20 апрели соли 2022 профессори илмҳои фалсафа Сайфуллоев Нигматулло Мирзоевич 80 сола мешаванд.
  Аз фурсати муносиб истифода карда, устоди гиромиро бо зодрȳзашон самимона табрик мегȳям. Барояшон умри дарозу бобаракат, дар корҳои эҷодиашон бошад муваффақиятҳои беназир дар фатҳи қуллаҳои нави илми фалсафаи муосири тоҷик, таманно дорам. Муфассал ...
Хондан 398 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Кашшофи умқи маонӣ

 Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
  
  Устоди арҷманд, донишманди номвар, мантиқшиноси забардасти тоҷик Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич, ки имсол ба умри бобаракати 80- солагӣ расидаанд, аз устодони камназире ҳастанд, ки бо хислатҳои наҷиб, хайрхоҳиву некбинӣ, истодагарӣ дар мавқеи дурусти худ, фошгуиву бериёӣ ба шогирдон намунаи ибрат буда дар илми фалсафа ба мо имкони мусаллаҳ гардидан бо наҷибтарин силоҳи ақл - мантиқро додаанд. Аз эшон мо, дар баробари омўхтани мушкилтарин соҳаи фалсафа, ҳамеша меҳру шафқат ва хайрандешиву дасти кўмак дароз кардан ба ниёзмандонро омўхтаем. Муфассал ...
Хондан 479 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia