casino malaysia
casino malaysia
Кашшофи умқи маонӣ

wrapper

 Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
  
  Устоди арҷманд, донишманди номвар, мантиқшиноси забардасти тоҷик Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич, ки имсол ба умри бобаракати 80- солагӣ расидаанд, аз устодони камназире ҳастанд, ки бо хислатҳои наҷиб, хайрхоҳиву некбинӣ, истодагарӣ дар мавқеи дурусти худ, фошгуиву бериёӣ ба шогирдон намунаи ибрат буда дар илми фалсафа ба мо имкони мусаллаҳ гардидан бо наҷибтарин силоҳи ақл - мантиқро додаанд. Аз эшон мо, дар баробари омўхтани мушкилтарин соҳаи фалсафа, ҳамеша меҳру шафқат ва хайрандешиву дасти кўмак дароз кардан ба ниёзмандонро омўхтаем.
 Дар паи дарки маънӣ пайваста мекўшад, ҳамеша машғули ғун кардани беҳтарин донишу таҷриба шабашро дар рўи китоб рўз менамояд, шахсе, ки ҳамеша таҷрибаи ҳаёташ сармашқи зиндагии шогирдону пайравонаш бошанд. Хушбахту пурсаодат он шогирде, ки дар ҳаёташ ақаллан як чунин устоде дорад.
Мо, шогирдони устоди арҷманд, донишманди номвар, мантиқшиноси забардаст Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич, аз он нафарони хушбахт ҳастем, ки тақдир моро бо эшон ба ҳам оварда ба мо имкони мусаллаҳ гардидан бо наҷибтарин силоҳи ақл- мантиқро дода аст.
  Устод Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич соҳибкасби яке аз мушкилтарин соҳаи фалсафа - мантиқ буда муаллифи як идда осори пурарзиш дар шинохти назарияи мантиқ, таърихи инкишофи он, методология ва хусусиятҳои таълимотии мантиқии мутафаккирони барҷастаи тоҷик ва ҷаҳон дар соҳаи мантиқ мебошанд. Чун таҳсилоти математикӣ доранд ва риёзиётро дар марказҳои барҷастаи улуми риёзӣ ва техникии собиқ Шўравӣ омўхтаанд, дар роҳи дарки вижагҳои муҳокимаи мантиқи ва тадриси он хеле пурмаҳорат буда дар кишвари мо рақиб надоранд.
  Соҳаи таҳқиқоти устод мантиқи мактаби машоияи фалсафаи тоҷик ба шумор меравад, ки бо фаъолияти чунин абармардҳои фалсафаи тоҷик монанди Абунасри Форобӣ, Абўалӣ Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ муҷалло гардидааст. Дар осори таҳқиқии худ Сайфуллоев мероси мантиқии мутафаккирони мазкурро аз сарчашмаҳои асилу асл пайдо карда, пеш аз ҳама онро ҳамчун гавҳари ноёбе ба ҳошияи илму фарҳанги тоҷик ворид намуда аст. Аксари таҳқиқоти устод дар мавриди мантиқи Абунасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Насириддини Тусӣ ва дигарон дорои ҳамин хусусият буда, бинобар ин сифати таҳқиқоти нав ва навоваронаро ба худ касб намудааст.
Назарияи мантиқии мутафаккирони асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросонро омўхта, устод дар шарҳи чӣ будани мантиқ чунин овардаанд, ки калимаи мантик аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш “нутқ” ё “забон” аст. Устод бо ин таъкид менамоянд, ки мантиқ натанҳо тафаккур, балки суха наст, ки дар муназзамӣ ва пайдарҳамии муайяне гуфта мешавад, то шунаванда аз мақсади гўянда ба таври дуруст огоҳӣ пайдо намоянд.
Мантиқ ба андешаи устод, илмест, ки қонунҳои тафаккур ва шаклҳои онро тадқиқ менамояд ва он дар асри 4 то м. ҳамчун таълимот пайдо шудааст. Асосгузори мантиқ файласуфи Юнони Кадим Арасту буда ў аввалин шуда қонун ва шаклҳои тафаккурро ба таври назарияи тому комил коркард намудааст.
  Устод таъкид менамоянд, ки гарчанде Арасту асосгузори мантиқ мебошад, аммо аз ҷониби ў на ҳамаи масъалаҳои мантиқ ҳал шуда танҳо дар ҳоли гузориши масъала боқӣ монаданд. Ў мегўяд, ки дар осори мантиқии Арасту масъалаҳои бунёдии он - назарияи мафҳум («Категорияҳо»), силлогизм, хулосабарорӣ ва исбот («Аналитикаҳо»), категорияҳои мантиқӣ («Топика») ва қонунҳои айният, зиддият, истиснои салоса, асоси кофӣ («Илми барин» ё «Метафизика») таҳлил шудаанд. Равокиён, ки намояндагони барҷастаи фалсафаи Юнони Қадим буда мантиқро асоси баҳсу мунозираҳои фалсафаии буд қарор дода буданд, алоқаи мантиқро бо забон, сарфу наҳв ва илми маонӣ ба таври барҷаста нишон дода, инчунин масъалаҳои хулосабарории шартӣ ва мунфасилиро ошкор намуданд. Сайри таърихии рушди мантиқро дар Юнони Бостон шарҳ дода устод таъкид намудаанд, ки таълимоти равокиён оид ба исбот ба рақобати фалсафии мактаби Эпикур дучор гардид. Мактаби Эпикур дар ин росто ба масъалаи таҷриба аҳамият дода мушоҳида намудаанд, ки дар мубоҳиса бо равокиён таҷриба, қиёс, ва индуксия нақши бориз доранд ва дар баҳс онҳоро баранда менамоянд.
Ба равоқиёни Юнони бостон чунин мутафаккирон, монанди Зенони Критонӣ (тахминан солои 333-262 то м.), Панетийи Родосси ( асри II то м.) ва Посидонийро (охири асрои II -1 то м.) мансуб медонанд, ки мактаби онон махсусан минбаъд дар Рими Кабир маъруфияти зиёд пайдо менамояд. Дар он намояндагони барҷаста Сенека ( наздики асри 4 то м. - соли 65 м.) ва шогирди ў Эпиктет ( тахминан солхои 50- 140 м.), инчунин императори Рим Марк Аврелий (сс.-121-180) дохиланд. Фалсафаи равокиён на танҳо илм, балки пеш аз ҳама тарзи ҳаёт, тарзи зиндагӣ аст. Онҳо чунин ақида доштанд, ки танҳо фалсафа метавонад инсонро дар роҳи ҳифзи шаъну шараф ва ҳувияташ дар давраҳои мушкили замон тарбия намояд. Дар империяи Рим, ки дар он замон ба костагии ахлоқӣ ва поён рафтани арзишҳои маънавӣ мувоҷеҳ гардида буд, ниёзмандӣ ба исботи зарурати мубоҳисаҳои созандаи мантиқӣ ба таври барҷаста ба миён меояд.
Ҳамин тавр мантиқшиносони Элладаю Рим дар соҳаи мантиқ назарияпардозиҳои навоварона намуда, аз ҷумла квадрати мантиқӣ (Апулей), тақсими дихотомӣ ва ғ.-ро пешниҳод намуданд. Минбаъд дар зери таъсири таълимоти равокиён, ки онро намояндагони мактаби навафлотуния низ қабул карда буданд, мантик бо сарфу наҳв наздик мешавад.
  Устод дар мавриди рушди минбаъдаи мантиқ дар давраи асрҳои миёна низ таҳқиқот бурда оид ба роҳу равишҳои хосаи ташаккул ва инкишофи он, саҳми мутафаккирони минтақаро дар густариши мантиқи арастуӣ, руҷуи мантиқ дар илоҳиётшиносӣ андешаҳои худро иброз намудаанд. Аз ҷумла устод таъкид намудаанд, ки мантиқи асримиёнагии Шарқи исломӣ ҳамчун илми мустақил танҳо дар муҳити халқу кишварҳое, ки мансуб ба маданияти Эрону араб буданд, инкишоф меёбад. Бисёр мутафаккирони форс-тоҷик доир ба илми мантик рисолаҳои махсус таълиф намуда, баҳсу мунозираҳои назариявии мантиқиро дар асарҳои умумифалсафӣ ва табииёт ҷой додаанд ва дар фаслҳои алоҳида онро таҳлил намудаанд. Устод аз осори мутафаккирони барҷастаи ин давр мисолҳо оварда нақши файласуф ва донишманди бузург Абунасри Форобиро дар рушду нумуи мантиқ алоҳида медонанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки Форобӣ аввалин шуда дар аксари асарҳояш ба масъалаҳои мантиқ дахл карда дар мавриди мантиқи арастуӣ натанҳо шарҳҳо офарида, балки онро такмил ва вусъат дода аст. Мутафаккири дигари нобиғаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино низ бо масъалаҳои мантиқӣ хеле зиёд машғул шуда дар чунин асарҳояш, монанди «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-нақот», «Донишнома» ва ғ. дар баробари таҳлили фаслҳои мухталифи мантиқ таълимоти мантиқиаш хусусиятҳои забони форсу тоҷикро мавриди тафаккур қарор медиҳад. Устод чунин хулоса кардаанд, ки Ибни Сино мантиқ илме медонад, ки ҳадафаш нигоҳ доштани зеҳн аз ҳар гуна хатоҳо раванди тасаввур ва тасдиқи ҳукм мебошад. Ибни Сино муносибати мантиқро бо тафаккур муҳокима намуда онро чун муносибати сарфу нахв бо калом (нутк,) ва аруз бо шеър меҳисобад. Ў таълимоти худро дар бораи исбот (бурҳон) баён намуда, сенздаҳ навъи фикрро номбар кардааст.
  Дар таълимоти Ибни Сино мафҳум, ҳукм, хулосабарори, индуксия, қиёс ва ғ. пурра таҳлилу тасдиқ шудаанд. Дар таҳқиқу инкишофи илмӣ Мантиқ хизмати Носири Хисрав, Умари Хайём, Масъуди Тафтозони, Қутбуддини Розӣ низ бузург аст. Дар фаҳмиши Фахруддини Розӣ, Мантиқ илмест доир ба таъриф, шаклҳои хулосабарори ва таълимот оид ба исбот. Муҳокима (қазия) гуфторест, ки тасдиқ ва инкорро дар бар мегирад. Муҳокимаҳо аз руи таркиби худ содда ва мураккаб буда, ба 15 навъ тақсим мешаванд. Ба ақидаи Фахруддини Розӣ, мавзӯи асосии Мантиқ хулосабарорист. У инчунин ба таҳқиқи масъалаҳои зиддияти мантиқӣ, маърифати ақлӣ ва ҳиссӣ, истиснои салоса шуғл варзидааст. Насируддини Тусӣ истилоҳоти ғайридоимии мантиқиро бо аломатҳо ифода намуда, собитаҳои мантиқро ба воситаи аломатҳои махсус ифода кардааст. У сифати муҳокима ва собитаҳои умумият ва мавҷудиятро бо аломатҳо баён намуда, менависад: «Мувозати хатҳо аломати эҷоб буд ва адами мувозат аломати салб ва мувозати махмул ҳама мавзуъро аломати кулли ва баъзеро аломати ҷузъи («Асос-ул-иқтибос», Теҳрон, 1326 Х-, ш. саҳифи 190). Дар таълимоти Насируддини Тусӣ принсипҳои тасреҳ рамз ва тағирии шаклҳои мантиқӣ ва истифодаи методу истилоҳоти математикӣ нисбат ба пешгузаштагон амиқтар ва пурратар таҳлил шудаанд.
  Ба масоили мантиқӣ, алалхусус мантиқи арастуӣ мутафаккирони фалсафаи динӣ ва калом низ муроҷиат намуда аз он моҳирона истифода намудаанд. Мутафаккири дигари Шарқ - Муҳаммад Ғазолӣ руҷўъ намудааст. Устод нисбати масъалаи мазкур таъкид намудаанд, ки таълимоти мантиқии Форобӣ хусусан ҳангоми шарҳи «Арғунун»-и Арасту дар «Эхсо-ул-улум» хеле бараъло ифода ёфтааст. Ғазолӣ мантиқро барои шарҳи хусусиятҳои фалсафаи машшоъ ва радду бадали далелҳои мутафаккирони барҷастаи он ба манфиати дини ислом ба кор мебарад.
  Устод инкишофи минбаъдаи илми мантиқро бо рушди фалсафаи аврупоӣ вобаста намуда саҳми файласуфони англис У. Оккам Ф. Баков, файласуфи франсавӣ Р. Декарт, мутафаккирони немис Г. В. Лейбниц ва И. Кантро дар он барҷаста арзёбӣ менамояд. Ў таъкид менамояд, ки дар асри 19 фаслҳои гуногуни илми мантиқро Ҷон Милл, Д. Ф. В. Гершел, Уэвилл, Г. Гегель, О. де Морган тараққӣ додаанд. Дар мантиқи давраи нав ва навин мантиқ ба соҳаҳои гуногун ҷудо шуда дар он Ҷ. Буль, П. С. Порецкий ва Э. Шрёдер алгебраи мантиқиро кашф намуданд.
Устод Сайфуллоев Н.М. баррасии таърихи инкишофи илми мантиқро то давраи шўравӣ расонида нақши як идда олимони шўравиро дар такмилу инкишофи мантиқи муосир, аз ҷумла математикҳо А. Н. Колмогоров, Н. С. Новиков, А. А. Марков, С. А. Адян, А. И. Мальцев, С. А. Яновская ва мантиқшиносони шўравӣ - В. Ф. Асмус, Д. П. Горский, Б. К. Войшвилло, В. А. Смирновро махсус таъкид намудаанд.
 Дар рушди илми мантиқ устод ду навъи мантиқ- мантиқи шаклӣ ва мантиқи диалектикиро ҷудо карда, ҳар яки онро алоҳида шарҳ додаанд. Тавре устод ифода кардаанд, мантики шаклӣ аз давраи фалсафаи бостон аз ҷониби Арасту ба миён омада, он шаклҳои тафаккур (мафҳум, ҳукм, хулосабарорӣ) ва мазмуни конкретии онро ба назар намегирад (ниг. Абстракция). Мантиқи шаклӣ аз таҳқиқи фаъолияти амалӣ ва эҷодии инсон сарфи назар карда, аз масъалаи инкишоф (аз чумла, инкишофи шаклҳои тафаккур) сарфи назар намуда аст, аммо ба таври умум падидаи инкишофро рад намекунад.
Классикони марксизм-ленинизм маҳдудияти мазкури мантики шаклиро хело зарифона ошкор намудаанд. Онҳо дар фалсафаи классикӣ мутлақ шуморида шудани мантики шаклиро таъкид доштаанд. Сабаби он дар мантиқи шаклӣ ҳукмфармо будани методи метафизикӣ буда, он мавҷудияти робитаҳои дохилӣ, ҳаракати худкор ва инкишофи олами объективиро рад менамояд. Тавре аз номаш маълум аст, мантиқи шаклӣ бештар пойбанди шакли фикр буда, таҳқиқи муносибатҳои шаклии мантиқро ҳадафи худ қарор медиҳад ва бо тайини дурустии фикр иктифо менамояд. Азбаски мантиқи шаклӣ муносибати мантиқии таркиби муқаррарии тафаккурро таҳқиқ месозад, қоида ва қонунҳои он ба тамоми шаклҳои зуҳури тафаккур, ва бо риояи онҳо- шарти зарурии ба даст овардани ҳақиқат тааллуқ доранд.
Ба таври хулосавӣ, мантиқи шаклӣ робитаи ин ё он мафҳум ва ҳукмро на дар ҷараёни инкишофи онҳо, балки ҳамчун фикрҳои гуногуни мустақил таҳлил менамояд. Ҳар як фикр, к ибо калимот ва истилоҳоти забонӣ ифода меёбад, мазмуни муайян ва шакли мантиқӣ дорад.
Таҳаввули минбаъдаи мантиқи шаклиро дар назар дошта устод мефармоянд, ки дар асоси он дар миёнаи асри 19 соҳаи нави мантиқ-— мантиқи математикӣ ташаккул ёфта аст, ки пеш аз хама, бо методи тадқиқоти худ фарқ мекунад. Имрўзҳо мантиқи математикӣ хеле ба таври густарда инкишоф карда истодааст.
  Мантики диалектики умумитарин қонунҳои пайдоишу инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккурро омўхта, мақоми категорияҳои диалектикаи материалистиро дар ҷараёни маърифати илмӣ муайян ва қонуниятҳои умумии инкишофи тафаккурро ошкор месозад. Мантиқи диалектикӣ тақозо дорад, ки мазмуни ҳар як зинаи таърихӣ ошкор ва дар заминаи ин нишонаҳои муҳими он аз нав муайян карда шавад. Мантиқи диалектикӣ, шарҳ медиҳад устод, бо диалектика, назарияи маърифат ва материализми диалектикӣ робитаи узвӣ дорад. Аз ин рў он дар бораи қонунҳои инкишофи ҳамаи чизҳои моддӣ, табиӣ ва руҳӣ, яъне ба таври ҷамъбастӣ донистани олам маълумот медиҳад.
  Солҳои зиёд умри худро ба тадриси мантиқ бахшида устод Сайфуллоев шогирдони зиёдеро тарбия намудаанд, ки ҳар яке соҳиби ҷойгоҳи хосаи худ дар фалсафа ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ гардидаанд. Маҳорат ва малакаи хосаи устод дар тадриси илми мантиқ натанҳо дар дили як идда шогирдонаш меҳри илму маърифатро афрўхта аст, балки ҳалқаи интеллектуалҳои ҷавонеро ба ҳам овардааст, ки аз мавҷудияти мактаби мушаххас дарак медиҳад. Боиси ифтихори устод ва ҳамаи ҳаммаслакон аст, ки шогирдони устод дар баробари ў дар баҳсу мунозараҳои илмии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ бобарор ишттирок намуда обрўву эътибори илми тоҷик, фалсафа ва фарҳанги он ва билохира мактаби мантиқшиносии тоҷикро боло бурдаанд.
Ба устоди гиромиқадр, ки дар давоми умри бобарори хеш дасти кўмак ва дастгириашонро аз касе кам надошта, дар рушду нумуи ҳар нафари ба илму дониш қадам гузошта саҳме доштаанд, саломативу комёбиҳо хоҳонем ва бо арзи сипоси беандоза ҷашни камолоти умрро барояшон шодбош мегўем. Бигузор ояндаи давомдоре бо ҳамин шавқу завқи зиндагӣ дошта бошанду ҳеҷ гоҳ аз ҳаёту зебоиҳои он дилсард нагарданд. Сидқан, бо забони шоир даъват менамоем:
 
Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро,
Шодӣ бубахш ҳастии фурсатшуморро.
Гарм аст маҳфиле, ки ту бошию чун туе,
 Эй устоди гиромӣ, тарона бибанд ин баҳорро!
 
Муҳиба Маҳмадҷонова -
д.и.ф., сарходими илмии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia