casino malaysia
casino malaysia
Сайфуллоев Н. М. – олими нуктасанҷ ва омӯзгори ғамхор

wrapper

Ба ифтихори 80 солагии д.и.ф.,
профессор Сайфуллоев Н.М.
 
  20 апрели соли 2022 профессори илмҳои фалсафа Сайфуллоев Нигматулло Мирзоевич 80 сола мешаванд.
  Аз фурсати муносиб истифода карда, устоди гиромиро бо зодрȳзашон самимона табрик мегȳям. Барояшон умри дарозу бобаракат, дар корҳои эҷодиашон бошад муваффақиятҳои беназир дар фатҳи қуллаҳои нави илми фалсафаи муосири тоҷик, таманно дорам.
Агар ба саҳифаи ҳаёти шахсии профессор Сайфуллоев Н. М. назар афканем мебинем, ки тамоми шоҳроҳи зиндагии эшон сирф ба манфиати рушду такомули илми фалсафаи тоҷик, баланд бардоштани обрȳю эътибори он дар фазои АвруОсиё ва ҷаҳон, равона шудааст.
Профессор Сайфуллоев Н. М. аз ҷумлаи намояндаи тоҷиктаборони ҳамсоякишварамон Ҷумҳурии Қазоқистон мебошанд. Соли 1959 баъд аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар зодгоҳашон – ноҳияи Сариағочи вилояти Чимкент, барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд ва дар ҳамин ҷо муқимӣ шуданд. Минбаъд, ҳаёт ва эҷодиёти илмии худро баҳри хизмат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшиданд. Имрȳз ҳам дар қатори сарсупурдагони илми фалсафаи тоҷик қарор доранд.
Устод Сайфуллоев Н. М. дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар мавзȳи омȳзиши фалсафаи Абȳалӣ ибни Сино, таҳқиқотҳои илмии зиёдеро анҷом дода, ном баровардаанд. Дар ин самт, имрȳз он касро ҳамчун яке аз «синошиносон»-и машҳури минтаќа қаламдод мекунанд.
Рисолаи доктории профессор Сайфуллоев Н. М. зери унвони «Мантиқи Ибни Сино дар муқоиса бо мантиқи Арасту ва равоқиён», ки соли 1992 дар шȳрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ҳимоя карда шудааст, то кунун қадру манзалати худро гум накардааст.
Илова ба ин, барои рушду нумуи ин самти фалсафӣ аз тарафи устод чандин асарҳои илмӣ эҷод гардидаанд. Дар маҷмуъ эшон дар ин самт зиёда аз 250 асари илмӣ, аз ҷумла 5 монография, 4 китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмии дигар навишта шудаанд. Муҳимтаринашон китобҳои «Логика Ибн Сины» (соли 1991), мунтахаби осори «Абȳалӣ ибни Сино» (ҷилди 6) ва ғайра ҳастанд. Профессор Сайфуллоев Н. М. муҳаррир ва узви ҳайати таҳририи «Осор»-и 16 ҷилдаи Абȳалӣ ибни Сино мебошанд.
Профессор Сайфуллоев Н. М. дар тȳли фаъолияти илмиашон ба тайёр кардани кадрҳои болаёқати соҳа аҳамияти ҷиддӣ додаанд ва имрȳз ҳам ин корро идома медиҳанд. Ба ин мақсад, солҳои тȳлонӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 1992 - 1997); Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия (солҳои 1997 - 2010) барои донишҷȳён дарс хондаанд. Имрȳз ҳам профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мебошанд. Таҳти роҳбарии онҳо 2 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.
Ба синну соли худ нигоҳ накарда, профессор Сайфуллоев Н.М. имрȳзҳо дар вазифаи мудири шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институт фаъолият карда, барои олимони ҷавон як намунаи ибратбахш мебошанд. Дар банақшагирӣ ва татбиқи тамоми чорабиниҳои илмӣ-маърифатии Институт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳмгузор ҳастанд. Бо донишу заковати илмиашон дар байни шогирдон ва кормандони Институт, шаъну эътибори хоса доранд.
Хизматҳои шоёни илмии эшон аз тарафи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институт, инчунин, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии бонуфузи байналмилалӣ, қадрдонӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки шиносоии банда бо профессор Сайфуллоев Н.М. ҳанȳз аз солҳои 90 – уми асри гузашта сарчашма мегирад. Чунончи, соли 2001 даврони ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон кор карданам, бо тавсияи он кас ба ман муяссар гардид, ки ба вилояти тоҷикнишини Чимкент, аз ҷумла зодгоҳи эшон, борҳо сафар намоям ва аз буду боши ҳамватанони бурунмарзиамон аз наздик дидан кунам. Дар якчанд сафарҳо мо якҷо будем.
Дар робита ба ин мавзуъ ҳаминро қайд карданиам, ки тоҷикон дар 5 (панҷ) деҳаҳои вилояти Чимкент иқомат мекунанд. Аслан онҳо ба ду гурȳҳ тақсим мешаванд. Аксариятро тоҷикони Вориш ташкил медиҳанд, боқимонда тоҷикони Самарқанду Бухоро ҳастанд. Профессор Сайфуллоев Н. М. аз оилаи бонуфузи воришиҳо мебошанд ва дар байни онҳо шахси обрȳманду шинохта ба ҳисоб мераванд. Он замон дар маҳаллҳои тоҷикнишини мазкур барои тоҷикон 5 мактаби таҳсилоти миёнаи сирф тоҷикӣ, як мактаби тоҷикӣ - ȳзбекӣ ва як мактаби тоҷикӣ – қазоқӣ вуҷуд дошт.
Дар натиҷаи боздиду сȳҳбатҳо бо масъулин маълум гардид, ки макотиби мазкур аз нарасидани китобҳои дарсӣ, лавозимоти зарурии техникӣ ва муаллимони забони тоҷикӣ танқисӣ доранд. Камбудии ҷиддӣ он буд, ки баъд аз хатми мактаби миёна, тоҷикон наметавонистанд дар муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил кунанд, чун дар онҳо ба забони тоҷикӣ дарс дода намешавад. Рȳи ин проблема мо бо профессор Сайфуллоев Н. М. сȳҳбатҳои зиёде доштем. Дар ҳалли ин масоил он кас маслиҳатҳои муфид медоданд.
Баъд қарор шуд, ки китобҳои дарсиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоем. Ба ин мақсад банда зимни яке аз сафарҳоям ба ш. Душанбе аз идораи «Тоҷикматлумот» теъдоди зиёди китобҳои замони шȳравиро ба забони тоҷикӣ харидорӣ намуда, ба ҳамзабонони худ тақдим намудам.
Сипас ин масъала ба сатҳи роҳбарияти кишвар расонида шуд. Дар рафти яке аз сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, барои тоҷикони вилояти Чимкент миқдори зиёди китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ, лавозимоти зарурии техникии тадрисӣ ва ғайра дастрас карда шуданд. Баъдан оид ба таҳсили ҳамасолаи 100 нафар хатмкунандагони маҳаллоти номбурдаи вилояти Чимкент дар макотиби олии кишвар, аз тарафи Пешвои миллат қарори дахлдор қабул гардид. Дар асоси он ҳамасола дар ҷумҳуриамон фиристодагони тоҷикзабони Чимкент таҳсили олиро фаро мегиранд.
Аз ин лиҳоз, дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо ҳамватанони бурунмарзии дар Ҷумҳурии Қазоқистон иқоматдошта, саҳми профессор Сайфуллоев Н. М. бисёр азим мебошад.
Дар хотима бори дигар Нигматулло Мирзоевичро бо ҷашни 80 солагӣ муборакбод мегȳям ва тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон орзумандам.
 
Искандаров А.И.,
д.и.с., профессор,
мудири шуъбаи масоили сиёсии ИФСҲ АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia