casino malaysia
casino malaysia
Умре ҳама дар хидмати илму маориф

wrapper

(Ба истиқболи ҷашни 80 солагии доктори илмҳои фалсафа, профессор Неъматулло Сайфуллоев)
  
  Илму маориф аз самтҳои афзалиятдошта ва муҳими ҷомеаи мо ба шумор рафта, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари он қарор доранд. Дар марҳилаи ҳозираи пешрафти Тоҷикистон ба ин соҳаҳо диққати хосса дода мешавад, зеро ин ду соҳа пояҳои асосии давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро ташкил медиҳанд.   
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолинаашон ба Маҷлиси Олӣ дар ин маврид чунин қайд намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро меандешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додаем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Ҳамзамон, дар ин робита бо мақсади тақвият бахшидани донишҳои амалии замонавӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар дигар Паёми гузаштаашон пешниҳод намуда буданд, ки “солҳои 2020 - 2040 - солҳои бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Ин иқдом хеле саривақтӣ ва муҳиму ҷиддӣ мебошад, зеро иқтисоду истеҳсолоти ватанӣ ба ихтирооту навоварӣ ва ташаббускорӣ такая мекунанд ва пешрафти ин гуна падидаҳо бидуни илмҳои дақиқ ғайриимкон мебошад.
     Зикр намудан муҳим аст, ки маҳз дар заминаи ҳамин сиёсати илмпарварона ва бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ кишвари мо ба марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гаштаву натиҷаҳои он барои ҳама равшан аст ва дастовардҳои баланди 30 – соли даврони итиқлол далели он мебошанд. Имрӯз низ шоҳиди он ҳастем, ки сарвари давлат бунёдкориву созандагиро аз усули меҳварии фаъолияти худ ва рушди кишвар қарор дода, барои пешрафти Ватани азизамон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар амалӣ намудани ин сиёсати созандагӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои ба он рабтдошта махсусан саҳми олимону донишмандон ва шахсиятҳои ҷамъиятии кишвар  муҳим аст.
   Яке аз чунин олимону донишмандон, ки ҳаёту зиндагӣ ва донишу таҷрибаи фаровони худро барои пешрафти илм, маориф ва ободонии кишвар равонаву сарф намудааст, ин доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи Славянии Россия - Тоҷикистон, устод Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич мебошад. Неъматулло Сайфуллоев аз шахсиятҳои шинохта  ва маъруфи фазои илмӣ ва омӯзгории кишвари мо ба шумор меравад. Он кас ба ҳайси олими варзида, муҳаққиқи мӯшикофу нуктасанҷ, омӯзгори пуртаҷриба ва роҳнамову мушовири илмии насли ҷавони мамлакат, махсусан дар соҳаи илми мантиқ ва фалсафаи илм кайҳо боз соҳиби обурӯву эътибор мебошад.
    Илми мантиқ аз илмҳои мураккаб ва заҳматталаб буда, вале дар айни замон муҳиму калидии соҳаи донишҳои илмӣ ба шумор меравад, ки на ҳар кас ҷуръату тавони омӯзишу фаолият дар муҳити он ва тарбияи шогирдонро дар ин соҳа мекунад. Шайхурраис Ибни Сино мантиқро “тарозуи илмҳо” гуфтаву олоту дастгоҳе таъбир намудааст, ки танҳо тавассути он илмҳои дигар метавонанд ташаккулу низом ва хусусияту машруъияти воқеии илмиро пайдо намоянд. Мантиқ зербинои тафаккур ва қобилияти андешарониву андешасозии аҳли ҷомеа мебошад, ки имрӯз ҷомеаи мо ба ин тарзи тафаккури ақлониву мантиқӣ ва тафаккури техникӣ воқеан ниёз дорад. Мана дар ҳамин соҳаи мураккабу зарурӣ, пурмасъулият ва бахши муҳими илму маориф ҳаёту фаолияти қаҳрамони ин нигоштаи мо Неъматулло Сайфуллоев сарф шудааст.
   Устод Неъматулло Сайфуллоев 20 - уми апрели соли 1942 дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ (ҳоло вилояти Тошканди Ҷумҳури Ӯзбекистон) таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро дар ноҳияи Сариағочи вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон соли 1959 ба итмом расонида, ҳамин сол ба факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров) дохил мешавад. Фазо ва муҳити донишгоҳӣ ба фаъолияти баъдинаи ин ҷавони ташнаи маърифат ва хушзеҳну ҷӯё шароиту фазои мусоидро фароҳам овард. Пайваста донишу маърифат ва ҷаҳонбинии худро такмил медод. Дар даврони донишҷӯӣ аз толибилмони беҳтарин ба шумор рафта, донишкадаи мазкурро соли 1964  бомуваффақият ва  бо дипломи аъло хатм менамояд. Баъди хатми донишкада бо роҳхат ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи Милли Тоҷикистон) фиристода шуда, дар давоми солҳои 1964 то 1969 дар ин маркази илмию фарҳангӣ ба ҳайси ассистент кору фаъолият менамояд. Саъю кӯшиш ва ғайрату дониши мутахассиси ҷавонро ба назар гирифта, раёсати донишгоҳ ӯро барои идомаи таҳсил ба аспирантура ба шаҳри Москва мефиристад. Имтиҳонҳои дохилшавии аспирантураро Сайфуллоев бо муваффақият супорида, дар давоми солҳои 1969-1972 бахши аспирантураи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро ба итмом мерасонад. Баъди ин, рисолаи номзадияшро зери роҳбарии олими намоёни шӯравӣ, профессор Е.К. Войшвилло дар мавзӯи «Таҳлили мантиқии мафҳуми миқдор» аз рӯи ихтисоси 09.00.07- мантиқ дар Шӯрои диссертатсионии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносов дар соли 1975 дифоъ мекунад. Баъди дифои рисолаи номзадӣ Неъматулло Сайфуллоев аз соли 1973 то соли 1980 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дар шаҳри Душанбе ифои вазифа менамояд. Баъдтар дар солҳои минбаъда он кас дар вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон ва дар кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи Славянии Россия- Тоҷикистон кору фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгории худро идома медиҳад.    
  Неъматулло Сайфуллоев рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Мантиқи Ибни Сино дар муқоиса бо мантиқи Арасту ва равоқиён» дар соли 1992 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дифоъ намудааст. Ба қалами ин донишманд зиёда аз 250 асари илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 4 китоби дарсӣ, 6 дастури таълимӣ, инчунин мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ, энсиклопедӣ ва дастурҳои  гуногуни таълимӣ тааллуқ доранд, ки ба масъалаҳои гуногуни илмию фалсафӣ ва фалсафаи илм бахшида шудаанд. Аз таълифоти асосии Сайфуллоев асарҳои «Мантиқ», «Таҳлили мантиқии мафҳуми миқдор», «Мантиқи Ибни Сино», «Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат», «Мантиқи «Шифо» зинаи нави инкишофи илми Мантиқ» ва ғайраро ном бурдан мумкин аст, ки ба масъалаҳои гуногуни илми мантиқ ва фалсафа бахшида шудаанд. Дар ҳама ин асарҳо муаллиф бо як услуби хоси таҳқиқотӣ ва воқеънигарона муносибат намуда, паҳлӯҳои гуногуни масоили норавшани онҳо ва зурурияту хусусияти ин гуна масъалаҳоро барои замони нав ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Дар асари «Мантиқи «Шифо» зинаи нави инкишофи илми Мантиқ» Сайфуллоев нуқтаи назари бисёр муҳаққиқони ғарбиро, ки гӯё файлуфони Шарқ ба фалсафаву мантиқи даврони атиқаи Юнон чизи наве илова накардаанд ва фақат онро шарҳу тафсир додаанд, зери интиқод гирифтааст. Муаллиф бар асоси далелҳои қавӣ носуботии ин назарияро рад намуда, собит месозад, ки мутафаккирони асримиёнагии Шарқ дар баробари шарҳу тафсири ақидаҳои фалсафии юнониён, инчунин онҳоро бо дастовардҳои навини илмӣ такмилу сайқал додаанд.   
 Дар баробари ин, Сайфуллоев дар симпозиуму конфронсҳои илмии   гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар дохили кишвар ва хориҷ аз он иштироку баромад намуда, кишвари моро дар байни олимони ҷаҳон муаррифӣ намудааст.
  Ҷабҳаи дигари бисёр муҳими кору фаъолияти устод Неъматулло Сайфуллоев фаъолияти таълимию омӯзгории он кас аст. Дар баробари фаъолияти омӯзгорияш дар донишгоҳ, инчунин ба тарбияи олимони ҷавон низ таваҷҷуҳи хосса доранд. Зери роҳбарии он кас даҳ нафар рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи доктори худро бо ихтисоси мантиқ, ки аз ихтисосҳои мураккабу душвор ба шумор рафтаву он қадар хоҳишмандони зиёд низ надорад, бомуваффақият ҳимоя намудаанд. Инчунин, унвонҷӯёну донишҷӯёни самтҳои дигар ҳам, пайваста аз маслиҳату машварати муфиди он кас баҳравар мебошанд. Ҳамин тариқ, тамоми умри бобаракати ин шахсияти донишманду фарҳангӣ дар рушду пешравии илми ватанӣ ва пешравии соҳаи маориф сарф шудааст.
   Имрӯзҳо устод Неъматулло Сайфуллоев ба синни мубораки 80-солагӣ қадам мениҳад. Аз ин рӯ, эшонро ба зодрӯзи фархундаашон муборакбод гуфта, ба он кас тамоми хушиҳои зиндагӣ, муваффақияти ояндаи илмиву эҷодӣ ва комёбиҳои бардавомро таманно менамоем.   
                                    
                                      Ҷуз ин дуо-т нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
                                    Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
   
                                            Ғаффор Мирзоев,
  доктори илмҳои фалсафа,
                                    мудири  кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia