Skip to main content
Мақолаҳо

РИСОЛАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ҶАШНВОРАҲОИ НАВРӮЗ, МЕҲРГОН ВА САДА

Мардумони эронитабор аз замонҳои қадим мардумони фарҳангофар, тамаддунсоз ва соҳибдавлат буда, дар ин радиф ҷашнҳои мавсимӣ ва ё тақвимӣ, ки бо вижагии хос таҷлил карда мешуданд, аз арзишҳои пурэъҷози онҳо ба ҳисоб мерафтанд. Эронитаборон зери мафҳуми ҷашн амли парастидан, ниёиш кардан, анҷоми расм оинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсон шодию тараб меоварад, мефаҳмиданд.

Мақолаҳо

МЕҲРГОН ҶАШНИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА ФАРОВОНӢ

Ҷашни меҳргон яке аз ҷашнҳои кӯҳани мардуми ориёинажод ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни аҷдоди бо баракати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида ва тӯли чандин сол аст миёни мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Таърих ва аҳамияти ҷашни меҳргон маҳз дар замони соҳибистиқлоли ба воситаи эҳё ва таҷлили он миёни хурду бузурги мамлакат ошно гардонидани шуд.
Мақолаҳо

МЕҲРГОН – МАХЗАНИ БАРАКАТ ВА НАМОДИ РАФОҚАТ

Ҷашни Меҳргон аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми тоҷику форси даврони бостон буда, дар худ рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ дорад. Ин ҷашн монанди дигар ҷашнҳои бостони ориёитабор –Сада, Наврӯз, Тиргон намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониш ва тамаддуну фарҳанги волои онҳо мебошанд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашну расму ойинҳои фарҳангии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд.

Мақолаҳо

МЕҲРГОН ЭҲТИРОМ БА ТАБИАТ ДАР ФАРҲАНГИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Меҳргоно, меҳр бар ёрон фирист,

Шодмониҳо ба ғамдорон фирист.

Ранҷбарҳоро бикун аз ганҷ сер,

Ҳам шифо бар дарди беморон фирист.

Доғи ғам шӯй аз дили ҳар боғбон,

Ҳосили ҳангуфт бар деҳқон фирист.

Мақолаҳо

МЕҲРГОН - ҶАШНИ ХУСРАВОНӢ ВА ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕК

“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.” Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои созанда ин иди бостонӣ дар Тоҷикистон дубора мақоми миллӣ пайдо кард.

Мақолаҳо

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПВЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ ҲАШТУМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН

8 октябри соли 2026 дар минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Ҷумҳурии Туркманистон Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ суханронӣ карданд.
Мақолаҳо

ШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПВЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ ҲАШТУМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН

8 октябри соли 2026 дар минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Ҷумҳурии Туркманистон Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ суханронӣ карданд.
Subscribe to Мақолаҳо
23121