Skip to main content
Мақолаҳо

ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ:

ТАҲЛИЛИ СОТСИОЛОГИИ ЯК РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ

Дар ҷомеаи муосир масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҳар як миллат барои нигоҳ доштани ҳастии таърихии худ на танҳо ба захираҳои иқтисодӣ ё низомӣ, балки пеш аз ҳама ба хотираи таърихӣ, фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба қаҳрамонон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фидокори худ такя менамояд.

Мақолаҳо

ГИРОМИДОШТИ ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Раванди муттаҳиднамоии ҷомеа дар заминаи арзишҳои умумии миллӣ ва таъмини пайванди наслҳо ҳамчун ворисияти сиёсию таърихӣ эътироф гардидааст. Ҷомеае, ки ворисияти сиёсии хешро гум мекунад, робитаи наслҳояш канда мешавад ва агар он арзишҳои умумӣ надошта бошад, дучори буҳрону парокандагӣ мегардад.

Бинобар ин, муттаҳидӣ дар атрофи арзишҳои миллӣ мисли ширеше мебошад, ки сохтори ҷомеаро нигоҳ медорад. Ворисияти сиёсӣ мисли пулест, ки гузаштаро бо оянда мепайвандад. Бе ин ду омил ҳеҷ як ҷомеа наметавонад дар дарозмуддат устувор бимонад.

Мақолаҳо

ИҚДОМИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР - РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИЮ МИЛЛӢ

123Ба даст овардани истиклоли сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем.

Мақолаҳо

БАРҚАРОРСОЗИИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ҲИФЗИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ: АҲАМИЯТИ СИЁСӢ ВА МАЪНАВИИ БОЗГАРДОНИДАНИ ОРОМГОҲИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА НИСОР МУҲАММАД БА ТОҶИКИСТОН

Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими бозгардонидани муште аз хоки чеҳраҳои таърихии миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки нишонаи олии арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанги миллӣ ва бузургдошти хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватани азиз маҳсуб меёбад.Ин рӯйдод танҳо як маросими рамзӣ набуда, балки иқдоми муҳими сиёсӣ, маънавӣ ва таърихӣ дар роҳи барқарорсозии адолати таърихӣ ва эҳёи хотираи миллӣ ба шумор меравад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои ҳувияти миллӣ, худшиносии таърих

Мақолаҳо

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ: ҲОЛАТ ВА ОМИЛҲО

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои нигароникунанда пурзур гардидани ҳаракатҳои экстримистӣ мебошад, ки ғояҳои ингуна ҳаракату равияҳо ба тафаккури шаҳрвандон, алалхусус, ҷавонон роҳ ёфта, рафтору андешаҳои онҳоро тағйир медиҳад. Мутассифона, Тоҷикистон низ аз таъсири ин гуна зуҳуротҳо, махсусан радиклизми динии ҷавонон дар канор намондааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.

Мақолаҳо

ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ТАЪЛИФОТИ ФАЛСАФИИ ИБРОН ШАРИПОВ

Таҳаввулоти инсон дар ҷомеа нисбат ба эволютсияи ӯ дар табиат хеле босуръаттар ба амал меояд. Ба он хотир, ки дар рушду таҳаввулоти иҷтимоии худ инсон на танҳо ба узвҳои бадани органикиаш такя мекунад, балки аз кулли олоту воситаҳои ба таври сунъӣ сохтаи худ, аз воситаҳои техникиву технологияҳои гуногун истифода мебарад. Агар возеҳтар таҳқиқ кунем худи ин воситаҳои сунъии сохташуда давоми мантиқии бадани органикии инсон буда, суръати инкишофи онро дар таҳаввулоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ метезонанд.
Subscribe to Мақолаҳо
23121