МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛ ТО ДОНИШ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
31 августи соли 2026 дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар маросими Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ суханронӣ карданд. Ин мулоқот аз нигоҳи мазмун на танҳо як чорабинии анъанавии оғози соли нави таҳсил, балки баррасии муҳимми самтҳои стратегии рушди минбаъдаи маориф, илм ва тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша доранд, ки : “Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешраф