МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 20 октябри 2026 соати 10.00 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методологӣ: «Умари Хайём – файласуф, адиб ва табиатшиноси бузурги тоҷик» баргузор менамояд.
Мавзӯъҳои пешниҳодшудаи конференсия барои муҳокима:
• Саҳми Умари Хайём дар рушди математика (алгебра, геометрия).
• Таҳқиқоти астрономӣ ва ислоҳоти тақвим.
• Маънои ҳаёт дар фалсафаи Умари Хайём.
• Шаккокӣ, озодандешӣ ва танқиди догматизм.
• Масъалаи инсон ва тақдир аз назари фалсафии Хайём.
• Ахлоқ ва арзишҳои инсондӯстона дар мероси Умари Хайём
Талаботи умумӣ ба мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда:
Ҳаҷми мақола бояд то 10 саҳифаи компютерӣ, иқтибосҳо дар охири матн оварда шаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болои тарафи рости саҳифа баъд аз номи мақола ҷойгир карда шавад. Андозаи ҳошия аз чап - 30 мм, рост – 10 мм, болоӣ – 20 мм, поёнӣ – 20 мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл. 14. Шрифт Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (бо забони тоҷикӣ), барномаи – Word
Забони кории конфронс: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Мӯҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо то 16 октябри 2026 с.
Суроғаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: bogigul_2000@mail.ru
Масъулони тамос: Б.Каримова, М.Шамсов
Рақами телефон барои тамос: (+992) 221-07-28
