Skip to main content

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ ДАР МАВЗУИ “ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ВАҲДАТ, ИСТИҚЛОЛ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ”

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми ноябри соли 2025 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар таҳти унвони “Парчами давлатӣ – рамзи ваҳдат, истиқлол ва худшиносии миллӣ” баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ директори институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода баромад намуда, аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси рамзи истиқлол, ваҳдати миллӣ ва худшиносии давлатдорӣ таҳлил намуданд.

Сипас, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо мавзуи “Парчам – рамзи иттиҳод ва якмаромии миллат” баромад карда, нақши парчамро дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ миёни насли нав таъкид намуд.

Дар идома номзади илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора дар мавзуи “Парчам рамзи иттиҳод ва якмаромии миллат” андешаҳои илмӣ ва тарбиявии худро баён намуда, парчамро ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа шарҳ дод.

Ходими илмии шуъбаи сиёсатшиносӣ Юсуфзода Ш.Х. дар мавзуи “Парчами Тоҷикистон – рамзи Ваҳдату Истиқлол” баромад карда, робитаи рамзҳои давлатии кишварро бо ташаккули давлатдории миллӣ матраҳ намуд.

Чорабинӣ дар фазои илмӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ баргузор шуда, иштирокчиён роҷеъ ба арзиш ва мақоми Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси миллї мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Институт тавассути гузаронидани чунин тадбирњо пайваста фаъолияти маърифатӣ ва илмиро дар самти таблиғи рамзҳои давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ пайваста ба роњ мемонад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123