Skip to main content

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ КӮШИШҲОИ ИЛМИИ ҶАВОНОН

Имрӯз 1 октябри соли 2026 тибқи нақша - чорабиниҳои Шӯрои олимони ҷавони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар ҳамкории муштараки Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Соҳибистиқлолӣ ва уфуқҳои нави кӯшишҳои илмии ҷавонон» доир гардид.

Ин ҳамоиши илмӣ бо мақсади баррасии нақши созандаи насли ҷавон дар рушди тафаккури илмӣ, таҳлили дастовардҳои зеҳнии онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тақвияти неруи кадрии илми ватанӣ ташкил карда шуд. Дар раванди семинар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамгироии илм ва амалия, рушди тадқиқоти байнисоҳавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмию фалсафии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлили амиқи ширкаткунандагон қарор гирифт.

Дар кори семинари илмӣ узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, Раиси шӯрои олимони ҷавони АМИТ номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин, масъули кор бо магистрон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва унвонҷӯёни ИФС АМИТ номзади илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора, Ходими калони илмии шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии ИФС Саидзода Фазилат, Ходими илмии Маркази синошиносӣ Рамазониён Аҳтам ширкат ва суханронӣ намуданд.

Маърузачиён ва муҳаққиқони ҷавон зимни баромадҳои худ ба аҳамияти стратегии дастгириҳои давлатии соҳаи илм ва мақоми аввалиндараҷаи инноватсияҳои илмӣ дар рушди устувори кишвар таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба самтҳои афзалиятноки илми муосир, аз ҷумла рақамикунонӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳқиқи равандҳои сиёсию иҷтимоӣ равона гардида, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ арзёбӣ шуданд.

Ҷамъомади мазкур барои муайян кардани уфуқҳои нави фаъолияти илмии ҷавонон ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои муҳаққиқони ҷавон заминаи мусоид фароҳам овард.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121