Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ
Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ: Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ аз таъсисёбии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) инҷониб арзи вуҷуд дорад.
Сохтори шуъба: мудир, сарходими илмӣ – 2,5 басти корӣ; ходими пешбари илмӣ – 0,5 басти корӣ; ходими калони илмӣ – 0,5 басти корӣ; ходими хурди илмӣ – 1 басти корӣ; лаборанти калон – 1 басти корӣ. Инҳо: Зоир Ҷ.М. (д.и.ҳ., профессор) – мудир, Имомов А.И., (н.и.ҳ., профессор), Иброҳимов С.И., Шарипов Т.Ш. (д.и.ҳ., профессор) – сарходими илмӣ, сарходими илмӣ, Холиқзода А.Ғ. (н.и.ҳ.) – ходими пешбари илмӣ, Мирализода И.Қ. (д.и.ҳ., профессор) – ходими калон, Давлатзода К.Д. (д.и.ҳ., дотсент) – ходими хурди илмӣ ва лаборанти калон Саидзода М.Ё.
Ходимони илмии шуъба бо мақсади рушди падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар замони муосир, ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои мубрами онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, пажӯҳиши самтҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи мамурӣ, мурофиаи маъмурӣ, фаъолияти судӣ ва прокурорӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ ва ҳуқуқи ҷиноятии онро афзалиятнок меҳисобанд.
Дастовардҳои илмии шуъба:
Ходимони илмии шуъба тибқи нақшаи илмӣ-таҳқиқотии буҷавии «Конститутсия ва инкишофи асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон» (сс.2021-2025). ҚД 0121TJ1102 аз 24.02.2021 фаъолияти таҳқиқотӣ бурда, дар доираи мавзуи мазкур то имрӯз ба миқдори 16 моногрфия, китоб ва воситаҳои таълимӣ дар ҳаҷми зиёда аз 252,91 ҷ.ч., 5 маҷмӯа дар ҳаҷми зиёда аз 70,7 ҷ.ч. бештар аз 174 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки ҳамагӣ дар ҳаҷми зиёда аз 109,38 ҷ.ч.-ро ташкил медиҳад, дар асоси онҳо натиҷаҳои консептуалии илмӣ пешниҳод карда шудаанд. Чунончи, натиҷаҳои пажӯҳиш нишон доданд, ки шурӯъ аз соли 2018 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 қабул ва амалӣ гардонида шуда истода аст.
Дар давоми фаъолияти чорсолаи таҳқиқи мавзуи нақшавии илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ходимони илмии шуъба як қатор корҳои таҳиявию чопӣ, ба монанди монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои илмӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, китоби аз ҷониби ходимони илмӣ, профессорон Имомов А. ва Гадоев Б.С. «Луғати истилоҳоти ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ» дар ҳаҷми 116 саҳифа, Маҷмӯаи лексияҳо оид фанни таълимии «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби профессор Гадоев Б. дар соли 2021; аз тарафи профессор Иброҳимов С.И. китоби «Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофотдиҳӣ» дар ҳаҷми 200 саҳифа, аз ҷониби профессорон Иброҳимов С.И., Имомов А.И. монографияи «Масоили инкишофи Конститутсия ва ҳуқуқи мурофиавии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 240 саҳифа дар соли 2022; Гадоев Б.С. монографияи «Худидораи маҳаллӣ ҳамчун шакли ҳокимияти халқӣ дар ҶТ; таҳқиқи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ» дар ҳаҷми 224 саҳифа дар соли 2023; бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби профессорони бахши ҳуқуқ монографияҳои дастаҷамъонаи «Масоили ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 438 саҳифа, «Маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 424 саҳифа, ки кормандони шуъба дар он саҳмгузоранд, аз ҷониби мудири шуъба профессор Зоир Ҷ.М. монографияҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 30-сол, таҳаввулот, назария ва таърих, ҳуқуқи муқоисавӣ, муосир» дар ҳаҷми 401 саҳифа, «Конститутсияи ва масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқ» дар ҳаҷми 432 саҳифа, профессор Имомов А. монографияи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – зуҳуроти сиёсӣ-ҳуқуқӣ» дар ҳаҷми 262 саҳифа, китоби «Фарҳанги истилоҳоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 398 саҳифа дар соли 2024.
Ҳамчунин аз ҷониби ходимони илмии шуъба таҳия намудани китоби силсилавӣ таҳти унвони «Конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳони муосир» ба нақша гирифта шуда, китоби аввал аз ҷониби профессорон Имомов А. ва Иброҳимов С.И. зери унвони «Конститутсияҳои амалкунандаи давлатҳои муосири Осиёи Марказӣ» соли 2024, дар ҳаҷми 220 саҳифа нашр гардида, китоби дуввуми он зери унвони «Конститутсияҳои давлатҳои Кавказ» тибқи нақша дар соли 2025 таҳия мегардад.
Ҳайати кормандони Шуъба:
- Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода
-
(ЗОИРОВ ҶУРАХОН МАҶИДОВИЧ)
Мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум, генерал-майори милитсия, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои умумиҷаҳонии бехатарии дастаҷаъмона, Узви вобастаи Академияи Россиягии илмҳои табиатшиносӣ, дорандаи «Ордени Шараф дараҷаи 2» ва Ҷоизаи илмии АМИТ ба номи академик М.С. Осимӣ, 26 марти соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1983-ум факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ва соли 1993-ум факултети идоракунии Академияи ВКД Россияро хатм намудааст. Соли 1997 рисолаи номзадии илмҳои ҳуқуқро бо ихтисоси:12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар мавзуи; «Хусусиятҳои этносотсиалии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст, ки ба масъалаҳои таърихии пайдоиш ва аз тарафи инсон сар задани ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асарҳои илмиаш намудҳои ҷиноят ва сабабҳои сар задани ҷинояткориро вобаста ба ҷойгиршавии аҳолӣ аз рӯи иҷтимоияти аҳолӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ва чораҳои асосии пешгирии онро дар амалия пешниҳод намудааст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои хуби мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат намудаанд. Дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткрӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар даъвати якуми Маҷлиси Олӣ (солҳои 1995-2000-ум), барои таҳия ва қабули қонунҳои мушаххас лоиҳаҳо пешниҳод намудааст, ки боиси ҷонибдории намояндагони халқ гардидаанд.
Зоир Ҷ.М., аз соли 1995 то соли 2000-ум ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 4 «Академӣ» интихоб гардида, дар Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳамчун аъзо шомил шуда, аксари қонунҳое, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд ва зарурият ба дигаргунсозӣ доштанд, бо ташаббуси ӯ аз тарафи Кумита аз нав таҳия ва пешниҳод мешуданд, ки дар ҷаласаҳои навбатӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии даъвати якум қабул карда шуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешуданд. Дар ҳамин давра (1995-2000) ӯ ба ҳайси Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарулумонии давлатҳои соҳибистиқлол оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ интихоб гардидааст. Дар давраи Раисии Зоир Ҷ.М. комиссияи мазкур қонунҳои намунавии гуногун коркард, таҳия ва барои баррасӣ ба Ҷалласаҳои Ассамблея пешниҳод намудааст, ки ҳамаи онҳо қабул шуда ба давлатҳои аъзо пешниҳод шудаанд. Аз моҳи марти соли 2015-ум то моҳи марти соли 2020, Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод-38 ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният буданд.
Зоир Ҷ.М., соли 2004-ум рисолаи доктории худро бо ихтисосҳои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02. – ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ, танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ дар мавзуи: «Инкишоф ва рушди давлатдории миллӣ дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил» дифоъ намудааст, ки он масъалаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқ, масъалаҳои сохтори давлатдориро аз лиҳози конститутсионӣ, иҷтимоию этносотсиалӣ, геополитика, сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байнахалқӣ ва давлатшиносӣ, назарияи идоракунӣ, дар масъалаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, назария ва амалияи конститутсионализм ва парламентаризмро дар бар мегиранд.
Муаллифи зиёда аз 30 монографияҳо, дастурамалҳои таълимӣ-амалӣ ва зиёда аз 300 мақолаҳои илмие мебошад, ки ба соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, методологияи таҳқиқоти давлатдорӣ, ташаккулёбӣ ва инкишофи этникии иҷтимоии давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ, давлатдории миллӣ дар давлатҳои ҶШС (СССР) ва фазои баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, хусусиятҳои этносотсиалии (проблемаи) масъалаҳои ҷинояткорӣ, мухолифати байни тоҷикон, масъалаҳои ташкилӣ ва тактикаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистӣ (ифротгароӣ), террористӣ ва трансмиллӣ, аз он ҷумла ба соҳаи муомилоти ғайрикунунии маводи нашъадор ва дигар самтҳои илмие, ки ба самтҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тааллуқ доранд, бахшида шудаанд.
Аввалин маротиба соли 2009-ум тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби Зоир Ҷ.М. навишта шуд, ки барои истифодаи оммаи васеи хонандагон, аз ҷумла кормандони оперативии мақомотҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Моҳи майи соли 2015-ум бо дарназардошти он, ки 25-уми марти соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо таҳрири нав қабул гардид, аз тарафи Зоир Ҷ.М. тафсири нави Қонуни мазкур таҳия ва ба чоп бароварда шуд.
Зоир Ҷ.М. аз соли 1997 инҷониб дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва умуман мутахассисон шурӯъ намуда, дар ин ҷода дорои таҷрибаи зиёди педагогӣ буда, дар тарбияи кадрҳои соҳаи ҳуқуқ саҳми арзанда дорад. Ӯ дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ таҷрибаи бойи чандинсола дошта, оид ба амалиётҳои ошкорнамоии ҷиноятҳо ва методологияи назарияи давлат ва ҳуқуқ 10-дастури таълимӣ-методӣ таҳия намуда, барои омӯзиш ва истифодабарӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Рӯси (Славянӣ)-Тоҷикӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дастрас намудааст. Ӯ муаллифи китобҳои детективӣ оиди ҳолатҳои ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин, асарҳои детективии бо номи «Аз пайи як куштор» ва барои безараргардонии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ асар бо номи «Набард дар теппаи марг» навиштааст, ки барои хонандагони касби таваҷҷӯҳи беандоза доранд. Таҳқиқотҳои илмии ӯ, аҳамияти таърихӣ-ҳуқуқӣ, назариявӣ, конститутсионӣ ва амалӣ дошта, хизматҳои илмии ӯ дар инкишофи илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимони ҷавони ин соҳаи бениҳоят муҳим хеле барҷаста мебошанд.
Таҳти роҳбарии илмии ӯ 14-нафар номзадии илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 2-нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ рисолаҳои худро дифоъ намудаанд, 15-нафар унвонҷӯй ва доктор Phd шогирдонро барои ҳимоя тайёр карда истодааст, бо 8-нафар докторанд дар дифои рисолаи доктори ҳамчун (оппонент), ҳарифи расмӣ ва бо 16-нафар унвонҷӯ дар дифои рисолаи номзадиашон ба таври ҳарифи расмӣ ишитирок намуда, баҳогузорӣ намудааст.
Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода дар давраи фаъолияти худ, дар таҳлилу таҳқиқи соҳаи ҳуқуқшиносӣ бевосита иштирок намудааст. Ӯ ҳамчун ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ дар собиқ Институти давлат ва ҳуқуқ ва Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ солҳои дароз фаъолият намуда, аз соли 2024 мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти мазкур мебошад.
Самтҳои таҳқиқот: ҳуқуқи ҷиноӣ, криминология, назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи омӯзиши ҳуқуқ ва давлат, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипиалӣ.
Суроғаи электронӣ (е-майл): zoirov2009@mail.ru
Асарҳои муҳимтарин:
Тоҷикон: Аз давлатдории Сомониён то истиқлолияти давлатӣ, СПб-2014, изд. “Реноме” 286с. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ), хаммуаллифон; Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С. – Душанбе: ҶДММ «Мехрона», 2019. - 240 с. Тоҷикистон: эҳёи давлатдории миллӣ ҶДММ «Чопхонаи Дониш » ш. Душанбе – 2017. 365 с. ( 21,2 –ҷ.ч).Китобҳои таълимӣ:
Муқовимат бо экстремизм ва терроризм (Курси лексияҳо). – Душанбе: Матбааи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022. - 436 с.- Ҳуқуқи инсон ва рушди ҳуқуқи-конститутсионии Тоҷикистон. Дар ҳаммуаллифи бо Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С., ҶДММ «Мехрона-2017»., ш.Душанбе -2019. 437с.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 30-сол, таҳаввулот, назария ва таърих, ҳуқуқи муқоисавӣ, муосир // Зери таҳрири н.и.ҳ., профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.И. Имомов. – Душанбе: «Дониш», 2024. - 401 с. (25,06 ҷ.ч.).
- Конститутсияи ва масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Назарзода Н.Ҷ. ва н.и.ҳ. Шосаидзода Ш.Ш. – Душанбе: «Эр-граф», 2024. - 432 с. (27 ҷ.ч.).
- Маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монографияи дастаҷамъона // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор, академики Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудзода М.А. ва д.и.ҳ., профессор Бобоҷонзода И.Ҳ. – Душанбе: «Дониш», 2024. - 424 с. (Боби 5. – С. 221-239 (1,13 ҷ.ч.).
-
Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович
-
Сарходими шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 16-апрели соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1974 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, факультети ҳуқуқшиносии ин донишгоҳро соли 1979 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1979 то соли 1981 дар факультети ҳуқуқшиносӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ кор карда, соли 1981 ба аспирантураи мақсадноки Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС ш. Москва дохил шудааст. 30 октябри соли 1984 асспирантураи мазкурро бо муваффақият ва пеш аз муҳлат дифо намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Совершенствование правового статуса министерств союзной республики (на примере Таджикской ССР)» (Такмили мақоми ҳуқуқии вазоратҳои ҷумҳурии иттифоқӣ (дар мисоли Тоҷикистон) дар Шӯрои диссертационии 12.00.02 – хатм карда, ба унвони илмии номзади илми ҳуқуқ ноил гардидааст.
Аз соли 1985 то 2005 дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси судя, раиси суди шаҳру ноҳия, судяи суди вилоятӣ, судяи горнизони ҳарбӣ ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2007 ба ҳайси ходими пешбари илмии шуъбаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва аз соли 2009 ходими пешбар, сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқ, ҳоло Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 2 январи соли 2015 вазифаи мудири шуъбаро ба ӯҳда дорад.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Административная юстиция в Центрально-Азиатских государствах: проблемы становления и развития» (Адлияи маъмурӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ: масоили бунёд ва ташаккул) соли 2013 дар Шӯрои диссертационии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Руссия ш. Москва бо ихтисоси – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ дифо намудааст.
Муаллифи зиёда аз 130 асари илмӣ, аз ҷумла 12 монография, 6 китоб ва дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмию тақризҳо мебошад.
Самтҳои тадқиқот: Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ; ҳуқуқи иттилоотӣ.
Суроғаи электронӣ (е-майл): soleh_52@mail.ru
Асарҳои муҳимтарин:
Адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: падидаи давлати ҳуқуқбунёд. Монография. (бо забони давлатӣ). – Душанбе: Ирфон, 2010. – 256 с. (17, 05 п.л. 700-экз). Основные направление формирования и развития института административной юстиции в государствах Центральной Азии: сравнительно-правовое исследование. (монография). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2011. – 288 с. (18,0 п.л.). Судебно-правовые реформы в Республике Таджикистан и эффективность административно-правовых мер борьбы с коррупцией. (монография в соавторстве с Уруновой Ш.А.). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2012. – 147 с. (9,25 п.л. 1000-экз). Административная юстиция в государствах Центральной Азии в условиях глобализации и региональной интеграции. Монография. – Берлин: Изд-во LAP, PUBlicashn, 2013. – 439 с. Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. – 840 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо гурӯҳи кормандони шуъба). Проблемы административной юстиции в Республике Таджикистан и странах Центральной Азии: концептуальные подходы. – Душанбе: Дониш, 2015. – 765 с. - Китобҳои таълимӣ:
-
- Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 299 с. (18.85 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
- Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 327 с. (20.55 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
- Тартиб ва ташкили гузаронидани бозиҳои судии мурофиавии иқтисодӣ. – Душанбе: Эрграф, 2010. – 187 с. (13.35 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
- Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар зери таҳрири н.и.ҳ.дотсент Болтуев С.Ш. – Душанбе, 2014. – 800 с. (бо гурӯҳи муаллифон ва дастгирии ташкилоти GIZ (Олмон)).
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – комплекси таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 272 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Музаффарова Н.С.).
- Ҳуқуқи мурофиаи иқтисодии ҶТ. / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Бо қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 31.08.2019 ба нашр расидааст.
- Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. – 379 с.
- Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. – 320 с.
- Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. – 334 с.
- Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. – 620 с.
- Иброҳимов С.И. – Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти ҶТ: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофотдиҳӣ. – Душанбе: «Шоҳин», 2022. - 200 с. (12,5 ҷ.ч).
- Иброҳимов С.И., Имомов А.И. – Конститутсияи давлатҳои ҷаҳони муосир. Қисми аввал. Конститутсияи давлатҳои муосири Осиёи Марказӣ. Рисолаи академӣ. – Душанбе, 2024. - 220 с. (13,75 ҷ.ч.).
- Имомов Ашӯрбой
-
Сарходими шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – номзади илмҳои ҳуқуқ, профессор.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) соли 1967 бо ихтисоси ҳуқуқшинос. Ҳимояи рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқшиноси соли 1971 оид ба мавзӯи «Шӯрои вакилони халқи ноҳия (дар асоси маводҳои РСС Тоҷикистон)», аз рӯи ихтисоси 12.00.02, унвони дотсенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони советии ДМТ соли 1994. Солҳои 1974-1986 – дотсенти кафедраи мазкур, солҳои 1986-1990 – муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 1990-1992 – муовин, Раиси Кумитаи назорати конститусионии Тоҷикистон, солҳои 1993-1994 – дотсенти кафедраи мазкур, солҳои 1994-2005 мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ, аз соли 2005 то 2019 дотсенти кафедраи мазкур, аз соли 2019 то ҳол и.в. профессори ДМТ.
Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳуқуқи Институти фалсафаи АИ ҶТ, аз соли 2007 то соли 2014 – мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, пас аз муттаҳидгардӣ дар соли 2011 – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, аз соли 2015 то инҷониб Сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти мазкур мебошад.
Муаллифи қариб 75 рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, матни лексияҳо, воситаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ буда, зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ дар маҷалла ва маҷмӯи асарҳои илмии дар Тоҷикистон ва хориҷа нашр намуда, зиёда аз 150 мақолаҳои илмию оммавӣ дар рӯзномаҳо ва сайтҳои электронӣ ба чоп расонидааст.
Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Центральная Азия и Кавказ», ки бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра дар давлати Шветсия чоп мешавад (аз соли 1998 то ҳол), маҷаллаи «Давлат ва ҳуқуқ», ки аз соли 1996 то соли 2012 чоп мешуд ва маҷаллаи «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» аз соли 2011 то ҳол чоп мегардад. Бо бисёр мукофотҳо сарфароз шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон.
Самтҳои таҳқиқот: масоилҳои ҳуқуқи конститутсионии (давлатии) ҶТ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи интихоботӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрванд, сохтори миллӣ-давлатӣ ва марзию маъмурӣ.
Суроғаи электронӣ (е-майл): shhl-ifhs-2018@list.ru
Монографияҳои дастаҷамъонаи ходимони илмии шуъба
- Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. - 840 с.
- Маҷмӯаи конститусияҳои Тоҷикистон // Зери таҳрири Б. Гадоев. – Душанбе: “Дониш”, 2015. - 633 с.
- Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. -379 с.
- Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. - 320 с.
- Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. - 334 с.
- Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. - 620 с.
- Масоили ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024). Монографияи дастаҷамъона // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: «Дониш», 2024. - 438 с. (Боби 1. – С.7-157. 9,38 ҷ.ч.).