Skip to main content
Навид

МЕҲРГОН ҲАМЧУН ПАДИДАИ ФАРҲАНГӢ: ТАЪРИХ, МАЗМУН ВА АҲАММИЯТИ ИҶТИМОИИ ОН

Имрӯз, 12 октябр дар кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба ҷашни Меҳргон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Меҳргон ҳамчун падидаи фарҳангӣ: таърих, мазмун ва аҳаммияти иҷтимоии он» баргузор гардид.

Семинарро директори Институт Маҳмадизода Н. Д. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги ниёгони тоҷикон буда, моҳияти он сулҳу дӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба неъматҳои моддию маънавиро ифода мекунад.

Навид

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ЗАБОН ҲАМЧУН ПОЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ” ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ

Дар таърихи 5 октиябри соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забон ҳамчун пояи худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар он маърузаи номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи маъалаҳои фалсафии дин Илҳом Қурбоншоев “Забони миллӣ дар сархати ҳувияти миллӣ” шунида шуда, оид ба масъалаҳои баррасишуда доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода – директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.

Навид

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ КӮШИШҲОИ ИЛМИИ ҶАВОНОН

Имрӯз 1 октябри соли 2026 тибқи нақша - чорабиниҳои Шӯрои олимони ҷавони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар ҳамкории муштараки Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Соҳибистиқлолӣ ва уфуқҳои нави кӯшишҳои илмии ҷавонон» доир гардид.

Ин ҳамоиши илмӣ бо мақсади баррасии нақши созандаи насли ҷавон дар рушди тафаккури илмӣ, таҳлили дастовардҳои зеҳнии онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тақвияти неруи кадрии илми ватанӣ ташкил карда шуд.

Навид

ҚАДРШИНОСИИ ХИЗМАТИ ШОИСТА!

Директори Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Назариев Рамазон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.

Мукофоти арзандаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар вазъияти тантанавӣ ба профессор Назариев Рамазон супориданд.

Навид

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Бедилзода Ҳусайн Кабут рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Манфиатҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва стратегияҳои мутобиқсозӣ ба муҳити геополитикии минтақа» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Мушовири илмии рисола доктори илмҳои фалсафа Хидирзода М.У.
Навид

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАВЛОНО ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

29 сентябри соли 2026 дар Маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.
Навид

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД

25 сентябри соли 2026, дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои муҳими мавриди баррасӣ қарордошта шинос намуд.

Навид

Тарбияи кадрҳои илмии насли нав: таҳлили раванди аттестатсияи докторантон

Имрӯз, 23 сентябри соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аттестатсияи докторантони PhD баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти институт ва масъулони бахшҳои марбута иштирок намуданд. Дар рафти аттестатсия фаъолияти илмию таҳқиқотии докторантон, раванди омодасозии диссертатсияҳо, натиҷаҳои бадастомада ва иҷрои нақшаҳои инфиродии онҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт. Докторантон доир ба корҳои илмии анҷомдодаи худ гузориш доданд.

Subscribe to Навид
23121