Skip to main content
Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Имрӯз, 23 декабри соли 2025, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Сармояи иҷтимоӣ: заминаи рушди босуботи ҷомеаи муосир» баргузор гардид.

Семинари илмиро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Назим Давлатмурод оғоз бахшида, зимни баромади худ аҳаммияти сармояи иҷтимоиро ҳамчун омили муҳими рушди устувори ҷомеа, таҳкими эътимоди иҷтимоӣ, ҳамбастагии шаҳрвандон ва устувории институтҳои ҷамъиятӣ мавриди таҳлил қарор доданд.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ "ТОҶИКОН, ТОҶИКИЯТ ВА АРЗИШҲОИ ИИЛЛӢ" ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

19 декабри соли 2025 бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикон, тоҷикият ва арзишҳои миллӣ» баргузор гардид.

Семинар дар толори Маркази пиряхшиносӣ доир гардида, дар кори он олимону муҳаққиқон, устодони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инчунин намояндагони доираҳои илмӣ фаъолона иштирок намуданд.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Имрӯз дар толори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ дар бартараф намудани зуҳуроти номатлуби замони муосир» баргузор гардид.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ–АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Имрӯз 26 сентябри соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ–амалӣ зери унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол амнтарин кишвари ҷаҳон» баргузор гардид.

Дар кори семинар ҳайати илмӣ, устодон ва муҳаққиқон ширкат варзиданд. Семинар бахшида шуда буд, ба ҷойгоҳи баланд касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии амният ва бехатарӣ миёни кишварҳои ҷаҳон.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Имрӯз, 19 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Масъалаҳои омӯзиши фалсафаи ниёгон» баргузор гардид.

Чорабинии илмӣ дар доираи таҷлили 80-солагии муҳаққиқи шинохта Шарипов Абдуғафор ташкил шуда, ба масъалаҳои марбут ба мероси ғании фалсафии ниёгон, арзишҳои маънавию илмӣ ва нақши он дар ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносии ҷомеа бахшида шуд.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОМУЗИШӢ

Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо магистратрони курси 2-юми риштаи ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ семинари илмӣ - омӯзиши доир карда шуд.

Дар семинар котиби илмии Институт номзади илмҳои фалсафа Назаров Саъдулло ва мудири шӯъбаи магистратура, докторантура PhD ва унвонҷӯён номзади илмҳои педагогӣ С.Абдумуминзода доир ба таҳияи мақолаҳои илмӣ ва рисолаи илмӣ дар зинаи магистратура суханронӣ намуда, магистронро барои иҷрои корҳои илмии босифат ва нозукиҳои онро донистан роҳнамоӣ намуданд.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “ҶАВОНОН ВА МАВҚЕИ МЕҲВАРИИ ОНҲО ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон ва мавқеи меҳварии онҳо дар сиёсати Пешвои миллат” баргузор гардид.

Семинарро директори Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, ҷавононро бо рӯзи ҷавонон табрику таҳният намуданд.

Subscribe to Семинари илмӣ
3123123