Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Имрӯз, 15 майи соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши оила ҳамчун манбаи сармояи иҷтимоӣ дар рушди ҷомеаи муосир» баргузор гардид.

Семинари илмиро муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти оиларо ҳамчун пояи асосии ҷомеа ва омили муҳими ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқӣ таъкид намуданд. Қайд гардид, ки таҳкими институти оила барои рушди ҷомеаи устувор ва тарбияи насли солим аҳаммияти калидӣ дорад.

Дар идомаи семинар доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДМТ Юнусова Нафисахон Муродовна дар мавзуи «Тарбияи шахсият дар муҳити психологии оила» маърӯза намуда, масъалаҳои вобаста ба таъсири муҳити оилавӣ дар ташаккули шахсият, фарҳанги муошират ва рушди ахлоқии ҷавононро мавриди таҳлил қарор доданд.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Абилзода Гуландом Сардор дар мавзуи «Оила ҳамчун манбаи сармояи иҷтимоӣ дар рушди ҷомеаи муосир» суханронӣ намуда, нақши оиларо дар таҳкими эътимоди иҷтимоӣ, ҳамбастагии ҷомеа ва рушди муносибатҳои иҷтимоӣ шарҳ доданд.

Дар қисми дигари семинар номзади илмҳои сотсиологӣ дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институт Насурова Б. дар мавзуи «Омилҳои асосии устувории оилаҳои муосир дар Тоҷикистон» маъруза намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба пойдории оила, таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба муҳити оилавӣ ва роҳҳои таҳкими муносибатҳои оилавиро баррасӣ намуданд.

Дар рафти семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрами вобаста ба таҳкими оила, рушди сармояи иҷтимоӣ ва нақши илм дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳокима гардиданд.

Семинар дар фазои илмӣ, созанда ва пурмазмун баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди андешаи иҷтимоиву фалсафии муосир заминаи мусоид фароҳам овард.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121