СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Имрӯз, 23 декабри соли 2025, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Сармояи иҷтимоӣ: заминаи рушди босуботи ҷомеаи муосир» баргузор гардид.
Семинари илмиро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Назим Давлатмурод оғоз бахшида, зимни баромади худ аҳаммияти сармояи иҷтимоиро ҳамчун омили муҳими рушди устувори ҷомеа, таҳкими эътимоди иҷтимоӣ, ҳамбастагии шаҳрвандон ва устувории институтҳои ҷамъиятӣ мавриди таҳлил қарор доданд. Таъкид гардид, ки омӯзиши илмии ин падида барои такмили сиёсати иҷтимоии давлат аҳаммияти хос дорад.
Дар идомаи семинар доктори илмҳои фалсафа Фаттоҳзода Саймурод Самад, сарходими шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ҳувияти миллӣ» баромад намуда, саҳми арзишманди Пешвои миллатро дар таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди тафаккури иҷтимоии муосир таъкид намуданд.
Ҳамчунин, доктори илмҳои фалсафа Назар Мумин Абдучалол, сарходими шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, дар мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ дар сохтори сармояи иҷтимоӣ» маърӯза намуда, таъсири воситаҳои муосири иртиботиро ба ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ, афкори ҷамъиятӣ ва густариши сармояи иҷтимоӣ таҳлил намуданд.
Дар раванди семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди сармояи иҷтимоӣ, нақши илм дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дурнамои таҳқиқоти минбаъда баррасӣ гардиданд.
Семинар дар фазои илмӣ, созанда ва пурмазмун баргузор шуда, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди андешаи фалсафии муосир заминаи мусоид фароҳам овард.
