Skip to main content

ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДОЛОГӢ ДОИР ГАРДИД.

Имрӯз 10 феврали соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-методологӣ дар мавзуи «Саҳми муҳаққиқони тоҷик дар рушди таърихи фалсафа» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии семинар баррасии нақш ва саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар таҳқиқ, омӯзиш ва рушди таърихи фалсафа, инчунин муайян намудани масъалаҳо ва дурнамои илми таърихию фалсафӣ дар шароити муосир мебошад.

Семинарро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти таҳқиқоти таърихи фалсафаро дар рушди тафаккури миллӣ, таҳкими худшиносии илмӣ ва густариши анъанаҳои фалсафии тоҷикон таъкид намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки муҳаққиқони тоҷик дар омӯзиш ва муаррифии мероси бойи фалсафии гузашта ва таҳияи масъалаҳои мубрами фалсафаи муосир саҳми назаррас гузоштаанд.

Дар идомаи семинар, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадҷонова М.Т. дар мавзуи «Саҳми муҳаққиқони тоҷик дар таҳқиқи таърихи фалсафа» маъруза намуда, дастовардҳои муҳаққиқони тоҷикро дар таҳқиқи афкори фалсафии мутафаккирони классикӣ ва муосир, инчунин нақши онҳо дар рушди мактаби миллӣ-фалсафӣ мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамчунин, доктори илмҳои фалсафа, дотсент Диноршоева З.М. дар мавзуи «Проблемы и перспективы развития современной отечественной историко-философской науки» суханронӣ намуда, масъалаҳои мубрами рушди илми таърихию фалсафӣ, аз ҷумла зарурати таҳқиқоти амиқ, истифодаи усулҳои муосири илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмиро баррасӣ намуд.

Дар қисми музокирот иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои пешниҳодгардида мубодилаи афкор намуда, аҳамияти таҳқиқи мероси фалсафии миллӣ, омӯзиши осори мутафаккирони тоҷик ва таҳкими заминаҳои назариявии илми фалсафа дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки идомаи чунин чорабиниҳои илмӣ барои рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқот ва тарбияи насли нави муҳаққиқон мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми семинар зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи таърихи фалсафа ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ барои рушди илми ватанӣ ва таҳкими мавқеи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123