Skip to main content

ҲИКМАТИ НАВРӮЗ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҳти ин унвон имрӯз дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ бо иштироки васеъи докторантон аз рӯи ихтисос PhD доир гардид. Дар кори семинар муҳаққиқони институт доктори илмҳои фалсафа Башир Азизӣ ва номзади илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора суханронӣ намуданд.

Дар суханрониҳо қайд гардид, ки ин Паёми тоза ва умедбахш тарҳи бунёди Маркази байналмиллалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе аст, ки дар Паёми таърихи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар дастури кори мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон қарор гирифт. Дар Паём чунин таъкид гардидааст: "Бо дарназардошти фалсафа ва ҳикмати ҷовидони Наврӯз, суннат ва анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи он барои наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмиллалии Наврӯз бунёд гардад".

Дар охир суолу ҷавоб ва музокироти илмӣ дар атрофи мавзуи семинар доир гардид.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123