Skip to main content

МЕҲРГОН - ҶАШНИ ХУСРАВОНӢ ВА ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕК

“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.” Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои созанда ин иди бостонӣ дар Тоҷикистон дубора мақоми миллӣ пайдо кард. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538), «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба роҳ монда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути фармону амрҳои расмии давлатӣ барои эҳёи онҳо шароит фароҳам овардаанд. Бешубҳа, бо шарофати талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш дубора эҳё гардида, ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид шуд.

Ҷашни Меҳргон яке аз қадимтарин ва муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ ва бостонии мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон аст, ки ҳамчун рамзи фаровонӣ, файзу баракат, ҷамъоварии ҳосили фаровон ва садоқату меҳнатдӯстӣ таҷлил мегардад.

Баъди ба даст овардани Истиқлололияти давлатӣ дар кишварамон ҷашни Меҳргон дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардид. Ҷашни Меҳргон рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, дӯстӣ ва пирӯзии адолат ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ бисёрҷабҳа буда, ҷанбаҳои таърихӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзиро дар бар мегирад.

Меҳргон тибқи андеша ва маълумоти сарчашмаҳо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Ин ҷашн дар замонҳои қадим бо фасли тирамоҳ ва анҷоми кори кишоварзону ғунучини ҳосил пайваст гардидааст.

Калимаи «меҳр» ба маънои рӯшноӣ, муҳаббат, гармӣ, аҳду паймон, сидқу вафодорӣ, эҳтиром ва итминон ба якдигар мебошад. Рисолати асосии ин ид наздик кардани қалбҳо, бартараф кардани кудурату нобоварӣ ва густариши муросову ҳамдигарфаҳмӣ миёни инсонҳо буда, рисолати аввалиндараҷаи он наздик кардани одамон, бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар ва мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ мебошад.

Ба ақидаи донишмандон ва таърихнигорон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон дастархони пурнозу неъмат мегустурданд ва аз рӯзҳои гузашта бо хушҳолӣ ёд мекарданд. Дар бораи хони Меҳргон ва ороиши он дар манбаъҳо чунин ишора шудааст:«Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матоъе, ки ранги арғувонӣ дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хурданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад».

«Дар бораи шукӯҳу шаҳомати иди Меҳргон дар манбаъ, сарчашма ва осори мутафаккирону адибон андешаҳои ҷолиб оварда шудааст. Аз ҷумла, муаллифи ҳамосаи шӯҳратёри таърихӣ – Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил намудани Меҳргонро борҳо хотиррасон менамояд: «Пайдоиши ин ҷашнвораро мувофиқи сарчашмаҳо дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирадавсӣ ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонанд. Бо вуҷуди ин, маҳз дар замони Сосониён ҷашни Меҳргон ба расмият даромадааст. Аввалин иқдомро дар ин роҳ писари шоҳ Шопури Сосонӣ Ҳурмуз анҷом дод ва баъдтар Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар давраи Сомониён ба авҷи камол расид».

Дар рӯзи иди Меҳргон шоҳони Сосонӣ тоҷеро бар сар мениҳоданд, ки дар он тасвири хуршед ва аробаи он мунаққаш буд, ки ин ҳамчун рамзи парастиши нур, гармо ва ҳаёт дар рӯи замин ба ҳисоб мерафт.

Доир ба моҳи Меҳр дар «Авасто» ва дар баъзе матнҳои зардуштӣ низ маълумотҳои кофӣ то рӯзгори мо омада расидаанд. Мувофиқи маълумоту сарчашмаҳои хаттӣ, ба ѓайр аз Меҳргон, дигар идҳо, ба монанди Сада ва Наврӯз дар байни ниёгони мо маълум ва машҳур буд. Дар сарчашмаю манобеи хаттӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём дар бораи ин идҳо маълумоти зиёд оварда шудааст.

Ба ѓайр аз ин, сарчашмаҳои кӯҳантарин оид ба ҷашни Меҳргон, аз ҷумла «Китоб-ут-тоҷ»-и ал-Ҷоҳиз, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ доир ба моҳи Меҳр ва моҳияти он маълумотҳо додаанд.

Мардумшиноси машҳур Н.А.Кисляков қайд намудааст, ки «Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз дар сарзамини ориёӣ иди бузург ҳисобида шуда, бо риояи расму русуми қадимаи ориёӣ гузаронида мешудааст».

Ин ҷашн дар радифи Сада, Наврӯз ва Тиргон аз ҷумлаи идҳои марбут ба фарҳанги кишоварзони тоҷик буда, дар давраи эътидоли тирамоҳӣ бо мақсади ҷамъбасти ҳосили бо меҳнати ҳалол парваридашуда таҷлил мегардид. Аҳамият ва арзиши имрӯзаи ин ҷашн пос доштани суннатҳои аҷдодӣ ва ба наслҳои ҷавон интиқол додани онҳо мебошад.

Мутафаккир ва файласуфи тоҷик Умари Хайём дар асари худ «Наврӯзнома» дар бораи ҷашни Меҳргон маълумоти таърихӣ додааст. Ба ѓайр аз ин, дар осори адибони дигари классики тоҷику форс, ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Абумансури Дақиқӣ ва Масъуди Саъди Салмон суннатҳои ҷашни Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба таври густурда инъикос ёфтаанд. Чунончӣ, Масъуди Саъди Салмон ҷашни Меҳргонро чунин тасвир кардааст:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзо, эй нигар, меҳри чеҳри меҳрубон.

Меҳргон ин таносуб ва ҳамбастагии инсон ба табиат буда, аз ногусастании робитаи онҳо ва хусусияти тавъам доштани онҳо далолат мекунад. Аз ин рӯ, қобили таваҷҷуҳи хос аст, ки соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ моҳияти иҷтимоии ҷашни Меҳргонро ташкил дода, фалсафаи ин ҷашни кӯҳан инсонҳоро ба меҳру муҳаббат ва ҳифзи табиати диёр, анҷоми амалҳои нек, бунёдкорӣ ва созандагӣ, зиндагии саршор аз дӯстиву ваҳдат ҳидоят мекунад.

Ҳамин тариқ, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҳамчун арзиши фарҳангӣ дар хотираи таърихии миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳ ва мавқеи хоси худро дорад. Дарёфти маълумотҳо ва огоҳӣ аз ин ҷашнҳо на танҳо дониши ҳар як шахсро зиёд мегардонад, балки дар тарбияи ахлоқӣ ва тақвияти худшиносию такомули ҳувияти миллии ҷомеаи муосири тоҷик нақши муҳим мегузорад.

Ин ҷашнҳо пояи асолати миллии тоҷикон ба шумор рафта, нишона аз шукргузорӣ аз неъматҳои тирамоҳу заҳмати деҳқон аст.

Иброҳимова С.Ҳ. - Ходими калони илмии шӯъбаи онтология, гносеология ва

мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121