Skip to main content

ҶОМЕАИ МАХЛУТИ РАҚАМӢ: АЗ ТАХАЙЮЛ ТО ВОҚЕИЯТИ НАВОВАРОНА

Гибридӣ-ҳамчун муҳити дугонагии муосири ҳастии инсон. Падидаи махлутият (гибридност), таҷдиди назари он аз тарафи шуури инсон ва «бозтаинии худ» яъне шароити нави ҳастӣ-иҷтимоӣ тақозо мекунад, ки фаҳмиши анъанавии техника ҳамчун абзори итоаткор наметавонад мустақилияти хоси техникаи даврони муосир ва таъсири тағйирдиҳандаи онро барои ҷомеа ба таври кофӣ шарҳ диҳад. Пас савол ба миён меояд: ин феномен чист?(гибридност) чист? Оё ин истилоҳ фарогир аст?. Зеро имрӯзҳо кушиш мекунанд, ки ҳар мафҳум ва маъниро ба он монанд созанд ё мафҳумест, ки дорои маънои мушаххас ва нерӯи тавзеҳдиҳанда мебошад?

123Дар таърифи илми муосир мафҳуми «гибридност» дар заминаи ивазшавӣ маъниидод мешавад. Идеяи ивазшавандагӣ ба давлат, техника технология, омӯзиш, эътиқод, ва гендер таъсир мерасонад. Агар назари дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ кунем, чунин фаҳмидан мумкин аст, ки раванди ивазшавандагӣ марзҳоро халалдор мекунад: cубъект метавонад миллат бошад, объекти техника, ин технологияи истифодашуда, шакли таҳсил, эътиқод, ҷинс ва ғайраро тағйир диҳад. Яке аз омилҳои асосии арзёбии гибридӣ ин нисбияти комил аст: ҳеҷ чиз муҳим нест-ҳама чиз ивазшаванда аст. Инсоният имрӯз бо шаклҳои гуногуни гибридӣ мувоҷеҳ ҳаст: муноқишаи гибридӣ, таълими гибридӣ, шакли фаъолити гибридӣ. Ба андешаи муҳақиқи рус Морозова Е. В. «Масалан дар муноқишаи гибридӣ, худи силоҳҳо воситаи асосии таъсиррасон бар зидди душман нестанд. Маҳз ҷанбаҳои дигар имконият медиҳанд, ки истилоҳи «гибрид» барои муайян кардани чизи ғайримуқаррарӣ, ки бар асоси омехтаи унсурҳо ба монанди ниҳодҳои сиёсӣ гибридӣ сохта шудааст, истифода шавад.

Феномени гибридӣ имрӯз бештар дар заминаи муттаҳидшавии ҷаҳони воқеӣ ва рақамӣ баррасӣ мешавад. Дар ин ҳолат, воридшавӣ ва рушди ҷаҳони воқеӣ ва рақамӣ ба таърифи асосии мафҳуми «гибридӣ», ки хусусияти таркибии ҷомеаи рақамӣ мебошад, табдил ёфтааст.

Рефлексияҳои шартии системаи гибридӣ. Фазои иҷтимоии гибридии пайдошаванда ҳамчун як системаи ягонаи мураккаб ва худташкилкунанда, бо гуногунии иҷтимоию фарҳангии дохилӣ амал мекунад ва маъноҳои навро ба вуҷуд меоарад. Дар ҳолати кунуни фазои иҷтимоии гибридии бавуҷудомада ҳамчун як низоми воҳиди мураккаби худташакулёфта, бо гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фарқкунанда аст. Ин амалро дар шинохти амалҳои киберӣ як шакли низоми сунъи меноманд, ки бар асоси нусхабардории сатҳи баланд ва ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти зеҳни инсон асос ёфтааст.

Ин гуна равиши системаи гибридӣ ба омезиши равишҳои тоза ва олуда асос ёфтааст. Равиши тозаи истифодаи системаҳои коршиносӣ ва пойгоҳои донишро дар асоси мантиқи ҳисоббарории рамзӣ дарбар мегирад. Равиши омехташудаи шабакаи нейронӣ ва технологияҳои ҳисобаробарии эволютисониро дар якҷоягӣ бо биокомпютер (Қ. И. биокомпютер (ё парадигмаи квази-биологӣ) як шохаи биологии зеҳни сунъӣ мебошад, ки ба таҳия ва истифодаи компютерҳое нигаронида шудааст, ки ба мисли организмҳои зинда кор мекунанд ё ҷузъҳои биологӣ, ба истилоҳ биокомпютерҳо доранд)-системаи интеллектуалиро ҳамчун организми зиндаи таҳаввулшаванда баррасӣ мекунанд.

Имрӯз яке аз зуҳуроти гибридӣ дар ҷомеаи рақамӣ ин муттаҳидшавии Homo Digitals ва Homo Sapiens мебошад. Агар дар гузашта Homo sapiens як навъи биологие буд, ки ҳамаи одамоне, ки бо зеҳни хуб, қобилияти тафаккури абстрактиро доро буданд тавсиф мешуд, айни ҳол бошад, Homo Digitals як навъи (инсони рақамӣ) мафҳуми инсонест, ки дар асри рақамӣ ташаккул ёфтааст ва фаъолиятҳои он бо системаҳои киберфизикӣ, интернет ва зеҳни сунъӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Вобаста ба пешрафти технологияи имрӯз бисёре аз амалҳои Homo Sapiens (инсони бохирад- ро Homo Digitals (инсони рақамӣ) иҷро намудаистодааст.[2]Ҷаҳони виртуалӣ ва субъектҳои гунонгуни он новобаста аз макони зист ё сину соли муайян, дар воқеияти иҷтимоӣ фаъолона ва мухолифона амал мекунанд ва ин боиси он гардидааст, ки воридшавии субъектҳои технологӣ, ба муносибтаҳои иҷтимоии ин тавассути зеҳнӣ сунъӣ, инчуни телфонҳои мобилий, планшетҳо ва роботҳои ворид шудаанд.Ҷаҳони виртуалӣ ва субъектҳои технологии муносибати иҷтимоии инсонро дар ҷаҳони кунуни тағйир дода, муоширати байни инсонҳоро имрӯз ҷаҳони рақамӣ бо воситаи дастарасии технология сурат гирифтааст, ки ба арзишиҳои маънавии инсонӣ таъсир расонидааст.

Омилони зеҳни сунъӣ асосан аз ҷониби субъектҳои воқеӣ дар асоси барномасозии генетикӣ сохта шудаанд ва дар рафтор мустақилияти муайян доранд. Рақамикунони ҷомеаи муосир ва нигарониҳо дар атрофи истифодаи аз ҳад зиёди зеҳни сунъӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. "Оё афзоиши аз ҳад зиёди ёрирасонони интеллектуалӣ" боиси пастравии зеҳнии мо мегардад?" «Бо донистани он ки ман ҳамеша ҳисобкунак дар даст дорам, худро маҷбур мекунам, ки рақамҳоро дар зеҳн ё сутун ҳисоб кунам — набудани чунин машқ боиси аз даст додани маҳорат мегардад. Ҳар қадар чунин «ёрирасонон» бештар пайдо шаванд, ҳамон қадар бештар мо ба онҳо «таслим» мешавем ва худро гум мекунем».

Зеҳни гибридӣ қобилиятҳои зеҳни инсонӣ ва сунъиро муттаҳид мекунад. В.И. Игнатев дар бораи фоидаи эҳтимолии роботҳо дар «ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон, афзоиши қобилиятҳои ҷисмонӣ ва маърифатии одамон, кор дар ҷарроҳӣ, протезҳо, кӯмак дар ҳаёти ҳаррӯза, ҳамроҳӣ кардани пиронсолон ва ғайра» менависад. Дар солҳои 2014–2015, ширкати Neurobotics (Маскав, Зеленоград) бо дастгоҳҳои техникӣ таҷрибаҳо анҷом дод, ки ба интерфейсҳои мағзи сар-компютер (BCI) асос ёфтаанд. Технологияҳо ба монанди "пӯшиши иттилоот", "психонетика", "эйдография", технологияҳо барои сохтани луғатҳои нав ва "парвариши" забони нав пайдо шудаанд.

Гибридизм инчунин дар равандҳои омезиши зеҳни инсонӣ ва сунъӣ, масалан, дар заминаи нейропротезҳо, ки имкон медиҳад функсияҳои моторӣ, ҳиссиётӣ ва маърифатии аз даст додашуда барқарор шаванд, мавҷуд аст. Нейростимулятсия ва нейросенсатсия имкон медиҳанд, ки системаи асаби инсон тавассути усулҳои таъсир расонад. Савол табиатан ба миён меояд: оё мо метавонем пешгӯӣ кунем, ки ҳангоми истифодаи технологияҳои монанд бо кадом хатарҳо рӯбарӯ хоҳем шуд? Саволи навбатӣ ин аст: ҳамгироии босуръати технологияҳои интеллектуалӣ ба ҳаёти мо, аз ҷумла шуури мо то чӣ андоза ҳамоҳанг аст. Бердияев Н. А дар бораи он ки оё "шуур, ҳам инфиродӣ ва ҳам иҷтимоӣ... метавонад бе одамон вуҷуд дошта бошад" баҳс мекунад ва қайд мекунад, ки "агар илми маърифатӣ ба мо имкон диҳад, ки тасдиқ ва ба таври таҷрибавӣ исбот кунем, ки шуурро аз мағзи сари инсон ҷудо кардан ва ба компютер"трансплантатсия кардан" мумкин аст, пас бисёре аз масъалаҳои фалсафӣ танҳо маънои худро гум мекунанд.

Ин тарсҳо маҳз бо интизории он алоқаманданд, ки зеҳни сунъӣ дар ниҳоят ба як воҳиди мустақил табдил меёбад, ки аз офарандаи худ мустақил аст ва бо "қудратҳо"-и хеле бештар (суръати реаксия, иқтидори хотира ва ғайра), метавонад ба осонӣ пирӯз шавад." Ва ин, ба андешаи ӯ, рӯй медиҳад, зеро "ба ҷои рушд дар роҳи зеҳни сунъии "қавӣ", чунон ки амалия нишон додааст, зеҳни сунъии "заиф", ки масъалаҳои комилан амалиро ҳал мекунад, асосан рушд кардааст.

Зеҳни сунъӣ ба андозае ба андешаи инсон таъсир расонидааст, ки идея аз мардум имрӯз ба маълумоти пешниҳоднамудаи зеҳни сунъӣ фаъолиташонро ба роҳ мондаанд. Пас савол ба миён меояд, ки тобеъияти ақли инсон ба зеҳни сунъӣ фарҷоми нек надорад. «Хатари ғуломӣ шудани мо ба зеҳни сунъӣ, албатта, тасвире аз романҳои илмии асри 20 нест. ва махлуқи даҳшатноке, ки моро ғулом мекунад ва ин мушкили зиндагӣ бо ишора аст - зиндагӣ бар асоси он чизе, ки ба мо гуфта мешавад ишора бар он чизе, ки мо аллакай дорем... бар асоси манфиатҳои мо хоҳад буд." Ва паёми асосии он ин аст: "Зеҳни сунъӣ чизеро аз нигоҳи асосӣ нав пешниҳод намекунад.

Таъкид бояд кард, ки ин мавзуъ нав нест. Масалан, дар соли 1933, файласуфи бузурги рус Н.А. Бердяев нигаронии зиёдеро ба замони муосир баён карда буд. «Аз нигоҳи ҳаёти органикӣ, технология маънои беҷунбӣ, кандашавӣ дар ҷисмҳои органикии таърих, кандашавӣ байни ҷисм ва рӯҳро дорад. Технология сатҳи нави воқеиятро ошкор мекунад ва ин воқеият офариниши инсон аст, натиҷаи рахнашавии рӯҳ ба табиат ва воридшавии ақл ба унсурҳову равандҳо... Аммо техника ба он чизе, ки одамон аз он талаб мекунанд, итоат намекунад; он қонунҳои худро муқаррар мекунад... Бадани инсон аз ихтирооти худи одамон беэътино аст. Чунин ба назар мерасад, ки пешгирӣ аз оқибатҳои манфӣ танҳо дар шароити назорати "интеллектуалӣ" имконпазир аст. Идоракунии интеллектуалӣ дар муҳити гибридӣ дар чунин системаҳо шакли зеҳни симбиотикӣ дорад.

Азбаски зеҳни сунъӣ наметавонад одамонро дар ҳалли масъалаҳои мураккабе, ки эҷодкорӣ, интуисия, зеҳни эмотсионалӣ ва дигар хислатҳои хоси инсонро талаб мекунанд, пурра иваз кунад, байни компютерҳо ва одамон иттифоқи симбиотикии мутақобилан судманд ба вуҷуд меояд. Ин воҳиди гибридӣ сатҳи мураккабии баландтар дорад. Дар чунин системаи гибридӣ, дугоникҳои рақамии воҳидҳои коллективии шабакавии гурӯҳҳои таъсири сиёсӣ метавонанд ҳамчун системаҳои зеҳни сунъӣ амал кунанд. Дуюмӣ тавассути таҳлили идоракунии равандҳои ташаккули гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар минтақаҳо бо сатҳҳои гуногуни навсозии иҷтимоию фарҳангӣ ва дастгирии аҳолӣ барои стратегияи рушди кишвар то соли 2024 аз ҷиҳати оморӣ муайян шуданд. Ҳамаи системаҳои гибридӣ бар асоси нақшҳои гардиши иттилоот дар омехтаи гибридии воқеиятҳои виртуалӣ ва табиӣ асос ёфтаанд - "тақрибан ду се ҳиссаи иттилооти зарурӣ барои кор аз ҷониби кормандон тавассути муоширати байнишахсӣ ба даст оварда мешавад. Ҳувияти шахсӣ дар муҳити гибридӣ тавассути рақамӣ ё онлайн васеъ мешавад. Аммо, кӯшишҳо барои маҳдуд кардани он низ хеле пойдор ва мунтазаманд. Қобили зикр аст, ки имрӯз истифодаи зеҳни сунъӣ дар равандҳои сиёсӣ хеле гуногун аст. Масалан, эҷоди ботҳое (ботҳо (аз калимаи англисии robot)—барномаҳои худкоре ҳастанд, ки дар интернет ё системаҳои компютерӣ бе дахолати мустақими инсон корҳоро иҷро мекунанд),ки сиёсатмадорони воқеиро ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ тақлид мекунанд. Н.Н. Емелянова изҳороти чунин ботро дар Зеландияи Нав иқтибос меорад:"Хотираи ман беохир аст, аз ин рӯ, ман ҳеҷ гоҳ он чизеро, ки шумо ба ман мегӯед, фаромӯш намекунам ва нодида намегирам. Бар хилофи сиёсатмадори инсонӣ, ҳангоми қабули қарорҳо, ман мавқеи ҳамаро бе таассуб ба назар мегирам.

Чунин пешгӯиҳо зарурати ба назар гирифтани хатарҳои оқибатҳои фаъолияти субъектҳои гибридӣ дар ҷомеаи рақамиро ба миён меоранд.

Хатарҳои рақамии гибридӣ: Берун. кардани дониши пинҳонӣ. Мо шоҳиди норавшан шудани марзҳо байни давлатӣ ва хусусӣ, аз як тараф ва нохоҳиши афрод барои ба дӯш гирифтани масъулият барои тасаввуроти худ, ки онҳо дар интернет эҷод кардаанд, аз тарафи дигар ҳастем. Ғайр аз ин, ҳатто рад кардани пурраи воситаҳои муосири муошират роҳи ҳалли вазъияти кунунӣ нест - он ҳамчун фирор, танҳоӣ дарк карда мешавад - инсони муосир маҷбур аст, ки онлайн бимонад, зеро танҳо бо ин роҳ ӯ метавонад узви фаъоли ҷомеа боқӣ монад.

Аммо, муҳимтар аз ҳама, дугонаҳои беназири рақамии Homo sapiens дар ҷомеаи рақамӣ қариб мустақилона, ҳамзамон бо ҳамтоёни воқеии худ амал хоҳанд кард. Оё мо метавонем дарк кунем, ки он кист? Оё субъекти воқеӣ метавонад бо дугонаҳои рақамии худ, ки онҳоро дар воқеиятҳои гуногуни иҷтимоӣ иваз мекунанд, мубориза барад?

И.Г. Меркулова, қайд мекунад, ки алгоритмҳои зеҳни сунъӣ «дар натиҷаи як занҷири пурраи муносибатҳои сабабу натиҷа пайдо мешаванд: онҳое, ки онҳоро таҳия мекунанд, рамзгузорӣ мекунанд, месанҷанд ва истифода мебаранд, аксар вақт беихтиёр таассуб ва стереотипҳои худро такрор мекунанд... Чӣ тавр алгоритмҳоро бетараф кардан мумкин аст?" Ва мо ба саволи худ ҷавоб меёбем: "Ширкатҳои махсусгардонидашуда пайдо шудаанд, ки абзорҳоро барои арзёбии дараҷаи таассуб дар алгоритмҳо таҳия мекунанд... Далели он, ки ҷомеаи инсонӣ дигар бо принсипи истифода ва ҳамзистии зеҳни сунъӣ қаноатманд нест, балки барои рушд кӯшиш мекунад. Дар ин робита, мантиқӣ аст, ки ба чунин падидае ба монанди берунӣ кардани дониши шахс, яъне намояндагии шахсияти ӯ дар берун (ва дар мавриди мо, дар ҷаҳони маҷозӣ ва воқеӣ), аз ҷумла ғаризаҳо, хоҳишҳо, кайфиятҳо ва услуби тафаккури худ дар заминаи дугонаи дониш муроҷиат кунем.

Беруншавӣ дар асл ба ошкор шудани дониши пинҳон, ниҳон ва пинҳонӣ оварда мерасонад. Г.В. Каныгин ва О.В. Кононова ба "беэътиноии таҳлилгарони иттилоот ба усули прагматикии берунӣ кардани дониши пинҳонӣ" ишора мекунанд. Ин «боиси тақсимоти «пеш аз технологӣ»-и иштирокчиёни ТИК мегардад, ба агентҳои инсонӣ ва компютерӣ», зеро «таҳиягарони технологияҳои муосири «интеллектуалӣ» ифодаи дониши хомӯшро тавассути нутқ дар шакли ҷараёни матн бе назардошти «истифодаи ҳаррӯзаи прагматикии забони табиӣ аз ҷониби ҳар як шахс дар раванди муоширати иҷтимоӣ.

Қобили зикр аст, ки ҷомеаи рақамӣ дар таҳаввулоти худ як қатор роҳҳои ғайрирасмӣ ва ғайримуқаррариро барои ифодаи берунашавӣ пешниҳод мекунад. Аммо, беруншавии пурра, табдили иттилооти пинҳонӣ дар фазои иҷтимоии гибридӣ рӯх намедиҳад ва эҳтимолан рӯх дода наметавонад, зеро мо бо системаҳои "зинда" сарукор дорем, ки файласуфи машҳури рус В.С. Степин онҳоро ҳамчун системаҳои гомеостатикии навъи сеюм муайян кардааст.

Ин маънои онро дорад, ки дар ҳеҷ сурат дар раванди эволютсионии рушд мо наметавонем версияҳои кофии дугоники рақамии инсонро эҷод кунем. Аммо оё мо воқеан ба ин ниёз дорем? Эҳтимол дорад, ки ин барои такрор кардани баъзе ҷанбаҳои падидаи аҷиб ва бисёрҷанба бо номи "инсон" дар дугоники рақамӣ кофӣ бошад. Ва дугоники рақамии он танҳо то андозае ба хусусиятҳои прототипи воқеии он монанд хоҳад буд, гарчанде ки мо инчунин бо фарқиятҳои нозуке дучор хоҳем шуд, ки дар замони эҷоди он пешбинӣ нашуда буданд. Аммо тавре ки маълум аст, дар биология гибриди байнинавъҳо қодир ба такрористеҳсолкунӣ нест наслҳои ояндаи он дорои қисми назарраси фардҳои ғайриҳаётӣ, безарар ва нимбезарар мебошанд-рекомбинатсияҳои номуваффақ. Табиат муҳофизатро аз чунин садамаҳо ба нақша гирифтааст. Оё мо метавонем барои маҳсулоти гибридизатсияи иҷтимоӣ-техникӣ муҳофизати махсус барномарезӣ кунем?

Дар кибернетика, зеҳни гибридӣ эҳтимолан хатарнок аст, зеро назорати инсон бар он аз даст меравад. В.И. Игнатев ҳамэволютсияи одамон ва субъектҳои техноро меомӯзад, ки ӯ роботҳо, алгоритмҳои Big Data, барномаҳои омӯзиши мошинӣ, агентҳои зеҳни сунъиро, ки дар асоси барномасозии генетикӣ сохта шудаанд, Интернети ашё, Интернети саноатӣ ва дастгоҳҳои алоқаи мобилӣ бо зеҳни сунъии дарунсохтро дар бар мегирад. Ӯ ба як пешгӯии норавшан мерасад: дар ҳама сенарияҳои имконпазир, мо бо пайдоиши ҷомеа намудҳои нави субъектҳо бидуни одамон рӯ ба рӯ мешавем. Ва ҳамаи ин дар сурати набудани ҷузъҳои тасдиқи маълумоти вурудии муттаҳидшуда дар алгоритмҳои худомӯзии агентҳои сунъӣ хатари афзоянда дорад.

Хатарҳои гибридии нав ҳамчун "омехтаҳои гибридӣ ё вохӯриҳои ду васоити муошират-лаҳзаи ҳақиқат ва ошкоркунӣ, ки аз он шакли нав ба вуҷуд меояд, аммо энергияи хориҷшуда дар ин вохӯрӣ бо энергияи хориҷшуда "ҳангоми тақсимшавии ҳастаӣ ё синтези термоядерӣ" қобили муқоиса аст.

Хулоса

Бо систематизатсияи мулоҳизаҳои дар боло зикршуда дар бораи падидаи гибридӣ, мо метавонем хулоса барорем, ки воқеияти гибридӣ пайдо мешавад, яъне воридшавии муносибатҳои виртуалӣ ба ҷаҳони воқеӣ. Ҳадди гузарнашаванда аллакай бартараф карда шудааст. Воқеӣ/виртуалӣ, табиӣ/сунъӣ, ҳатто вақте ки мо дар бораи зеҳни инсон ё табиат сухан меронем, инҳо дигар дихотомия нестанд, балки куллӣ мебошанд. Як ҷанбаи коҳиш додани хатари равандҳои гибридизатсия рушди муассисаҳои иҷтимоии рақамӣ мебошад. Дар ҳоле ки дар ҷаҳони табиӣ, одамон раванди тӯлонии иҷтимоишавиро аз сар мегузаронанд, организми иҷтимоии гибридӣ аз сабаби набудани муассисаҳои рақамӣ чунин раванд надорад. Муаллифони мақола дар бораи рақамикунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ташаккули мақсадноки муассисаҳои иҷтимоии рақамӣ аз сабаби мураккабии равандҳои худташкили доимӣ ишора мекунанд. Давлат кӯшиш мекунад, ки ин равандҳоро бо истифода аз ҳамон абзорҳое, ки дар ҷаҳони воқеӣ амал мекунанд, танзим кунад. Аммо табиати ҷаҳони маҷозӣ фарқ мекунад. Одамон дар ҷомеаҳои онлайнӣ мувофиқи арзишҳо, хусусиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва биологии худ ҷамъ мешаванд, дар ҳоле ки марзҳои миллӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳанӯз муқаррар нашудаанд ва қонунҳо ва мамнӯъиятҳо вуҷуд надоранд.

Илҳом Қурбоншоев – н.и.фалсафа, дотсент Мудири шуъбаи

масъалаҳои фалсафии дини ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121