РИСОЛАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ҶАШНВОРАҲОИ НАВРӮЗ, МЕҲРГОН ВА САДА
Мардумони эронитабор аз замонҳои қадим мардумони фарҳангофар, тамаддунсоз ва соҳибдавлат буда, дар ин радиф ҷашнҳои мавсимӣ ва ё тақвимӣ, ки бо вижагии хос таҷлил карда мешуданд, аз арзишҳои пурэъҷози онҳо ба ҳисоб мерафтанд. Эронитаборон зери мафҳуми ҷашн амли парастидан, ниёиш кардан, анҷоми расм оинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсон шодию тараб меоварад, мефаҳмиданд.
