Skip to main content

Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ


          Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шуъбаи  ҳуқуқи байналмилалии  Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро аз 03.04.с.2006 то имрӯз  доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҷабов С.А. ба зимма дорад.

Сохтори шуъба. Дар Шуъба 6 нафар ходимони илмӣ мавҷуд буда,  аз чумла 1 мудири шуъба (д.и.ҳ., профессор Раҷабов С.А.), 4 ходими калони илмӣ (н.и.ҳ. Идиев Ф.Ф., н.и.ҳ. Маҳмадуллозода Н.Р., н.и.ҳ. Назарзода Д.Қ., Ҷабборов Ф.Н.) ва 1 лаборанти калон (Насимова Б.Н.) бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва нашри маҳсули илмии кормандон машғул мебошанд.

          Ҳадафи фаъолияти шуъба:  таҳқиқи ҳамаҷонибаи проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; додани хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаҳои муоҳидаҳо  ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶТ; тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ; таҳия ва нашри монографияҳо, китобҳо, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳо дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ.

          Самтҳои афзалиятноки пажӯҳиш дар шуъба: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ; масоили актуалии ҳуқуқи робитаҳои беруна, асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ; таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ; ҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва ғайрибайналмилалӣ; масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об ва ғ.

Шуъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои  бахшида ба  Рузи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи ҳуқуқи инсон иштироки фаъолона дошт. Мудири Шуъба Раҷабов С.А. раисии шурои дифоъ аз ихтисосҳои 12.00.05 – ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.0010 – ҳуқуқи байналмилалӣ: ҳуқуқи аврупоӣ-ро бар уҳда дорад. Ходимони илмии шуъба Идизода Ф.Ф., Маҳмадуллозода Н.Р. ва Назарзода Д.Қ. дар кори шурои дифои рисолаҳои номзадӣ, аъзо буда, фаъолона иштирок менамоянд. Ходимони илмии шуъба дар машваратҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи миллии илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии АМИТ иштирок доштанд.

          Дастовардҳои шуъба:  Дар муддати солҳои 2006-2024 шуъба се мавзуи панҷсолаи буҷавиро бомуваффақият амалӣ намуд: 1) Проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2012).  Рақами қайди давлатӣ  - 0109ТД784 аз 20.02. с. 2009; 2) Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ: таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ(2013-2017). Рақами қайди давлатӣ  - 0113TJ00312 аз 23.04. с.2013; 3) Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ (2019-2023). Рақами қайди давлатӣ  - 0119TJ00995 аз  07.05. с.2019. Ҳоло шуъба мавзуи чорумро таҳти унвони «Масоили актуалии ҳуқуқи робитаҳои беруна(2025-2029), рақами қайди давлатӣ  - 0125TJ1673 аз 03.03. с.2025-ро мавриди иҷро қарор додааст.  Дар солҳои 2006-2024  кормандони шуъба 16 монография, 4 китоби дарсӣ,  11 воситаи таълимӣ, 2 брошюра, 403 мақола дар ҳаҷми 359, 4 ҷ.ч. ба чоп расониданд.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Раҷабов Саидумар Адинаевич

2342351Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

Ному насаб: Раҷабов Саидумар Адинаевич

Вазифа: мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ (аз 03.04.с.2006 то имрўз)

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои  ҳуқуқ, профессор.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Запорожьеро (Украина) бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1973-1974 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1974-1977 дар мактаби миёнаи умумӣ аз забони англисӣ дарс гуфтааст. Соли 1991 рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқро ҳимоя намудааст. Солҳои 1977-2006 дар макотиби олии касбӣ ба ҳайси ассистент, муаллими калон, мудири кафедра, мудири шуъбаи таълим, муовини ректор оид ба илм ва таълим кор кардааст.  Соли 2008 рисолаи доктори илмҳои ҳуқуқро дар Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия ҳимоя намудааст. Дар давоми солҳои 1996-2007 дар донишгоҳҳои ҷаҳон, мисли Донишгоҳи Турин (Италия), Донишгоҳи Густав Штрассеман дар Бонн (Олмон), Донишгоҳи кушоди Брюссел (Белгия), Донигоҳи Ясси (Руминия), Донишгоҳи Аврупои Марказӣ дар Будапешт (Венгрия), Донишгоҳи Уммон (Иордания), Донишгоҳи Монтана (ИМА), Донишгоҳи Теҳрон (ҶИЭ), Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, МГИМО (Донишгоҳи ВКХ ФР) Донишгоҳи давлатии Новосибирск (Федератсияи Россия), Донишгоҳи давлатии Волгоград, Донишгоҳи юридикии Москва ба номи О.Кутафин ва ғайра аз ҳуқуқи байналмилалӣ лексияҳо ва семинарҳо гузаронида, дар конференсияҳо ва симпозиумҳо баромад кардааст.  Бо медалҳои "60 – солагии  Қувваҳои мусаллаҳи СССР" (с.1978); «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР» (с.1988 ); «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаи III (с.1986) ва дараҷаи II (с.1991); нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2001); Ифтихорномаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2008 ва 2011, 2025) сарфароз гардидааст. Соли 2023 шаҳодатномаи профессори кафедраи ҳуқуқи байналмилалиро аз КОА назди Президенти ҶТ гирифтааст. Муаллифи 22 монография, 4 китоби дарсӣ, 8 воситаи таълимӣ, 2 фарҳанг ва беш аз 400 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ  мебошад.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи байналмилалии об; ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ; ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, судҳо ва трибуналҳои байналмилалӣ,  ҳуқуқи робитаҳои беруна ва ғайра.

Суроғаи электронӣ: saidumar1951@mail.ru

Раҷабов Маҳмадёр Носирович

23432514Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Раҷабов Маҳмадёр Носирович

Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дар соли 1995 бо ихтисоси  ҳуқуқшиносӣ. Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2004 барои дарёфти  дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рўи ихтисоси 12.00.03- ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ. Муаллиф ва ҳаммуаллифи  панҷ монография, чор китоби дарсӣ, 15 воситаи таълимӣ ва зиёда  аз 150 мақолаи илмӣ. Барои хизматҳои шоиста  дар рушди илм  дар соли 1998  бо Ҷоизаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон , соли 2006 бо Ҷоизаи ба номи  Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2007 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии   Тоҷикистон», соли 2014 бо медали ҷашнии «90-солагии Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2019  бо  Ифтихорномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва  Сипосномаи Сардори Хадомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудааст.

Самтҳои таҳқиқот: вазъи гражднӣ-ҳуқуқии хориҷиён  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими  ҳуқуқии вазъи хусусӣ-ҳуқуқӣ ва оммавӣ-ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ. 

Суроғаи электронӣ: rajabov.m.1973@mail.ru

Идизода Файзалӣ Фузайлшо

789786543Ходими калони илмӣ шуъба

Ному насаб: Идизода Файзалӣ Фузайлшо

Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон дар соли 1999 бо ихтисоси хуқуқшинос. Соли 2011 аспирантураи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Россияро бо муваффақият хатм намуда, дар мавзуи «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ рисолаи номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқро навишта, онро ҳимоя намуд. Солҳои 2018 -  директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, солҳои 2018-2019 – ректори ДДОТ дар ноҳияи Рашт, соли 2020 раиси Раёсати  маориф, илм ва иттилооти Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ ва с.2022-2024, вакили мардумӣ ва ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз с.2025 то имрӯз вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро иҷро менамояд. Аз соли 2020 то имрӯз - ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. Монографияи «Асосҳои байналмилалӣ ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳаллу фасли низоъ дар Тоҷикистон» (с.2013), воситаи таълимӣ «Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо» (с.2014), китоби дарсии «Хуқуқи Иттиҳоди Аврупо» (с.2024) ва беш аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расондааст.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ; ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, ҳуқуқи аврупоӣ ва ғайра.

Суроғаи электронӣ: faizali.idiev@gmail.com

 

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло

123Ходими калони илмии шуъба

Ному насаб: Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло

Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон дар соли 2001 бо ихтисоси хуқуқшинос, Академияи хоҷагии халқ ва хизмат давлатии назди Президенти Федератсияи Россия соли 2018 бо ихтисоси аудити давлатӣ.  Соли 2013 дар мавзуи «Правовое регулирование трудовых отношений трудящихся мигрантов в Республике Таджикистан-члене   Евразийского экономического союза» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Солҳои 2015-2022 муовини Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ифои вазифа намудааст. Аз соли 2022 – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. Моҳи феврали с.2025 диссертатсияи докториро дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои байналмилалӣ ва миллӣ” бо муваффақият аз пешдифоъ гузаронд. Бо мукофотҳои давлатӣ Медали хизмати шоиста (2015), Нишони Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (2010)  сазовор гардидааст. Муаллифи 6 китоб, брошюра, китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ ва монография ва 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи меҳнат ва таҳминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи муҳоҷирати байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ ва ғайра.

Суроғаи электронӣ: nurullo_m@mail.ru 

Назарзода Давлатхон Қурбонмурод

12Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2009 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона, маълумоти якум) хатм кардааст. Соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона, маълумоти дуюм) бо ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ хатм кардааст. Солҳои 2018-2022 ба ҳайси сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  кор кардааст. Соли 2022 рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносиро аз ихтисосҳои 12.00.05 – ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.0010 – ҳуқуқи байналмилалӣ: ҳуқуқи аврупоӣ дифоъ намудааст. Аз 1 феврали соли 2022 дар мансаби ходими калони илмии Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад. Муаллифи 2 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, 2 монография ва 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи меҳнат ва таҳминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи робитаҳои беруна ва ғайра.

Суроғаи электронӣ: davlatxon-1986@mail.ru

 

Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович

12Ходими калони илмии шуъба

Ному насаб: Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович

Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2009 Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро (рӯзона) –ро бо ихтисоси   ҳуқуқшинос хатм  кардааст. Солҳои 2010-2011 -       ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии  Институти давлат ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Солҳои 2010-2014 ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2014-2020 - ходими илмии ва аз соли 2020 то имрӯз ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ мебошад. Муаллифи 4 воситаи таълимӣ ва ҳаммуаллифи 6 монография дастаҷамъӣ  ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи байналмилалии об, ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, судҳои байналмилалӣ ва ғайра.

Суроғаи электронӣ: jabborovf@mail.ru

Насимова Басонат Насриддиновна

Лаборанти калони шуъба

Ному насаб: Насимова Басонат Насриддиновна.

Вазифа: Лаборанти калон

Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Солҳои 2012-2017- Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯзона), ихтисос - тарҷумони забони англисӣ. Солҳои 2017- 2020 – Мудири коргузории Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупо, Аз ноябри  соли 2021 то имрӯз дар вазифаи лабаранти калони Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд

Суроғаи электронӣ: nasimovaafsona@gmail.com


  Отдел международного права

Отдел международного права Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана была создана в 2011 году на базе отдела международного права Института государства и права Академии наук Республики Таджикистан (2006-2011). С 03.04.2006 года по сегодняшний день им руководит доктор юридических наук, профессор Раджабов С.А.

Структура отдела. В отделе работают 6 научных сотрудников, в том числе 1 заведующий отделом (д.ю.н., проф. Раджабов С.А.), 4 старших научных сотрудника (к.ю.н. Идизода Ф.Ф., к.ю.н. Махмадуллозода Н.Р., к.ю.н. Назарзода Д.К., к.ю.н. Джабборов Ф.Н. и старший лаборант (Насимова Б.Н.) занимаются научно-исследовательской работой, подготовкой высококвалифицированных научных кадров и публикацией научной продукции.

            Цель деятельности отдела: комплексное исследование актуальных проблем теории и практики международного права в Республике Таджикистан; предоставление экспертных заключений по проектам соглашений, двусторонних и многосторонних соглашений Республики Таджикистан; подготовка высококвалифицированных научных кадров в области международного права и европейского права; разработка и издание монографий, книг, учебных материалов и статей в области международного права.

             Приоритетные направления исследований кафедры: история международного права в Центральноазиатском регионе; актуальные вопросы права внешних сношений, международно-правовые основы обеспечения мира, безопасности и борьбы с преступностью; соотношение международного права и национального законодательства; разрешение международных и немеждународных вооруженных конфликтов; актуальные вопросы международного водного права и др.

Отдел принимала активное участие в организации и проведении конференций, посвящённых Дню независимости Таджикистана, 30-летию Конституции Республики Таджикистан, Дню прав человека. Заведующий отделом Раджабов С.А. является председателем диссертационного совета по специальности 12.00.05 – трудовое право; право социального обеспечения и 12.00.10 – международное право; европейское право. Научные сотрудники отдела Идизода Ф.Ф., Махмадуллозода Н.Р. и Назарзода Д.К. являются членами и активно участвуют в работе диссертационного совета по защите кандидатских диссертаций. Научные сотрудники отдела участвовали в даче консультации ВАК при Президенте Республики Таджикистан, на общих собраниях отделения общественных наук Национальной академии наук Таджикистана.

            Достижения отдела: За период 2006-2024 гг. кафедрой успешно реализованы три пятилетние бюджетные темы: 1) Актуальные проблемы теории и практики международного права в Республике Таджикистан (2008-2012 гг.). Государственный регистрационный номер - 0109ТД784 от 20.02. с. 2009 г.; 2) Международно-правовые основы обеспечения мира, безопасности и борьбы с преступностью: соотношение международного права и национального законодательства (2013-2017гг.). Государственный регистрационный номер - 0113TJ00312 от 23.04. 2013г.; 3) Становление и развитие международного права в Центральноазиатском регионе (2019-2023 гг.). Государственный регистрационный номер - 0119TJ00995 от 07.05. 2019 г. Сейчас в отделе реализовывается четвертая тема под названием «Актуальные проблемы права внешних сношений (2025-2029 гг.). Государственный регистрационный номер - 0125TJ1673 от 03.03.2025г. В 2006-2024 годах сотрудниками отдела опубликовано 16 монографий, 4 учебника, 11 учебно-методических пособий, 2 брошюры, 403 статьи в количестве 359, 4 п.л.

Заведующий отделом международного права

Фамилия, имя отчество: Раджабов Саидумбар Адинаевич

Должность: заведующий отделом международного права (с 3 апреля 2006 г. по настоящее время)

Ученая степень и звание: доктор юридических наук, профессор.

Важные научные и профессиональные достижения: В 1972 году окончил Запорожский государственный университет (Украина) с отличием. В 1973-1974 годах служил в рядах Вооружённых Сил СССР. В 1974-1977 годах преподавал английский язык в общеобразовательной школе. В 1991 году в Москве защитил диссертацию на соискание ученой степени кандидата юридических наук. В 1977-2006 годах работал в высших профессиональных учебных заведениях ассистентом, старшим преподавателем, заведующим кафедрой, начальником отдела по учебе, проректором по науке и учебе. В 2008 году защитил диссертацию на соискание ученой степени доктора юридических наук в Российском университете дружбы народов. В течение 1996-2007 годов выступал с лекциями и проводил семинары по международному праву, выступал на конференциях и симпозиумах в университетах мира, таких как Туринский университет (Италия), Университет Густава Штрассемана в Бонне (Германия), Открытый университет Брюсселя (Бельгия), Ясский университет (Румыния), Центрально-Европейский университет в Будапеште (Венгрия), Амманский университет (Иордания), Университет Монтаны (США), Тегеранский университет (ИРИ), Российский университет дружбы народов, Санкт-Петербургский государственный университет, МГИМО (Университет МИД РФ), Новосибирский государственный университет, Волгоградский государственный университет, Московский юридический университет имени О. Кутафина и др. Награжден государственными наградами: Медали «60 -летие Вооружённых Сил СССР» (1978 г.); «70-летие Вооруженных Сил СССР» (с. 1988 г.); «За безупречную службу» III степени (1986 г.) и II степени (1991 г.); Знак «Отличник образования Республики Таджикистан» (2001 г.); Удостоен почетными грамотами Президента Академии наук Республики Таджикистан (2008, 2011 и 2025 гг.). Является автором 22 монографий, 4 учебников, 8 учебных пособий, 2 брошюр и более 400 научных и научно-методических статей.

 

Идизода Файзали Фузайлшо

789786543

Старший научный сотрудник отдела

Фамилия, имя, отчество: Идизода Файзали Фузайлшо

Должность: Старший научный сотрудник

Ученая степень и звание: кандидат юридических наук.

Важные научные и профессиональные достижения: В 1999 году окончил Таджикский национальный университет по специальности «Правоведение». В 2011 году успешно закончил аспирантуру Института государства и права Академии наук Российской Федерации и защитил кандидатскую диссертацию на соискание ученой степени кандидата юридических наук по теме «Международно-правовые основы участия международных организаций в разрешении конфликта в Таджикистане» по специальности 12.00.10 – международное право; Европейское право. В 2018 году – директор Национального центра законодательства при Президенте РТ, в 2018-2019 годах – ректор ТГПИ в Раштском районе, в 2020 году – начальник управления образования, науки и информации Исполнительного аппарата Президента РТ, 2022-2024 – народный депутат и председатель Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли РТ, а с 2025 г. является председателем Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли РТ. С 2020 года является старшим научным сотрудником отдела международного права Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова НАНТ. Написал монографию «Международно-правовые основы участия международных организаций в разрешении конфликта в Таджикистане» (2013 г.), учебное пособие «Право Европейского Союза» (2014 г.), учебник «Право Европейского Союза» (2024 г.) и опубликовал более 100 научных и научно-популярных статей.

Области исследований: история международного права; право международных организаций, международное уголовное право; международное гуманитарное право, европейское право и т.д.

Адрес электронной почты: faizali.idiev@gmail.com

 

 

Махмадуллозода Нурулло Рахматулло

123

Старший научный сотрудник отдела

Фамилия, имя и отчество: Махмадуллозода Нурулло Рахматулло

Должность: Старший научный сотрудник

Ученая степень и звание: кандидат юридических наук.

Важные научные и профессиональные достижения: Окончил Таджикский национальный университет в 2001 году по специальности «Правоведение», Академию экономики и государственной службы при Президенте Российской Федерации в 2018 году по специальности «Государственный аудит». В 2013 году защитил диссертацию на соискание ученой степени кандидата юридических наук на тему «Правовое регулирование трудовых отношений трудовых мигрантов в Республике Таджикистан – члена Евразийского экономического союза». В 2015-2022 годах он занимал должность заместителя министра труда, занятости населения и миграции. С 2022 г. – старший научный сотрудник отдела международного права Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова НАНТ. В феврале 2025 г успешно прошел предзащиту докторской диссертации на тему «Правовое регулирование трудовой миграции в Республике Таджикистан: международные и национальные аспекты». Награжден медалью «За заслуги» (2015 г.), Отличник в области труда, миграции и занятости (2010 г.). Автор 6 книг, брошюр, учебников, учебных пособий и монографий, более 100 научных и научно-популярных статей.

Области исследований: история международного права; трудовое право и право социального обеспечения, международное миграционное право, международное уголовное право и т.д.

Адрес электронной почты: nurullo_m@mail.ru

 

Назарзода Давлатхон Курбонмурод

12

Старший научный сотрудник отдела

Фамилия, имя и отчество: Назарзода Давлатхон Курбонмурод

Должность: Старший научный сотрудник

Ученая степень и звание: кандидат юридических наук.

Важные научные и профессиональные достижения: в 2009 году окончил Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни (дневная форма, первое образование). В 2021 году окончил Академию государственного управления при Президенте Республики Таджикистан (заочно, второе образование) по специальности «Управление персоналом». В 2018-2022 годах работал начальником управления кадров и специальных вопросов Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. В 2022 году защитил диссертацию на соискание ученой степени кандидата юридических наук по специальностям 12.00.05 – трудовое право; право социального обеспечения и 12.0010 – международное право; европейское право. С 1 февраля 2022 года работает старшим научным сотрудником отдела международного права Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана. Он автор 2 учебников, 2 учебных пособий, 2 монографий, 50 научных и научно-популярных статей.

Области исследований: история международного права; трудовое право и право социального обеспечения, право международных организаций, право внешних сношений и др.

Адрес электронной почты: davlatxon-1986@mail.ru

 

 

Джабборов Фарходджон Нозимович

12

Старший научный сотрудник отдела

Фамилия, имя и отчество: Джабборов Фарходджон Нозимович

Должность: Старший научный сотрудник

Ученая степень и звание: кандидат юридических наук.

Важные научные и профессиональные достижения: в 2009 году окончил Таджикский национальный университет (дневное отделение) по специальности «Юриспруденция». 2010-2011 гг. – младший научный сотрудник отдела международного права Института государства и права Академии наук Республики Таджикистан. 2010-2014 гг. – младший научный сотрудник отдела международного права Института философии, политологии и права Академии наук Республики Таджикистан. С 2014 по 2020 год является научным сотрудником, а с 2020 года по настоящее время – старшим научным сотрудником отдела международного права Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова НАНТ. Он автор 4 учебных пособий и соавтор 6 коллективных монографий и более 50 научных и научно-популярных статей.

Области исследований: история международного права; международное водное право, право международных организаций, право внешних сношений, международные суды и др.

Адрес электронной почты: jabborovf@mail.ru

 

Насимова Басонат Насриддиновна.

Старший лаборант отдела

Фамилия, имя и отчество: Насимова Басонат Насриддиновна.

Должность: Старший лаборант

Ученая степень и звание: не имеет

Важные научные и профессиональные достижения: в 2012-2017гг.- студент Таджикского национального университета (дневное), специальность - переводчик английского языка. 2017- 2020гг. – зав. делопроизводством Института изучения проблем государств  Азии и Европы. С ноября  2021 г. до сегодняшнего дня является старшим лаборантом отдела международного права Института философии, политологии и права имени А.Баховаддинова Национальной  Академии наук Таджикистана. Замужем, имеет 2 детей.

Адрес электронной почты: nasimovaafsona@gmail.com

 

3123123