Skip to main content

ШУЪБАИ ФАЛСАФАИ ИҶТИМОӢ

Дар Шуъба  10 нафар кормандони илмӣ, аз ҷумла 7 доктор ва 3 номзадони илм аз рӯи ихтисоси 09.00.11 фалсафаи иҷтимоӣ фаъолият доранд.

1 апрели соли 1951 дар сохтори  Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шуъбаи фалсафа ҳамчун қисми бунёдии илмҳои  ҷамъиятшиносии Академия таъсис дода шуд, ки дар шуъбаи мазкур  бахши материализми таърихӣ ташкил гардид. Ин бахш соли 1991 ба шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар замони шӯравӣ Шуъба дар самтҳои зерин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медод: асосноккунии назарияи инкишофи ғайрикапиталистии ҷомеаи тоҷик, ташаккул ва ба амал баровардани муносибатҳои нави ҷамъиятии сохти сотсиалистӣ, алоқамандии ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ, қонунияти инкишофи таърих ва фаъолияти бошууронаи одамон, кам кардани фарқи шароити меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ ва ғайра.

Аз соли 1975 то соли 1980 Шуъба дар мавзуи «Асосҳои методологии шуури таърихӣ ва шаклҳои асосии он» ва аз миёнаҳои солҳои 80-ум «Қонунҳои инкишофи сохти иытимоии синфи коргар дар Тоҷикистон» тадқиқотҳо анҷом дод. Истиқлолияти давлатӣ ва тағйироти низоми муносибатҳои иҷтимоӣ боиси тағйир ёфтани мавзуҳои тадқиқотӣ гардид. Ҳоло дар мадди аввал масъалаҳои назария ва таърихи миллат ва муносибатҳои миллӣ меистанд.

Масъалаи дигари актуалӣ “Анъана ва муосирият дар заминаи рушди раванди ҳамбастагии халқи тоҷик" мебошад. Натиҷаи таҳқиқоти ин масъала нишон дод, ки тамоюли тағйирпазирӣ ба шуури ҷомеаи тоҷик бегона набуда, мундариҷаи он имкон медиҳад, ки дар раванди навсозии он ба қабули на моделҳои берунии рушди ҷомеа, балки дар заминаи намунаҳои худаш ба таҳияи чунин равандҳо ва дурнамои бомуваффақият тамаркуз карда шавад.

Солҳои охир аз ҷониби олимони Шуъба дар мавзуи «Сармояи иҷтимоӣ ва нақши он дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021-2025) корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузарониданд. Натиҷаи кори илмии ходимони шуъба дар мақолаю монографияҳо инъикос ёфтааст.

Кормандони илмии шуъба оид ба ин мавзуҳо зиёда аз 80 монография ва китобҳои илмӣ нашр кардаанд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар маводи зерин инъикос ёфтаанд:

Идиев Х. У. Трансформирующееся таджикское общество. – Душанбе, 2004; Асадулаев И. К. Экспансия подобия, демократия и Таджикистан. – Душанбе, 2006.; Назаров Р. Образование и глобализация. – Душанбе, 2008.; Шоисматуллоев Ш. Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо. – Душанбе, 2006.; Ҳайдаров Р. Ҷ. Тараққиёти Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавӣ. - Душанбе, 2006.;. Хайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими Истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. - Душанбе, 2020.; Назаров М. А. (Назар М. А.) Становление нового качества в развитии постсоветского общества. – Душанбе, 2003; Саидов А. С. Социальный капитал: философско-методологический анализ. – Душанбе, 2018.; Шоазимов П. Д. Таджикская идентичность и государственное строительство. – Душанбе, 2003; Қаҳҳоров Ғ. Ғ. Синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккулёбӣ ва рушди оянда. Душанбе, 2013.; Орифҷонова Н. Андешаи миллии халқи тоҷик (таҳлили фалсафию иҷтимоӣ) – Душанбе, 2002.; Усмонзода Х. У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият. – Душанбе, 2021. и др.

Дар Шуъба фаъолияти илмии аспирантон, докторантон ва  магистратон ба роҳ монда шудааст. Роҳбарии шуъбаро номзади илмҳои фалсафа Абилзода Гуландом Сардор ба ӯҳда дорад.

Ҳайати кормандони Шуъба:

 Абилзода Гуландом Сардор

2342342номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

1995-2000-донишҷӯи факултети филологияи тоҷики ДДК ба номи А.Рӯдакӣ;

2000-2001-муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ба номи Комилҷон Файзулоев дар шаҳри Кӯлоб;

2000-2002-ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;

2002-2009 дар  кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  ба ҳайси коромӯз-тадқиқотчӣ, аспиранти шуъбаи рӯзона, ассистент, муаллими калон;

2011-2014-котиби илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;

2014-2024 -мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ (2024 то ҳол).

Хизматҳои Абилзода Г.С. бо мукофоти соҳавӣ Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва бо мукофоти давлатӣ  медали “Хизмати шоиста” соли 2021 қадрдонӣ гардидааст.

Интишороти асосӣ:

Духовно-нравственные основы семьи. Монографияи  илмӣ.  Душанбе-2015, 169саҳ.Сотсиологияи идоракунӣ. Китоби  дарсӣ. Душанбе-2016, 359саҳ. (ҳаммуаллиф);
  •  

  • Этикаи маъмурӣ. Дастури таълимӣ-методӣ. Душанбе-2019. 60саҳ
  • Сотсиологияи идоракунӣ. Дастури  таълимӣ Душанбе-2023, 240саҳ. (ҳаммуаллиф);
  • Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ташаккул ва рушд. Китоби дарсӣ.-Душанбе: Матбааи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2022,-266с.  (ҳаммуаллиф);
  • Боби 5.-и Ҷилди 3-юми Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон:Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Душанбе-2021,505с. (ҳаммуаллиф);
  • Боби 5.-и Ҷилди 5-уми Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон:Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Душанбе-2022,  488с.(ҳаммуаллиф);
  • Нақши  Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва ҷаҳонишавии Наврӯз Душанбе-2023,563с.(ҳаммуаллиф);

 

Сафарова Бону Қурбоновна

12312313Сафарова Бону Қурбоновна 21.06.1980, зодаи н. Восеъ.

ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

2011-2016-донишҷӯи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2017-2018-лаборанти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ факултети фалсафаи ДМТ;

Аз соли 2019 унвонҷӯи кафедраи «Таърихи фалсафа ва  фалсафаи иҷтимои»-и  факултаи фалсафаи ДМТ.

2018-2021 - коргузори садорати факултети фалсафаи ДМТ;

2021-2024 - ассистенти кафедраи диншиносӣ факултети фалсафаи ДМТ;

Аз соли 2024 то ҳол ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.

Мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои КОА қайдшуда:

Сафарова Б.Қ. Таҳлили фалсафии назарияҳои илмӣ доир ба озодӣ ва баробарҳуқуқии занон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2019. – №6. – С. 129-134 Сафарова Б.Қ. Фарҳанги гендерӣ ва хусусиятхои ташаккули он дар Тоҷикистон // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – 2020. – №4 (261). – С. 64-70
  • Ҷумхурии Точикистон  // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2024. – № 11. – С. 154-164.

  • Сафарова Б.Қ. Нақши зан дар ҷомеаи муосир: таҳлили фалсафӣҷтимоӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2020. – №5. – С. 151-156.
  • Сафарова Б.Қ. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи озодӣ ва баробарҳуқуқии занон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2022. – №10. – С. 144-150
  • Сафарова Б.Қ. Ҳаракати гендерӣ ва мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2023. – №11. – С. 144-150
  • Сафарова Б. Қ. Макоми занон дар тахкими истиклолияти давлатии
Назар Муъмин Абдуҷалол

12321Назар Муъмин Абдуҷалол 25.11.1967, дар ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қазон (ФР, 1992), доктори илмҳои фалсафа (2022), дотсент (2013) мебошад. Солҳои 1992-2005 дар ДДМТ (ДМТ) дар вазифаи ассистент, дотсенти кафедраи фалсафа фаъолият кардааст. Соли 2005 ба ҳайси мудири кафедраи навтаъсиси сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, соли 2006 ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи муосири Россия ва Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2006-2011 дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ буд. Соли 2011-2016 мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ, 2016-2019 дотсенти кафедраи мазкур буд. Аз 02.2019 то 11.2023 дар вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ кор кардааст. Ҳоло сарходими илмии Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 120 таълифоти илмӣ, илмӣ-омавӣ ва методии чопшуда тааллуқ дорад. Дар таълифоти ӯ асосан масъалаҳои инкишофи ҷомеаи муосир аз назари фалсафӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд.

Хизматҳои Назар М.А. дар соҳаи илм ва маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015), медали ҷашнии «30 солагии таъсисёбии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2022), ифтихорномаҳои ДМТ, АМИТ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ, КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе ва КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур қадрдонӣ карда шудааст.

Интишороти асосӣ:

- Адолати иҷтимоӣ дар назария ва амалишавии он дар ҳаёти ҷамъиятӣ (таҳлили фалсафӣҷтимоӣ): монография. – Д., 2022;

-Становление нового качества в развитии постсоветского общества. (монография) – Д., 2003;

-Актуальные проблемы переходного общества. (брошюра) – Д., 2000;

-Алоқамандии фалсафа ва илмҳои табиатшиносӣ(воситаи таълимӣ). – Д., 2004;

-Таърих ва фалсфаи илм (воситаи таълимӣ барои аспирантҳо) – Д., 2013;

-Асосҳои мантиқ (китоби дарсӣ, тарҷума аз русӣ). – Д., 2010;

-Фалсафаи илм (воситаи таълимӣ барои аспирантҳо). – Д., 2008, (ҳаммуаллиф);

- Фалсафа (китоби дарсӣ) –Д., 2011 (ҳаммуаллиф);

-Фалсафа ва методологияи илм (китоби дарсӣ) – Д., 2016 (ҳаммуаллиф);

- Мантиқ (китоби дарсӣ) – Д., 2017 (ҳаммуаллиф);

- Фалсафа (китоби дарсӣ. Ҷилди 1) – Д., 2019 (ҳаммуаллиф);

- Фалсафа (китоби дарсӣ. Ҷилди 2) – Д., 2020 (ҳаммуаллиф);

- Муқаддимаи синергетика (китоби дарсӣ). – Д., 2021 (ҳаммуаллиф);

Саидов Абдулманон Саторович


213123

Ном насаб ва номи падар:  Саидов Абдулманон Саторович

Вазифа: И.в. Мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: Доктори  илмҳои  фалсафа, профессор

Кор ва собиқаи фаъолият                   

Солҳои корӣ

Ҷои кор

Солҳои 1974-1979

Донишҷӯи факултети филологияи рус, Донищгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Солҳои 1979-1981

 Муаллими кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Солҳои 1981- 2016

 Муаллим, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра, проректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Солҳои 2016 то ҳоло

Мудири Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ

Рисолаи номзадӣ: «Философско-методологический анализ национального образа жизни» (Ҷумҳурии Белорус, ш. Минск, 1989)

Рисолаи докторӣ: «Нация как субъект социального действия: философско-методологический анализ» (Ҷумҳурии Белорус, ш. Минск, 2000)

 Монографияҳои илмӣ: «Национальный образ жизни и традиционное общество». - Душанбе, 1989. - 132 с.; «Нация как субъект социального действия». - Минск, 1999. – 247с.; «Национальная синергия и переходный период». - Душанбе, 2005. - 196с.; «Социальный капитал: философский анализ». - Душанбе, 2020. - 209с.

Китобҳои дарсӣ: «Асосҳои фалсафа». – Душанбе, 2009. – 344с.; «Таърихи халқи тоҷик». – Душанбе, 2010. – 310с.; «Политология. Учебник для студентов медицинских вузов». – Душанбе, 2011. - 197с.; «Культурология. Учебное пособие для студентов медицинских учебных заведений».    – Душанбе, 2011. - 166с.; «Педагогика и психология для студентов медицинских вузов». – Душанбе, 2012. – 166с.» «Фарҳангшиносӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби тиббӣ». – Душанбе, 2012. - 170с.; «Социальная философия. Учебник для студентов медицинских вузов». – Душанбе, 2014. – 185с.; «Сиёсатшиносӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби тиббӣ». – Душанбе, 2016. – 186с.

Саидов А.С. зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар маҷалллаҳои ватанию хориҷӣ нашр намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъ:

 Аввалин бор дар илмҳои ҷомеашиносӣ, бахусус дар фалсафаи иҷтимоӣ, усули илмии синергетикиро дар таҳлили равандҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бомуваффақият истифода бурда, мактаби илмии худро дар ин самт дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Дар илми фалсафа категорияҳи «амали иҷтимоии миллӣ» ва «синергияи миллӣ»-ро ворид намудааст.

Таҳти роҳбарии  Саидов А.С. унвонҷуён 2 рисолаи докторӣ ва 23 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Муминов Аҳмад Исматович

2342345234Ном насаб: Муминов Аҳмад Исматович

Вазифа: Сарходими илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: Доктори илмҳои фалсафа, дотсент

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва қасбӣ: Муаллифи 3 монографияи илмӣ, 3 воситаи таълимиӣ ва зиёда 100 мақолаҳои илмӣ мебошад

Азимова Момокиз Мировна

2342342534123Ному насаб: Азимова Момокиз Мировна

Вазифа:  ходими пешбари илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Дастовардҳои муҳими  илмӣ ва касбӣ: Дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи: «Национальное действие в условиях социальной трансформаци и экстремальной ситуации» дар соли 2011. Муаллифи 1 монографияи илмӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмии нашршуда дар маҷалааҳои ватанию хориҷӣ мебошад. Айни ҳол ӯ рисолаи доктории худро таҳти унвони: «Типология национального действия: социально-философский анализ» ба анҷом расонида, барои муҳокима пешниҳод намудааст.

Орифҷонова Назира Раҳматҷоновна

1231241Ному насаб: Орифҷонова Назира Раҳматҷоновна

Вазифа:  Ходими калони илмии

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзадии илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими  илмӣ ва касбӣ:  Факултети таърихи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии педагогии  ш. Душанбе  соли  1978 хатм намудам. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Национальная идея таджикского народа как предмет социально-философского анализа»” дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи  А.М. Баҳоваддинови АМИТ дифоъ намудам. 

Муаллифи муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмии нашршуда ва 7 китобу мавоҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ мебошад. 

ОТДЕЛ СОЦИАЛЬНОЙ ФИЛОСОФИИ

В Отделе работают 10 научных сотрудников, из число которых 7 докторов и 3 кандидат наук по специальности 09.00.11 - социальная философия.

1 апреля 1951 году в структуре Академии наук Социалистической Республики Таджикистан был создан Отдел философии как фундаментальная часть общественных наук Академии, и в этом отделе был организован  сектор исторического материализма. Данный сектор был переименован в отдел социальной философии Института философии, политологии и права Национальной академии наук Таджикистана в 1991 году.

В советское время Отдел проводил исследования по следующим направлениям: обоснование теории развития некапиталистического пути таджикского общества, формирование и реализация новых общественных отношений социалистического строительства, взаимосвязь общественного бытия и общественного сознания, закономерности исторического развития и сознательная деятельность людей, снижения различий условия умственного и физического труда и др.

С 1975 по 1980 годы Отдел проводил исследования по теме «Методологические основы исторического сознания и его основные формы», а с середины 80-х годов - «Законы развития социальной структуры рабочего класса в Таджикистане». Государственная независимость и изменения системы общественных отношений стали причиной смены тематики исследований. Сейчас на первый план выходят вопросы теории и истории нации и национальных отношений.

Еще одна актуальная тема - «Традиции и современность в контексте развития процесса солидарности таджикского народа». Результаты исследования по данной проблеме показали, что в сознании таджикского общества тенденция к изменениям не чужда, а ее содержание позволяет в процессе своего обновления ориентироваться на принятие не внешних моделей развития общества, а на основе собственных примеров успешно формулировать перспективы такого процесса.

В последние годы учеными Отдела проведены исследования на тему «Социальный капитал и его роль в построении гражданского общества в Республике Таджикистан» в 2021-2025 гг. Результаты научной работы сотрудников отражены в статьях и монографиях.

Научные сотрудники отдела по данным темам  опубликовали более 80 монографий и научных книг. Результаты данного исследования отражены в следующих обзорах и тезисах:

Идиев Х. У. Трансформирующееся таджикское общество. – Душанбе, 2004; Асадулаев И. К. Экспансия подобия, демократия и Таджикистан. – Душанбе, 2006.; Назаров Р. Образование и глобализация. – Душанбе, 2008.; Шоисматуллоев Ш. Тољикистон дар оинаи пайдарпаї ва ивазшавии наслњо. – Душанбе, 2006.; Њайдаров Р. Љ. Тараќќиёти Тољикистон дар даврони љањонишавї. - Душанбе, 2006.;. Хайдаров Р.Љ. Тоҷикистон дар масири таҳкими Истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. - Душанбе, 2020.; Назаров М. А. (Назар М. А.) Становление нового качества в развитии постсоветского общества. – Душанбе, 2003; Саидов А. С. Социальный капитал: философско-методологический анализ. – Душанбе, 2018.; Шоазимов П. Д. Таджикская идентичность и государственное строительство. – Душанбе, 2003; Ќањњоров Ѓ. Ѓ. Синфи миёна дар Љумњурии Тољикистон: ташаккулёбї ва рушди оянда. Душанбе, 2013.; Орифҷонова Н. Андешаи миллии халқи тоҷик (таҳлили фалсафию иҷтимої) – Душанбе, 2002.; Усмонзода Х. У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият. – Душанбе, 2021. и др.

В отделе функционирует аспирантура, докторантура, магистратура. Отделом заведут кандидат философских наук Абилзода Гуландом Сардор

3123123