Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ
ТАЪРИХИ ШУЪБАИ МАСОИЛИ СИЁСИИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ-и АМИТ) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 бо роҳи муттаҳид кардани Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафа, сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассисаҳои илмии мазкур солҳои зиёд бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ касб намудаанд. Пас аз муттаҳид шудани институтҳои болозикр Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинова низ фаъолияти хешро дар ин ҷода идома дода, ҷалби мутахассисони ҷавон, нашри монографияҳо, мақолаҳои мубрами илмӣ, баргузории конфронсҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин таблиғи донишҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро боз ҳам густурдатар ба роҳ мондааст.
Соли 2017 бо қарори Шӯрои олимони Институт (суратҷаласа № 4 аз 27 апрели соли 2017) бахши масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ба Шуъбаи масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйир дода шуд.
Дар тӯли фаъолияти хеш Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, солҳои 2018-2022 лоиҳаи тадқиқотиро дар мавзӯи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ» ба анҷом расонидааст. Айни замон дар шуъба лоиҳаи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институтҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили рушди устувор ва амнияти миллии он» мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар шуъба 2 доктори илмҳои сиёсӣ, 1 доктори илмҳои фалсафа, 3 номзади илмҳои сиёсӣ ва дигар кормандони илмӣ фаъолият намуда, дар давраи гузашта ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
• Мудири шуъба – Бедилзода Ҳусайн, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент
• Сарходими илмӣ – Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
• Ходими пешбари илмӣ – Қувватзода Сайдулло, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
• Ходими пешбари илмӣ – Саидов Нуралӣ, номзади илмҳои фалсафа.
• Ходими калони илмӣ — Сангинов Нарзулло, номзади илмҳои сиёсӣ.
• Ходими калони илмй — Саидова Фазилат, номзади илмҳои сиёсӣ.
• Ходими илмӣ — Шозедов Хуршед
• Ходими илмӣ – Зиёзода Нодир
• Ходими хурди илмӣ – Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна
• Лаборанти калон — Мамадназарова Азима
Айни замон самти асосии фаъолияти Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ - омӯзиш ва муайян кардани омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин заминаҳои рушди равандҳо ва институтҳои ҳамгироии минтақавӣ, омӯзиши таҷриба ва мушкилоти бунёди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои иштирокчии равандҳои Авруосиё оид ба масъалаҳои рушди минтақавии ҳамгироии ниҳодҳои давлатӣ ва омили устувори амнияти миллӣ мебошад.
Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи амалии лоиҳаҳои илмӣ таҷрибаи кофӣ дошта, барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иқтидори зеҳнии мувофиқ дорад.
- Бедилзода Ҳусайн Кабут
-
Бедилзода Ҳусайн Кабут 13-уми сентябри соли 1969 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаи умумиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳия Восеъ гирифтааст. Аз соли 1986 то соли 1987 дар МПМК ноҳия Восеъ ба ҳайси сохтмончӣ фаъолият кардааст. Адои хизмати низомиашон дар Федератсияи Россия ба солҳои 1988-1989 рост меояд. Аз соли 1987 то соли 1990 донишҷуйи Донишкадаи политехникии шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) буданд. Соли 1991 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) қабул гардида, соли 1996 онро бо мувафақият хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба ҳайси аспиранти аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев дохил шуда, баъди хатми аспирантура соли 1998 масъул оид ба гурӯҳҳои шартномавии донишгоҳ таъин шуда, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ фаъолияти педагогӣ мебарад. Соли 2007 ба вазифаи муаллими калони кафедра мушараф гардида, худи ҳамон сол рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Инкишофи муносибатҳои миллӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя мекунад. Соли 2012 аз тариқи озмун ба вазифаи дотсенти кафедра аз руйи ихтисос гузашта, дар кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ ба фаъолияти педагогӣ машғул мешавад.
Дар солҳои минбаъда собиқаи кории Ҳусайн Бедилзода чунин аст: - Солҳои 2010 -2011 ҷонишини раиси хадамоти сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ;
Солҳои 2011-2012 мудири шӯъбаи тайёрӣ ва репетитории ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
Солҳои 2012-2013 ҷонишини директори Маркази такмили ихтисоси кормандони ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
Солҳои 2013-2014 ҷонишини декани факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф оид ба корҳои таълим;
Солҳои 2014 -2015 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
Солҳои 2016 -2017 сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
Соли 2017 - 2021 мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
Соли 2021-2022 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ:
Соли 2022-2024 - мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Соли 2024 – мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – то ҳол.
- Маҳмадов Абдураҳмон Наврузович
-
аз марти соли 2017 ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 25 июни соли 1958
Ҷои таваллуд шаҳраки Муминобод
Миллат тоҷик
Таҳсилот олӣ
соли 1979 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос муаллими забон ва адабиёти рус, методист.
Унвони илмӣ доктори илмҳои сиёсӣ, профессор узви вобастаи Академияи илмҳо
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ,форсӣ,
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ба «Хизмати шоиста»
Вазъи оилавӣ оиладор
Суроға шаҳри Душанбе кӯчаи Роҳи нав хонаи 235
Кор ва фаъолияти собиқа :
Солҳои 1975-1976
Коргари оддии савхози Муъминободи н.Муъминобод
Солҳои 1977-1979
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Идтиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1979-1984
Донишҷӯи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 1984-1986
Ассисенти кафедраи коммунизми илми Донишгоҳи давлати Кӯлоб
Солҳои 1986-1987
Муҳақиқ-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон
Солҳои 1987-1988
Муаллими кафедраи коммунизми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 1989-1992
Аспиранти Шуъбаи рӯзонаи кафедраи илмҳои иҷтимою сиёси Донишгоҳи давлатии Белоруссия ш.Минск
Солҳои 1992-1997
Муаллими калон, дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор,
сармутахассиси шуъбаи илмии
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 1997-1997
Муаллими калони Колеҷи ҳарбии
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Солҳои 1997-2001
Сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва
тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2006
Ректори Донишкадаи тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон ба номи
С.Раҳимов
Солҳои 2007-2012
Декани факултети фалсафаи Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2015
Машваратчии калон Сардори шуъбаи
амнияти иттилоотӣ пешгӯӣ ва робитаҳои
байналмилалии Дастгоҳи Шӯроӣ амнияти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017
Директор Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ
Солҳои 2017-2019
И.В.Директор Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ
Аз соли 2019 то инҷониб
Сарҳодими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (ҳамчун ҳамкор)
- Саидов Нуралӣ Шамсович
-
Аз феврали 2025 то имрӯз Ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилилии Институти Фалсафа, Сиёсатшиносӣ ва Ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 01 январи соли 1960
Ҷойи таваллуд ноҳияи Темурмалик
Миллат тоҷик
Таҳсилот олӣ
соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Соли 1992 аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси сиёсатшиносӣ хатм кардааст
Ихтисос: фалсафа
Унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Рутба
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ, немисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не
1. Ордени “Ситораи сурх” соли 1986
2. Медали “Барои шуҷоат” соли 1988
3. Грамотаи фахрии Президиуми Совети олии СССР соли 1988
4. Медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2011
5. Медали “Барои таҳкими сулҳ ва ризоият байни халқҳо” соли 2000
6. Медали “За ратную доблесть” соли 2017
7. Медали “Ветеран боевых действй” соли 2022
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1978 - 1983
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Солҳои 1983 - 1985
Муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Солҳои 1985 - 1988
Сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон
Солҳои 1989 - 1992
Аспиранти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 1992 - 1994
Муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Солҳои 1994 - 1995
Муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Солҳои 1995 - 2000
Мудири шуъба ва сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000 - 2001
Мудири шуъбаи робита бо давлатҳои муштаракулманофеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001 - 2007
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Солҳои 2007 - 2010
Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ
Солҳои 2011 - 2020
Узви комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008 - 2023
Котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2023 - 2024
Ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз феврали 2025 то имрӯз
Ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилилии Институти Фалсафа,Сиёсатшиносӣ ва Ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
- Сангинов Назрулло Наимович
-
САНГИНОВ НАЗРУЛЛО НАИМОВИЧ
аз соли 2022 дар мансаби ходими калони шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
*Соли таваллуд: 13 декабри соли 1953 *Ҷои таваллуд: ш.Душанбе (Тоҷикистон)
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*соли 1975, Донишгоҳи Давлатии Милли Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
*Ихтисос: филолог-шарқшинос
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ – 23.00.04.
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, форсӣ,
*Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор
Суроға: шаҳри Душанбе,куч. Айни 88
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:
1970-1975 Таҳсил дар факультети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1975-1979 Тарҷумони забони форсӣ – дарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
1979 – 1980 Сарходими илмии музеи кишваршиносии ба номи К. Беҳзод
1980 – 2008 Хизмати ҳарбӣ дар КДАМ ҶТ.
2008 – 2015 Сардори Раёсати бозрасии техникии ҳифзи иттилооти Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ.
2015 – 2019 Муовини сардори Раёсати таъмини амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати ҶТ.
2019 – 2022 Мудири шуъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
2022 то инҷониб Ходими калони шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ
- Саидова Фазилатмо Сайдамировна
-
*
Аз январи 2019 дар мансаби ходими калони илмии Шуъбаи масоили сиёси муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
*Соли таваллуд 07. 02.1996 *Ҷои таваллуд ноҳияи Муъминобод
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ
*соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи аъло хатм кардааст
*Ихтисос Сиёсатшинос
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ муҷаррад
Кор ва фаъолияти собиқа :
Солҳои 2013-2018 Донишҷӯи ихтисоси Сиёсат ва идораи давлатии Шуъбаи Сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
аз августи 2018 Унвонҷӯи Шуъбаи сиёсатшиносии то ҳол Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов аз рӯи ихтисоси 23.00.02- институтҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ
аз августи 2018 Ходими илмии Шуъбаи онтология ва то январи 2019 гнесеологияи Институти фалсафа, сиёсатшинсӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳовиддинови Академияи илмҳои ҶТ
Аз ноябри 2018 и.в.Нозири калони Шуъбаи кадрҳои Институти то ноябри 2019 фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ
Аз январи 2019 Ходими калони илмии Шуъбаи масоили сиёсии то ҳол муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ
- Зиёзода Нодири Идибег
-
Аз соли 2022 дар мансаби ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ кор мекунад.
*Соли таваллуд 27.08.1990
*Ҷойи таваллуд ш. Ваҳдат
*Миллат тоҷик
*Маълумот олӣ Соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
*Ихтисос сиёсатшинос
*Унвони илмӣ -
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ, (бо луғат)
*Вакили халқ ҳаст ё не –
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не -
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Суроға: шаҳри Ваҳдат ҷ. Баҳор, деҳаи Шаҳристон.
*КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА
Солҳои 2010-2015
Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2021
Аспиранти кафедраи “Равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз соли 2022 то ҳоло
Ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
- Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна
-
аз сентябри 2018 дар мансаби ходими илмии Шуъбаи масоили сиёси муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
*Соли таваллуд 27. 12.1990
*Ҷои таваллуд ш.Кулоб
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ
*соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи аъло хатм кардааст
*Ихтисос Сотсиолог
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не *Вазъи оилавӣ оиладор
*Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Роҳи нав хонаи 235
Кор ва фаъолияти собиқа :
Солҳои 2008-2013
Донишҷӯи ихтисоси ҷомеашиносии
факултети фалсафаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Солҳои 2013 - 2019
Аспирати бахши сиёсатшиносии ДМТ
Солҳои 2017-2018
Ходими илмии Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшинсӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ
Аз соли 2018 то инҷониб
ходими илмии Шуъбаи масоили сиёси муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон
- Мамадназарова Азима Рушоновна
-
Аз июни соли 2021 дар мансаби лаборанти калони илмии Шуъбаи масоили сиёси муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад.
*Соли таваллуд 11.02.2000
*Ҷои таваллуд н. Рушон. ВМКБ
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ
*соли 2017-2021 Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
*соли 2021-2023 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро (рӯзона)
хатм кардааст.
*Ихтисос Дипломат; Сиёсатшинос
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ, хитоӣ,форсӣ.
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ муҷаррад
*Суроға шаҳри Душанбе, н. Сино. к. Ҳабиб Юсуфӣ.х-1 А
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:
Солҳои 2017-2021
Донишҷӯи факултети таърих ва муносибатҳои байналмиллали
Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон Ихтисоси Дипломат
Солҳои 2021 - 2023
МагистрантиШуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ – и АМИТ Ихтисоси Сиёсатшинос
Аз июни соли 2021
Лаборанти калони илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа Сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Аз январи соли 2024 то сентябри соли 2024
Ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа Сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Аз феврали соли 2024
Унвонҷуи Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа Сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ