Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ 15.04.2026
15 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони навтаини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
15 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони навтаини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, 14 апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқон доир гардида, дар он масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ ва равандҳои муосири сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, 9 апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Илмат ба амал чу ёр гардад...» бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва ҷавонони илмдӯст баргузор гардид.
Семинари мазкурро муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти илмро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва нақши онро дар таҳкими маърифати миллӣ махсус таъкид намуданд.
Дар доираи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” санаи 07 апрели соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмиву назариявӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон баргузор гардид.
Конференсияро Муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, зимни сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар рушди тафаккури илмӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқон махсу
Имрӯз 3-уми апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами сотсиологияи муосир дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсия ба фаъолияти узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор Шоназар Шоисматуллоев бахшида шуда, муҳаққиқону олимони соҳаҳои гуногуни илмро гирди ҳам овард.
31 марти соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласа шинос намуда, ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Бо фарорасии ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳамчун рамзи эҳёи табиат, тозагии маънавӣ, навсозии зиндагӣ ва оғози марҳилаи тоза дар ҳаёти инсон шинохта мешавад, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ фазои идона ва саршор аз шодию нишот ҳукмфармо гардид.
Ба ифтихори ин ҷашни фархунда мусобиқаи варзишии зеҳнӣ аз намуди шоҳмот ва шашка баргузор карда шуд, ки ҳадафи он таҳкими неруи зеҳнӣ, густариши фарҳанги варзиш ва баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон буд.