Skip to main content
Навид

КОМЁБИИ НАВ ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи илмии Шукурзода Саодат Нусратулло барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.2. «Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ» баргузор гардид.

Навид

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея 15.09.2026

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Навид

ИШТИРОКИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ ДАР МАҶАЛЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Корманди муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора, дар фаъолияти маҷаллаи байналмилалии илмӣ-амалии «In the World of Science and Education» иштирок намуда, соҳиби сертификати иштирок гардид.

Сертификат аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «ENDLESS LIGHT in SCIENCE» дар шаҳри Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон, пешниҳод гардидааст.

Навид

Иштироки кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд 07.09.2026

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.

Навид

ҚАДРШИНОСИИ ШОИСТАГӢ ҶИЛОИ МЕҲНАТ, САДОҚАТ ВА РИСОЛАТ!

Дар масири пурпечутоби зиндагӣ лаҳзаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳаммияти онҳо аз доираи як ҷоиза, медал ё ҳуҷҷати расмӣ фаротар меравад. Чунин лаҳзаҳо бозтоби роҳи тайшуда, заҳмати содиқона, масъулияти касбӣ, садоқат ба рисолати инсонӣ ва хизмат ба ҷомеа мебошанд.
Навид

Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд 07.09.2026

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.

Навид

ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

4 сентябри соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тағъйирпазирии системаи сиёсии ҷомеа ва таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба он», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Subscribe to Навид
23121