Skip to main content
Навид

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ИЛМИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имруз 19.05.2026 ходими илмии шӯъбаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зоҳири Сайфулло рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фалсафӣ–фарҳангии Наврӯз» дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–089-и назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Самиев Бобоҷон бо муваффақияти баланд дифоъ намуд.

Рисолаи мазкур ба яке аз муҳимтарин арзишҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик Наврӯз бахшида шуда, дар он муҳаққиқ бо диди илмӣ ва таҳлили амиқи фалсафӣ моҳият, ҷойгоҳ в

Навид

Иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ 19.05.2026

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷасати фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Навид

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони навва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Тавре зикр гардид, ин санад бо шиори зерин амал хоҳад дошт: «Дӯстӣ - абадан, душманӣ - ҳеҷ гоҳ”.

Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:

Навид

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Навид

Мулоқот бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан 12.05.2026

 

12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Навид

Сарфарозгардонии Пешвои миллат бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо роҳбарият ва донишҷӯёни донишгоҳ 12.05.2026

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд.

Навид

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ 12.05.2026

Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро “яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ” номида, таъкид доштанд: “Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем”.

Навид

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин 11.05.2026

11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд.

Subscribe to Навид
23121