16 НОЯБР - РАМЗИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН
Барои мардуми тоҷик санаи 16 ноябр дорои аҳаммияти хоссаи таърихӣ ва сиёсӣ буда, ин аҳаммиятро метавон дар заминаи чанд омили асосӣ шарҳ дод.
Аввалан, маҳз 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии давраи пасошӯравӣ ва ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ самти минбаъдаи рушди давлатдории Тоҷикистонро муайян намуд.

Андешаҳо дар мавриди мазмун, таркиб ва хусусиятҳои Қонститутсия дар ҷаҳон хеле