Skip to main content
Навид

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар

21.04.2026

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Навид

МАГИСТРАНТИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГАРДИД

Боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки магистранти институт Назришоева Тахмина барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2025–2026 гардид.

Ин дастоварди арзишманд самараи заҳмати пайваста, саъю кӯшиши мунтазам ва фаъолияти пурсамари илмии номбурда ба шумор рафта, аз қобилияти баланди илмӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолнокии ӯ дар самти таҳсилу таҳқиқот шаҳодат медиҳад.

Навид

ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, 14 апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқон доир гардида, дар он масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ ва равандҳои муосири сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Навид

ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бо ташаббуси шуъбаҳои сотсиология ва фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуда, бо маърузаҳои илмии худ доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир баромад карданд.

Навид

ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, 9 апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Илмат ба амал чу ёр гардад...» бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва ҷавонони илмдӯст баргузор гардид.

Семинари мазкурро муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти илмро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва нақши онро дар таҳкими маърифати миллӣ махсус таъкид намуданд.

Subscribe to Навид
23121