Skip to main content

ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, 9 апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Илмат ба амал чу ёр гардад...» бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва ҷавонони илмдӯст баргузор гардид.

Семинари мазкурро муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти илмро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва нақши онро дар таҳкими маърифати миллӣ махсус таъкид намуданд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти робитаи илм бо амалия ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи семинар раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Зиёев С.Н. дар мавзуи «Маркази байналмилалии Наврӯз – рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон» маърӯза намуда, нақши Наврӯзро ҳамчун падидаи муҳими фарҳангӣ дар муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шарҳ дод.

Сипас, ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанг Зоҳири Сайфулло дар мавзуи «Илмат ба амал чу ёр гардад...» андешаҳои ҷолиб иброз намуда, зарурати пайванди дониш бо амалро дар рушди шахсият ва ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, ходими илмии Маркази синошиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Рамазониён Аҳтам дар мавзуи «Робитаи нафс бо мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино» баромад намуда, дидгоҳҳои фалсафии Ибни Синоро оид ба таъсири мусиқӣ ба ҷаҳони маънавии инсон мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамчунин, раиси Шурои олимони ҷавони Институт Содиқова Зарангез дар мавзуи «Неруи маънавии олимони ҷавон кафили ояндаи дурахшони илми тоҷик» баромад намуда, саҳми ҷавононро дар пешрафти илм ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар таъкид кард.

Дар идома, ҳамоҳангсози кор бо магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институт Ситора Абдулмуминзода дар мавзуи «Саҳми занон дар рушди илм: баррасии таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон» маъруза намуда, нақши муассири занонро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм мавриди таҳлил қарор дод.

Дар анҷоми семинар миёни иштирокдорон мубоҳисаҳои судманд сурат гирифта, таъкид шуд, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ барои густариши тафаккури илмӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандӯзӣ ва таҳкими ҷойгоҳи илм дар ҷомеа аҳаммияти бузург доранд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123