ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ
Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Бедилзода Ҳусайн Кабут рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Манфиатҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва стратегияҳои мутобиқсозӣ ба муҳити геополитикии минтақа» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Мушовири илмии рисола доктори илмҳои фалсафа Хидирзода М.У. мебошад.
Рисолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсатшиносии муосир - манфиатҳои миллӣ, равандҳои геополитикӣ ва стратегияҳои мутобиқсозии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муҳити тағйирёбандаи минтақавӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз равишҳои илмӣ омилҳои таъсиррасон ба манфиатҳои миллии давлатҳои минтақа, хусусиятҳои муҳити геополитикӣ ва роҳҳои мутобиқсозии стратегияҳои сиёсиро таҳлил намуда, ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди минтақавиро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Ҳимояи бомуваффақияти рисола натиҷаи заҳмати пайгирона, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фаъолияти самараноки таҳқиқотии муҳаққиқ буда, барои рушди таҳқиқоти сиёсатшиносӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои геополитикии Осиёи Марказӣ аҳамияти илмӣ дорад.
Аҳли кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Бедилзода Ҳусайн Кабутро ба ин дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик намуда, барояш дар идомаи фаъолияти илмӣ, таҳқиқоти наву арзишманд ва расидан ба қуллаҳои баланди дониш комёбиҳои рӯзафзун орзуманданд.
