Skip to main content

ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ОМИЛИ ТАҲКИМИ СУБОТУ ҲАМБАСТАГИИ ҶОМЕА

Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, таҳти унвони «Пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи Тоҷикистон: чанбаҳои иҷтимоӣ-фалсафӣ» ба нашр расид.

Асари мазкур ба таҳлили иҷтимоӣ-фалсафии ифротгароӣ ва терроризм, омилҳои пайдоишу густариш ва роҳҳои пешгирии онҳо бахшида шуда, нақши маърифат, фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамкории ҷомеаро дар таҳкими суботу амнияти иҷтимоӣ баррасӣ менамояд.

Нашри ин монография саҳми арзандаи роҳбарияти Институт дар таҳқиқи масъалаҳои мубрами ҷомеа ва рушди тафаккури илмӣ буда, барои олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён манбаи муҳими илмӣ ба ҳисоб меравад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121