Skip to main content

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАВЛОНО ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

29 сентябри соли 2026 дар Маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ» бахшида ба баргузории «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027–2036) ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.

Конференсияи мазкур ба омӯзиш ва баррасии мероси гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, андешаҳои сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи ӯ, инчунин нақши таълимоти Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва таҳкими муносибатҳои неки инсонӣ бахшида мешавад.

Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ, омӯзгорон ва аҳли фарҳанг иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми марбут ба мероси фалсафию ахлоқии Мавлоно, ғояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, инсондӯстӣ ва нақши осори ӯ дар тарбияи маънавии наслҳои имрӯз мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамоиш бо сухани табрикии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз гардида, дар суханронӣ аҳамияти бузурги мероси илмӣ, адабӣ ва маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар густариши ғояҳои сулҳ, дӯстӣ, инсондӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид гардид. Зикр шуд, ки андешаҳои созанда ва сулҳҷӯёнаи Мавлоно ҳамчун ҷузъи арзишманди тамаддуни тоҷикон дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва муколамаи байнифарҳангӣ аҳамияти хос доранд.

Сипас, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, баргузории чунин ҳамоишро қадами муҳим дар самти омӯзиши амиқи мероси фалсафӣ ва маънавии Мавлоно арзёбӣ намуданд.

Ҳамчун таъкид гардид, ки таълимоти Мавлоно бо ғояҳои сулҳ, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, муҳаббат ба инсон ва эҳтироми арзишҳои маънавӣ пайванди ногусастанӣ дошта, омӯзиши онҳо дар шароити имрӯза барои таҳкими фарҳанги сулҳ ва ташаккули ҷаҳонбинии созанда аҳамияти вижа дорад.

Дар идомаи суханронӣ профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод таъкид намуданд: «Мавлоно бо қудрати сухан ва умқи андеша нишон дод, ки роҳи сулҳ аз таҳаммул, маърифат, худшиносӣ ва эҳтироми инсон оғоз меёбад. Аз ин рӯ, омӯзиши мероси ӯ на танҳо бозгашт ба гузаштаи пурғановати маънавӣ, балки дарёфти паёмҳои созанда барои имрӯз ва фардои ҷомеа мебошад».

Дар бахши илмии конференсия як қатор маърузаҳои илмӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷумла, муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ ба номи А. Баҳоваддинов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед дар мавзуи «Масъалаҳои ҷанг ва сулҳ дар таълимоти Мавлоно», доктори илмҳои фалсафа, профессор Холмуминов Чафари (Ӯзбекистон) дар мавзуи «Шуҳрати Мавлоно дар Ӯзбекистон», доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадҷонова М.Т. дар мавзуи «Фалсафаи сулҳ ва мадоро дар пешниҳоди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Холиқзода Х. дар мавзуи «Ҷойгоҳи зан аз дидгоҳи Мавлоно» ва номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Аҳтам дар мавзуи «Фалсафаи инсондӯстии Мавлоно – бунёди афкори сулҳу мадоро» маърузаҳои илмӣ ироа намудаанд.

Зимни конференсия ҷанбаҳои гуногуни таълимоти Мавлоно, аҳамияти андешаҳои сулҳҷӯёнаи ӯ ва нақши осори бузурги шоир ва мутафаккир дар таҳкими арзишҳои инсонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фарҳанги сулҳ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Таъкид мегардад, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои омӯзиши амиқи мероси фалсафию адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, таҳкими муҳити илмӣ, густариши таҳқиқоти фалсафӣ ва муаррифии аҳамияти ғояҳои сулҳҷӯёнаи ӯ барои наслҳои имрӯз ва оянда заминаи муҳим фароҳам меорад. Мероси Мавлоно ҳамчун сарчашмаи муҳими андешаҳои инсонпарварона ва сулҳҷӯёна метавонад дар таҳкими арзишҳои маънавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва рушди фарҳанги ҳамзистии осоишта нақши муҳим дошта бошад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121