Тарбияи кадрҳои илмии насли нав: таҳлили раванди аттестатсияи докторантон
Имрӯз, 23 сентябри соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аттестатсияи докторантони PhD баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти институт ва масъулони бахшҳои марбута иштирок намуданд. Дар рафти аттестатсия фаъолияти илмию таҳқиқотии докторантон, раванди омодасозии диссертатсияҳо, натиҷаҳои бадастомада ва иҷрои нақшаҳои инфиродии онҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт. Докторантон доир ба корҳои илмии анҷомдодаи худ гузориш доданд.
Сипас, аз ҷониби роҳбарият ва коршиносони соҳа ҷиҳати босифат ба итмом расонидани диссертатсияҳо ва идомаи фаъолияти илмӣ тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.Аттестатсия дар фазои кориву созанда ва мувофиқ ба талаботи муқарраршуда гузашт.
