Skip to main content

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД

25 сентябри соли 2026, дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои муҳими мавриди баррасӣ қарордошта шинос намуд.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва ташкилии Институт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи муҳокима ва тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои номзадии магистратон, унвонҷӯён, докторантони анъанавӣ ва докторантони PhD, инчунин роҳбарони илмии онҳо баррасӣ гардид.

Ҳамзамон, оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институт дар нуҳ моҳи соли 2026 ҳисобот пешниҳод гардида, дастовардҳо, самтҳои асосии корҳои анҷомдодашуда ва масъалаҳои марбут ба идомаи фаъолияти илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, рафти корҳои илмӣ дар самти бандҳои дахлдори Стратегия, аз ҷумла банди 96 - «Аз афкори мантиқии мутафаккирони классикӣ аз бостон то замони муосир» ва банди 98 - «Давлати дунявӣ ва масъалаҳои озодии виҷдон: таҷрибаи Тоҷикистон», баррасӣ гардид.

Инчунин, аъзои Шуро масъалаи тавсия барои нашри монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои мақолаҳо ва дигар маводи илмӣ-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар шуъбаҳои Институт баррасӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, густариши корҳои илмӣ ва ба роҳ мондани чорабиниҳои илмӣ-таҳлилӣ пешниҳодҳои дахлдор ироа гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ба масъулони сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии масъалаҳои баррасишуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121