Skip to main content

ИСТИҚЛОЛ: ДИДГОҲ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ

Дар монография натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки ходимони илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги Иниститути фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар доираи мавзуи панҷсола зери унвони «Фарҳанги муосири тоҷик» андар боби «Истиқлол: дидгоҳ ва дурнамои рушди иҷтимоӣ» ба даст оварданд, инъикос ёфтааст.

Мавзуҳои баррасӣ ва таҳқиқшудаи монографияро масоили истиқлоли миллӣ ва нақши он дар ташаккули фарҳанги ориёӣ; истиқлол ҳамчун замина барои рушди ҳамаҷонибаи шахс ва ҷомеа; ҷомеаи иттилоотӣ ва таъсири он дар ташаккул ва таҳаввули арзишҳои фарҳангии ҷомеаи муосири тоҷик; эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ дар ташаккул ва густариши фарҳанги миллӣ ва таҳаммулпазирӣ ҳамчун арзиши фарҳангӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Чи тавре, ки дар монография зикр гардидааст, тоҷикон, таърихан мардуми фарҳангофар ва тамаддунсоз буданд ва ин рисолатро имрӯз низ идома медиҳанд. Бахусус, дар давраи истиқлол таваҷҷуҳ додан ба эҳё ва таҳаввули арзишҳои фарҳанги миллӣ аз масоили мубрами доираҳои илмӣ қарор гирифтааст, ки муҳаққиқон вобаста ба самти пажӯҳиш хусусиятгириҳои мавзуи мазкурро баррасӣ ва таҳқиқ мекунанд.

Таҳқиқоти мазкур низ бевосита ба баррасӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ, роҳ ва усулҳои муваффақ гаштанро ба истиқлоли фарҳангӣ бозгӯӣ мекунад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки мо дар ҷаҳони имрӯза фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлоли давлатӣ мебошад. Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст.

Дар робита бо ин, ходимони илмии шуъба дар доираи мавзуи илмии панҷсола “Фарҳанги имрӯзи тоҷик” масъалаи истиқлол: дидгоҳ ва дурнамои рушди иҷтимоиро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд. Махсусан, олими соҳибтаҷриба Н.Раҳматуллоев ба пажӯҳиши ҷанбаи таърихии ташаккули тафаккури истиқлолхоҳӣ – нақши фарҳанги ориёӣ дар ташаккул ва таҳаввули андешаи миллӣ таваҷҷуҳ дода, арзишҳои фарҳанги ориёиро заминаи асосии расидан ба истиқлоли фарҳангӣ мешуморад.

Ходими калони илмӣ З.И.Зиёева ба таҳқиқи мавзуи “Истиқлол ҳамчун замина барои рушди ҳамаҷонибаи шахс ва ҷомеа” мароқ зоҳир карда, истиқлолро сарчашмаи ташаккули андешаи миллӣ ва рушди ҳаматарафаи шахсият мешуморад. Ҷанбаи асосии кори пажӯҳишии Б.Ҷ.Самиевро илман асоснок кардани нақши ҷомеаи иттилоотӣ ва таъсири он дар ташаккул ва таҳаввули арзишҳои фарҳангии ҷомеаи муосири тоҷик ташкил медиҳад.

Мутахассиси шуъба С.Т.Назарзода ба омӯзиш ва таҳқиқи мавзуи “Таҳаммулпазирӣ ҳамчун арзиши фарҳангӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон” таваҷҷуҳ дода, аз ҷониби ходими хурди илмӣ Зоҳири Сайфулло мавзуи “Эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ дар ташаккул ва густариши фарҳанги миллӣ” таҳқиқ карда шуд, ки он бешак барои миллати тоҷик яке аз дастовардҳои арзишманди давраи истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123