Skip to main content

КИТОБИ ТОЗАНАШРИ “ФАЛСАФА ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ”- БАРОИ ДОНИШҶӮЁН, УНВОНҶӮЁН ВА ДӮСТДОРОНИ ИЛМИ ФАЛСАФА

123
Бояд ёдовар шавем, ки олимони Иниститути фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар рушди илмҳои фалсафа саҳми боризи худро гузоштаанду мегузоранд ва китоби навбатие, ки аз нашр баромад, далели ин гуфтаҳост ва китоби мазкурро олимони шинохтаи риштаи фалсафа Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, Самиев Бобо Ҷураевич, Назариев Рамазон Зибуҷинович ва Назарзода Саъдуллоҳ Турахон руи чоп овардаанд. Китоб дар бораи дирӯзу имрӯзи илмҳои фалсафа маълумоти муфассалу илмӣ медиҳад.

Муаллифони китоб бар ин назар ҳастанд, ки фалсафа илмест, ки ҷавҳари худ омўзиши инсонро гузошта, масоили куллии њастиро меомўзад, алоқамандӣ ва тафовути байни қонунҳои табиатро аз қонунҳои ҷамъият илман асоснок менамояд ва ба тамоми мафҳумот аз ҷињати илмӣ таъриф медиҳад. Аз ин рӯ, машғул шудан ба омӯзиши фалсафа ба инсон тарзи муносибати бошууронаро нисбат ба зуњуроту падидањои табиату ҷомеа, ақлонӣ баровардани ҳукмро ташаккул дода, дониши илмиро тақвият мебахшад. Имкон медиҳад, ки дӯстдори фалсафа вобаста ба марҳилаҳои рушди афкори фалсафӣ маърифати заруриро оид ба идеяи донишмандон роҷеъ ба масоили ҳастишиносӣ ва маърифатпазирии олам бардошт намояд, маҳорату малакаи илман шарҳу тавзеҳ додани мафҳумҳо ва категорияҳои бунёдиро пайдо намояд, хусусиятгирињои андешаҳои фалсафии мутафаккиронро оид ба масоили баррасишаванда ҷудо карда тавонад, роҳ ва усулҳои таҳқиқи мавзуъро дар мавриди зарурӣ мавриди истифода қарор диҳад, бавижа доир ба аҳвол, афкору осор ва тамоилгирии андешаҳои фалсафии мутафаккирони тоҷик, ки имрӯз заминаи муҳимми ташаккули андешаи миллӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон гаштаанд, маълумоти дақиқро пайдо кунад.

Бинобар ин, китоби «Фалсафа дар масири таърих» - дар баробари сарчашмаҳои муътамади таърихии бешумор, таҳқиқоти бунёдии муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, китобҳои зиёди дарсии марбут ба бахшҳои фалсафа таҳия ва ба нашр расида, аз зумраи маводе маҳсуб меёбад, ки барои ташаккули тафаккури фалсафӣ, андешаи илмӣ, бардошти дониши боэътимод, дарёфти роҳу усулҳои таҳқиқи масоили омӯхташаванда, вусъат бахшидани хотираи таърихӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Зеро маводи он дар асоси захираҳои илмии мавҷуда ҷамъоварӣ, коркард ва ба низом дароварда шуда, мураттаб гаштааст.

Мундариҷаи китоби «Фалсафа дар масири таърих» тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи таълими илми фалсафа тартиб дода шуда, дар он принсипи низомнокӣ доир ба ҷо ба ҷо гузории масъалаҳои баррасишаванда вобаста ба марҳилаҳои рушди афкори фалсафӣ, ки понздаҳ қисмро дар бар мегирад, риоя гардидааст. Ин услуб агар аз як тараф, ба хонанда омӯзиши давра ба давраи донишҳои фалсафиро талқин намуда, тафаккури фалсафии онҳоро аз сатҳи номукаммал ба мукаммал барад, аз тарафи дигар, бо матн мувофиқ кардани аксҳо онҳоро ба ҳаёти инфиродӣ ва тарзи зиндагӣ (вобаста ба марҳилаҳои гуногуни таърихӣ)-и мутафаккирон шинос менамояд.

Қисми якуми китоби мазкур хонандаро бо омӯзиши фалсафа, мавзуъ, мақсад, вазифа ва методҳои он, муайян кардани алоқамандӣ ва тафовути байни ҷаҳонбинии фалсафӣ аз шаклҳои дигари таърихии ҷаҳонбинӣ ҳидоят менамояд. Дар қисм дуюм масъалаи пайдоиш, рушди афкори фалсафӣ, тамоилгирии андешаҳои намояндагони мактабҳои фалсафии аҳди қадим: Ҳинд, Чин, Эрони бостон ва Юнони қадим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Қисми сеюми китоб ба таҳқиқи фалсафаи асрҳои миёна, ба омӯзиши афкору ақоид, мактабҳои фикрӣ ва намояндагони барҷастаи Аврупои асримиёнагӣ ва Шарқи исломӣ бахшида шудааст. Рушди афкори фалсафӣ ва тамоилгирии он дар давраи Эҳё, хусусан таҳқиқи ҷаҳонбинии илмии Н.Коперник, Ҷ.Бруно ва Г.Галилей масоили баррасишавандаи қисми чоруми Донишномаи мазкурро ташкил медиҳад.

Қисми панҷуми мавод ба таҳқиқи дастовардҳои фалсафии замони нав, ки давраи таъсиси мактаби таҷрибагароӣ (Ф.Бэкон) ба ҳисоб меравад, бахшида шудааст. Инчунин, таваҷҷуҳи зарурӣ ба таҳлили андешаҳои ақлгароии Р.Декарт, эҳсосгароии Ҷ.Локк, моддигароии Т.Гоббс ва пантеистии Б.Спиноза дода мешавад. Мавзуи меҳварии қисми шашум таҳқиқ ва таҳлили афкори фалсафӣ ва агностикии И.Кант, идеализми объективии Г.В.Гегел ва фалсафаи антропологии Л.Фейербах мебошанд.

Дар қисми ҳафтум доир ба пайдоиш ва рушди фалсафаи маорифпарварӣ дар Аврупо, Россия ва Осиёи Миёна маълумот дода шуда, тамоилгирии он вобаста ба вазъи иҷтимоиию сиёсии давр дар Аврупо, Россия ва Осиёи Миёна нишон дода мешавад. Бавижа, оид ба пайдоиш ва ташаккули мактаби маорифпарварии Аҳмади Дониш ва ҳамфикрони ӯ, таъсири афкори онҳо дар ташаккули ҷунбиши ҷадидия ва дурнамои рушди он мароқ зоҳир карда шудааст.

Қисми ҳаштуми китоби мазкур бошад, ба мушаххас кардани сарчашмаҳои иҷтимоӣ, манбаҳои назариявӣ, асосҳои илмии пайдоиши маркзсизм ва таҳлили афкори намояндагони барҷастаи он: К.Маркс, Ф.Энгелс ва В.Ленин бахшида шуда, дар қисми нуҳум равияҳои фалсафаи аврупоии нимаи дуюми асри XIX ва асри XX, аз ҷумла: ирратсионализм, позитивизм ва неопозитивизм, постпозитивизм, прагматизм, феноменология, экзистенсиализм, герменевитика, структурализм ва постмодернизм маврди омӯзиш қарор мегиранд.

Қисми даҳуми маводи мазкур ба масъалаи рушди мактаби фалсафӣ дар Тоҷикистони шуравӣ ва давраи Истиқлолият бахшида шудааст. Дар ин қисмат мураттибон кӯшиш ба харҷ доданд, ки саҳми файласуфони тоҷикро дар аҳди шуравӣ ва давраи Истиқлолият, ки дар таъсис ва рушди мактаби фалсафии тоҷик, таҳқиқ ва муаррифии осори файласуфони гузашта, ки ҳар кадом дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи намоёни худро доранд, муайян намоянд.

Аз ин рӯ, вобаста ба омӯзиш ва тамоилгирии афкор дар ин қисмат нақши бештари файласуфони замони муосири тоҷик, ки дар таҳқиқи масоили фалсафӣ саҳми намоён гузошта, айни замон таҳқиқоти онҳо пурра барои хонанда дастрас намебошанд, пешниҳод карда шудааст. Инчунин, тасмим гирифта мешавад, ки оянда дар доираи китоби алоҳида саҳми файласуфони муосири тоҷик, аз ҷумла он нафароне,ки ном ва самти корҳои таҳқиқотиашон дар Донишномаи мазкур дарҷ наёфтааст ба таври муфассал мавриди арзёбӣ қарор хоҳад гирифт.

Қисматҳои ёздаҳум, дувоздаҳум, сездаҳум, чордаҳум ва понздаҳуми «Фалсафа дар масири таърих» ба таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои назарии фалсафа ва рушди он дар замони муосир дар шакли мактабҳои фикрӣ ва намояндагони маъруфи онҳо бахшида шудааст. Ин қисматҳо масъалаҳои муҳимтарини ҳастишиносӣ (онтологӣ), маърифатшиносӣ (гносеология), илм ва донишҳои илмӣ, антропологияи фалсафӣ, фалсафаи табиат, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи фарҳанг, фалсафа ва дин, ояндабинӣ ва масоили глобалии замони муосирро дар бар мегиранд.

Китоби «Фалсафа дар масири таърих» мувофиқи талаботи стандарти давлатии илм ва таҳсилот барои муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Мақсади он мусоидат намудан баmташаккули тафаккури фалсафӣ, рушди донишҳои фарҳангӣ ва вусъат бахшидани хотираи таърихии хонандагон мебошад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123