СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РӮЗИ ҒАЛАБА – РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД!
Имрӯз 07.05.2026 сол дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоат ва ифтихори ватандорӣ” баргузор гардид.
Семинари мазкур аз ҷониби муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ гардид. Дар сухани ифтитоҳии худ ӯ аҳамияти таърихӣ ва иҷтимоии Рӯзи Ғалабаро махсус таъкид намуда, онро яке аз падидаҳои муҳими тарбиявӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстии ҷомеа арзёбӣ намуд.
Ҳадафи асосии баргузории семинар таҳлили амиқи ҷойгоҳи Рӯзи Ғалаба дар таърих, омӯзиши саҳми мардуми сулҳдӯст дар таъмини пирӯзӣ бар фашизм, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба хотираи таърихӣ ва нақши он дар тарбияи наслҳои нав ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҷанбаҳои илмӣ ва назариявии мавзуъ аз дидгоҳи муҳаққиқон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти семинар олимону муҳаққиқони Институт бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доир ба масъалаҳои гуногуни марбут ба таърихи Ғалаба, саҳми мардуми тоҷик, аҳамияти маънавию ахлоқии он ва нақши хотираи таърихӣ дар рушди ҷомеа андешаҳои илмии худро иброз доштанд.
Зикр гардид, ки омӯзиши таърихи Ғалаба ва нигоҳдории хотираи он барои таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳои илмӣ дар рушди таҳқиқоти фалсафӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва тақвияти андешаи миллӣ нақши муассир доранд.
Дар анҷоми семинар баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои идомаи таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии илмии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
