Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ РАВАНДИ СИЁСИШАВИИ ДИН ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони "Раванди сиёсишавии дин ва хатари он ба ҷомеа" бо иштироки васеъи магистратурон ва докторантон аз рӯи ихтисос PhD доир гардид.

Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор, муҳаққиқи хориҷии Институт бо гузориши илмӣ баромад намуд. Ҳамзамон, муҳаққиқон номзади илмҳои педагогӣ С.Абдумуминзода ва коршинос Н.Нурзода доир ба мавзуъ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар семинар зикр карда шуд, ки ҷавонон, хусусан муҳаққиқони ҷавон аз оқибатҳои сиёсишавии дар бояд бархурдор бошанд ва ҳушёриву зиракиро аз даст надода дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ талош намоянд.

Дар фарҷоми семинар аз ҷониби магистратрон ва докторантон аз рӯи ихтисос PhD саволҳои ҷолиби диққат пешниҳод гардида, семинар бо музокироти илмӣ анҷом дода шуд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121