Skip to main content
Навид

КИТОБИ ТОЗАНАШР

Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Шарқи Озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар ҳаҷми 247 саҳифа монографияи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, корманди ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Абдумуминзода Ситора аз нашр баромад.

Моногрфияи мазкур бо қарори Шурои олимони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмзои Тоҷикистон аз 13. 05.2026 с., таҳти №1514 ба чоп тавсия шудааст.

Навид

МАҶМУАИ МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ АЗ ЧОП БАРОМАД!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҷмуаи маводи Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Сиёсишавии дин ва хатари он ба амнияти фарҳангӣ ва суботи динии ҷомеа» ба табъ расид.

Навид

ХУШХАБАР!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҷмуаи маводи Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлол: дидгоҳ ва дурнамои рушди иҷтимоӣ» ба табъ расид.

Дар маҷмуаи мазкур натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ гирдоварӣ гардида, масъалаҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ, рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар шароити муосир мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтаанд.

Навид

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

29 майи соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмкдизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласа шинос намуда, ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Навид

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «СИЁСИШАВИИ ДИН ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ ФАРҲАНГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имрӯз 26 майи соли 2026 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.
Навид

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ИЛМИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имруз 19.05.2026 ходими илмии шӯъбаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зоҳири Сайфулло рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фалсафӣ–фарҳангии Наврӯз» дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–089-и назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Самиев Бобоҷон бо муваффақияти баланд дифоъ намуд.

Рисолаи мазкур ба яке аз муҳимтарин арзишҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик Наврӯз бахшида шуда, дар он муҳаққиқ бо диди илмӣ ва таҳлили амиқи фалсафӣ моҳият, ҷойгоҳ в

Навид

Иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ 19.05.2026

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷасати фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Навид

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони навва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Тавре зикр гардид, ин санад бо шиори зерин амал хоҳад дошт: «Дӯстӣ - абадан, душманӣ - ҳеҷ гоҳ”.

Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:

Subscribe to Навид
23121