Skip to main content
Навид

Мулоқот бо Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуа 11.05.2026

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шӯрои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бахши бонкӣ, саноат ва соҳаи кӯҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба роҳандозии ҳамкории судбахш алоқамандии худро таъкид доштанд.

Навид

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 11.05.2026

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Навид

ВОХУРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ, ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи амали татбиқи ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар Кохи фарҳанги шаҳр ба номи Олим Бобоев бо намояндагони ҷавонони шаҳр вохурӣ намуд.

Навид

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб 02.05.2026

Шаби гузашта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Кӯлоб боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи он дар шаҳри Кӯлоб 3 кас ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистарӣ карда шуданд.

Навид

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

28 апрели соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласа шинос намуда, ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Навид

Таъиноти нави кадрӣ

1. Нозирӣ Хусрав - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

2. Зубайдзода Зубайдулло - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

3. Ҷунайдулло Ҳамро - муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

4. Бобозода Хуршед - муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

5. Соҳибзода Барно - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио

6. Шарифзода Алӣ - директори Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш

Навид

ТАМОЮЛОТИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТИ ОНТОЛОГИЮ ГНОСЕОЛОГӢ ДАР ФАЛСАФАИ АСРИМИЁНАГИИ ТОҶИК

Имрӯз 21.04.2025, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Тамоюлоти асосии таҳқиқоти онтологию гносеологӣ дар фалсафаи асримиёнагии тоҷик» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии масъалаҳои муҳими онтология ва гносеология дар фалсафаи асримиёнагии тоҷик, таҳлили дидгоҳҳои илмӣ доир ба масъалаҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ, инчунин муайян намудани равандҳои нави таҳқиқоти фалсафӣ дар ин самт ба ҳисоб мерафт.

Subscribe to Навид
23121