КИТОБИ ТОЗАНАШР
Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Шарқи Озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар ҳаҷми 247 саҳифа монографияи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, корманди ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Абдумуминзода Ситора аз нашр баромад.
Моногрфияи мазкур бо қарори Шурои олимони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмзои Тоҷикистон аз 13. 05.2026 с., таҳти №1514 ба чоп тавсия шудааст.
Дар монография натиҷаҳои тадқиқоти васеъ, ки дар давоми як қатор солҳо оид ба проблемаҳои ташаккул додани салоҳияти касбию педагогии китобдори оянда анҷом дода шудаанд, оварда шудааст.
Монографияи мазкур ба масъалаҳои назариявӣ, педагогӣ ва амалии ташаккули ватандӯстӣ ва фарҳанги китобдорӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асар нақши китоб ва дониш ҳамчун омили муҳими тарбияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ ба таври илмӣ асоснок гардидааст.
Муаллиф дар боби дуюм масъалаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ, ташаккули салоҳиятҳои касбӣ ва фарҳанги эҷодии онҳо, инчунин роҳҳои такмили фаъолияти педагогӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро баррасӣ менамояд. Ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, нақши муҳими таҳсилоти китобдорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ нишон дода мешавад.
Дар боби сеюм ҷанбаҳои амалии фаъолияти китобдорӣ, татбиқи навовариҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули одоби касбии китобдорон таҳлил гардидааст. Мафҳум, моҳият ва унсурҳои асосии одоби касбӣ, аз ҷумла одоби муошират ва этикети китобдорӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими фаъолияти касбӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Монография барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, инчунин барои ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод мегардад.
Монография бо дастгирии роҳбарияти Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмњои Тоҷикистон омода шудааст. Монография барои магистрҳо, аспирантҳо, докторантон аз рўи ихтисос (PhD) ва китобдорон, инчунин донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, ки дар соҳаи китобхонашиносӣ, библиография ва иттилоотшиносӣ ихтисос доранд, пешбинӣ шудааст.
