Skip to main content

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ДАВРАИ ЭҲЁ ТО ДАВРАИ ШУКУФОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имрӯз, 23 июни соли 2026 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатӣ: аз давраи эҳё то давраи шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо иштироки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, коршиносон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ баргузор шуда, ба баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангии кишвар бахшида шуд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод оғоз гардида, зимни суханронӣ аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва нақши онро дар рушди илму маориф, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии худшиносии миллӣ таъкид гардид.

Дар қисми илмии конференсия маърузаҳои гуногун пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар мавзуи «Сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои миллат», доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад А.Н. дар мавзуи «Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ», доктори илмҳои фалсафа, профессор Асрорӣ Мирзошоҳрух дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили муҳими рушди Тоҷикистон», номзади илмҳои фалсафа Саидов Н.Ш. дар мавзуи «Дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат», инчунин доктори илмҳои фалсафа, профессор Назар Муъмин дар мавзуи «Нақши худшиносии миллӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» ва Ким В.М. дар мавзуи «Место и роль Ваҳдати миллӣ в укреплении Государстенной независимости Республики Таджикистан» маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён зимни муҳокима масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, нақши истиқлол дар рушди ҷомеа, таҳкими худшиносӣ, густариши арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеаро мавриди таҳлил қарор доданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар таҳкими муҳити илмӣ, рушди таҳқиқоти фалсафию сиёсӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва омӯзиши амиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми назаррас мегузорад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121