Skip to main content

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, УСТОДИ АЗИЗ МИРЗОШОҲРУХ АСРОРӢ!

Кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрориро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва илмӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун ходими давлатӣ, сиёсатшинос, рӯзноманигор ва фарҳангшиноси шинохта дар рушди соҳаҳои фарҳанг, матбуот, радио ва сиёсати давлатӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Масири фаъолияти меҳнатии Мирзошоҳрух Асрорӣ аз омӯзгорӣ оғоз гардида, баъдан бо фаъолияти тарҷумонӣ, рӯзноманигорӣ, таҳриргарӣ ва роҳбарӣ дар соҳаи радио ва фарҳанг идома ёфтааст. Ӯ солҳои гуногун дар вазифаҳои муҳарир, сармуҳаррири барномаҳои ҷавонони Радиои Тоҷикистон, директори барномаҳои Радиои Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, сардори Раёсати телевизион ва радио, мушовири вазир ва роҳбари дастгоҳи кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Таҷрибаи ғании касбӣ, дониши амиқ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва фарҳангӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб ба ӯ имкон доданд, ки дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолияти пурсамар дошта бошад. Аз 1 декабри соли 2006 Мирзошоҳрух Асрорӣ ба вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, дар ин мақоми масъул барои рушди соҳаи фарҳанг ва таҳкими сиёсати фарҳангии давлат саҳми арзанда гузоштааст.

Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар соҳаи фарҳанг ва матбуот бо унвонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.

Мирзошоҳрух Асрорӣ аз зумраи шахсиятҳое мебошад, ки фаъолияти касбии худро ба хизмати ҷомеа, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ бахшидаанд. Роҳи тайкардаи ӯ намунаи равшани фаъолияти содиқона ва масъулиятшиносона дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор меравад.

Имрӯз, ки Мирзошоҳрух Асрорӣ ба синни мубораки 73-солагӣ қадам мегузоранд, кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ ба ӯ сиҳатии комил, неруи тоза, хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва саодати хонаводагӣ орзу менамоянд.

Бигзор таҷрибаи бойи зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари эшон минбаъд низ барои насли ҷавон мактаби ибрат ва масъулиятшиносӣ бошад. Орзумандем, ки солҳои минбаъдаи ҳаёташон саршор аз лаҳзаҳои нек, эҳтироми мардум, дастовардҳои нав ва хушиҳои зиндагӣ бошанд.

Ба Шумо тандурустии бардавом, умри дароз, бахту саодат ва рӯзгори ободу осуда таманно дорем!

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121