ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ҲИФЗ ВА РУШДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯзҳо мо дар арафаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, ки барои мардуми тоҷик як рӯйдоди бисёр муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ба хотири ин ҷашни бузур ободкориҳои зиёд мушоҳида мешавад ва мардум бо як муҳаббати беандоза ба ватани аҷдодии худ дар рушди он саҳм мегузоранд.
