Skip to main content

АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ

213Азбаски соли 1991 ба дунё омадаам, соли 1997, вақте ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ман ҳамагӣ шашсола будам. Аз сабаби хурдсолӣ шояд манзараҳои талхи ҷанги шаҳрвандиро бо чашмони худ надида бошам ва ё маънои воқеии низоъро дарк накарда бошам. Аммо имрӯз, баъд аз гузашти солҳо, хуб мефаҳмам, ки сулҳе, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, ба осонӣ ба даст наомадааст. Манзараҳои онвақтаи ҷангро дар наворҳо назар карда, дарк менамоем ки чи рӯзҳои сангинеро миллати тоҷик паси сар кардааст.

Насли мо дар мактабҳои обод таҳсил кард, дар кӯчаҳои ором бозӣ намуд ва барои ояндаи худ орзуҳо сохт. Мо садои тирро нашунидем, аз тарси ҷанг бедор нашудем ва ин ҳама аз баракати сулҳу ваҳдатест, ки барои он фарзандони фарзонаи миллат заҳмат кашиданд.

Шояд инсон арзиши неъматеро, ки ҳамеша дар ихтиёр дорад, на ҳамеша эҳсос кунад. Аммо вақте имрӯз ба ҳоли кишварҳое назар мекунем, ки дар гирдоби ҷанг, нооромӣ ва низоъ қарор доранд, бештар дарк менамоем, ки сулҳ то чӣ андоза неъмати бузург ва сарнавиштсоз аст.

Маҳз аз ҳамин нигоҳ метавон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки 25 июни соли 2026 бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, арзёбӣ намуд.

Барои бисёре аз кишварҳо сулҳ ҳадаф аст, аммо барои Тоҷикистон сулҳ таҷрибаи зиндагист. Мардуми мо медонанд, ки роҳи расидан ба сулҳ чӣ қадар душвор аст ва маҳз ҳамин таҷриба имкон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз дар минбарҳои байналмилалӣ аз аҳамияти сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ сухан гӯяд.

Ин қатънома танҳо як ҳуҷҷати байналмилалӣ нест. Он идомаи мантиқии роҳи сулҳофаринест, ки аз Ваҳдати миллӣ оғоз гардида, имрӯз ба як ташаббуси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки сулҳро танҳо ҳифз кардан не, балки барои наслҳои оянда таҳким бахшидан зарур аст.

Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар шароите сурат гирифт, ки ҷаҳони имрӯз ҳанӯз ҳам бо ҷангҳо, ихтилофҳои сиёсӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин вазъ ҳар иқдоме, ки мардум ва давлатҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва сулҳу субот даъват мекунад, аҳамияти бузурги сиёсӣ ва инсонӣ дорад.

Барои мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қатънома танҳо мояи ифтихор нест. Он моро водор месозад, ки бештар андеша намоем. Агар насли гузашта сулҳро бо ранҷу машаққат ба даст оварда бошад, пас вазифаи мо чист?

Ба назари ман, ҷавоби ин савол равшан аст. Вазифаи мо ҳифз намудани сулҳ аст. Зеро сулҳ танҳо бо имзои як созишнома таъмин намешавад. Сулҳ аз муносибати ҳаррӯзаи мо оғоз меёбад. Аз эҳтироми якдигар, аз фарҳанги муошират, аз таҳаммулпазирӣ, аз дӯст доштани Ватан ва аз эҳсоси масъулият нисбат ба ояндаи миллат.

Баъзан чунин ба назар мерасад, ки сулҳ ҳамеша вуҷуд дошт ва ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд. Вале таърих нишон медиҳад, ки сулҳ неъмати худ ба худ ҳифз шаванда нест. Агар ҷомеа арзиши онро фаромӯш кунад, метавонад онро аз даст диҳад. Аз ҳамин сабаб, ҳар як насл бояд қимати сулҳро аз нав дарк намояд ва барои пойдории он саҳм гузорад.

Мактаб, донишгоҳ, фаъолият ва орзуҳои мо ҳама дар муҳити орому осуда амалӣ гардиданд. Шояд мо ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ надида бошем, аммо ин маънои онро надорад, ки масъулияти ҳифзи сулҳ аз дӯши мо бардошта шудааст. Баръакс, ҳар қадар аз он рӯзҳо дуртар мешавем, ҳамон қадар вазифадорем, ки таърихро фаромӯш накунем ва арзиши сулҳро ба наслҳои баъдӣ расонем.

Имрӯз ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлат нест. Ин масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар сухани нек, ҳар амали созанда, ҳар иқдоме, ки дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшад, саҳмест дар таҳкими сулҳ. Ҳамзамон, ҳар андешаи ифротӣ, ҳар даъвати кинаву адоват ва ҳар кӯшиши ҷудо сохтани ҷомеа метавонад ба оромии кишвар хатар эҷод намояд.

Аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид танҳо як дастоварди дипломатӣ нест. Ин паёми миллатест, ки худ талхии низоъро паси сар карда, имрӯз дигаронро ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта даъват менамояд. Чунин ташаббусҳо моро водор месозанд, ки боз ҳам бештар ба қадри сулҳ расем ва дар ҳифзи он саҳмгузор бошем.

Ба андешаи ман, агар мо хоҳем, ки наслҳои оянда низ дар фазои амну осоиш зиндагӣ кунанд, бояд имрӯз фарҳанги сулҳро аз оила оғоз намуда, дар муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва тамоми соҳаҳои зиндагӣ густариш диҳем. Зеро сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ маънои зиндагии ором, эҳтироми инсон ба инсон, имконияти таҳсил, меҳнат, эҷод ва зиндагии шоистаро дорад.

Шояд ман соли 1997 хурд будам ва ҳаводиси он рӯзҳоро амиқ дарк намекардам. Аммо имрӯз ҳамчун намояндаи насли соҳибистиқлол хуб мефаҳмам, ки сулҳ танҳо барои як рӯз ё як насл нест...

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, корманди ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121